Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26
28 29 30        

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Қоидаҳо барои муаллифон

Мақолае, ки барои нашр пешниҳод мегардад, бояд бо мактуби муассисае, ки дар он тањќиќот гузаронида шудааст ва пешнињоди аъзоёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  ирсол карда шавад.

Барои муҳокима дастнависҳое қабул карда мешаванд, ки дар барномаи MicrosoftWord, дар варақи сафеди андозааш  А-4, бо фосилаи 1,5 (дар як варақ, 30 сатр бо 60-64 нишона, ҳарфҳои чопии Times New Roman, кегл 14) тайёр карда шудааст.

Ҳаҷми мақола на зиёдтар аз 10 саҳифа, бо матн ва ҷадвал (на зиёдтар аз 3), тасвирҳо (графика, расмҳо, диаграммаҳо, сурат (на зиёдтар аз 3), рӯйхати адабиёт (на зиёдтар аз 10 сарчашма), реферати мақола ва калимаҳои калидӣ бо забонњои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Дар саҳифаи аввали дастнавис, дар боло аз тарафи рости саҳифа  бахши илм, ки мақола ба он мувофиқат мекунад, нишон дода шуда, як сатр поён дар тарафи чап индекси классификатсияи даҳӣ (УДК), дар мобайн-номи мақола, дар зери он ному насаби муаллиф, баъд дар сатри алоҳида мақола аз љониби кадом аъзоёни АИКТ пешниҳод гардидааст, оварда мешавад.

Матн бояд бодиққат таҳрир гардида, дар охир аз љониби ҳамаи муаллифон бо нишон додани ному насаб, унвони илмӣ, вазифаи ишғолнамуда имзо шуда,  нишонӣ, почтаи электронӣ, телефон оварда шавад. Дар охир номи пурраи муассисае, ки дар он таҳқиқот гузаронида шудааст, ќайд мегардад.

Ҳайати таҳририя барои нашр танҳо навиштаҷоти сиёҳу сафедро қабул мекунад. Расмҳо, графика, диаграммаҳо ва суратҳо дар варақи алоҳида бо чопи компютерӣ дар принтери лазерӣ бо иљозати на камтар аз 300 dpi (нуќта дар дюйм), қабул карда мешаванд. Ба ғайр аз ин маводҳо дар файлҳои алоҳида бо андозаи JPEG или TIFF бо иҷозати на камтар аз 300 dpi (нуќта дар дюйм)  пешнињод мегарданд.

Воҳиди андозагирӣ дар асоси низоми байналмилалии СИ оварда мешавад.

Формула ва аломатҳо дар як намуд чоп карда мешаванд. Формулаҳо рақамгузорӣ гардида, њатми ба сатри сурх дохил карда шуда, рақами формула дар қавс аз тарафи рост гузошта мешавад.

Ќайд намудани ҳарфҳои калон ва хурди грекӣ ва лотинӣ, ихтисори калимањо ва ғайра мувофиқи талаботҳои умумӣ, ки барои маљаллањои илмӣ-техникӣ қабул карда шудааст, амалї мегардад. Ҳарфҳо ва аломатҳои душворфаҳм дар дастнавис бояд дар ҳошия ё ин ки замимаҳо нишон дода шаванд.

Дар ҳамаи ҷадвалҳо ва расмњои овардашуда, додани ишора лозим аст. Такрор кардани ин ё он маълумот дар матн, ҷадвал ва  наќша роњ дода намешавад.

Ишораҳо бо истифода бурдани  адабиёт дар қавсҳои чоркунҷа нишон дода мешаванд. Рӯйхати адабиёт дар охири мақола (на ба тарзи ишора) бо гузоштани рақам  вобаста ба ишора намудани он дар матн оварда шуда, бо тарзи зерин тартиб дода мешавад.

Китобҳо: Ному насаби муаллиф. Номи пурраи китоб.-  Љойи чоп: Нашриёт, соли нашр.- Љилд ё ин ки нашр.- Миқдори умумии саҳифаҳо.

Нашриёти даврӣ: Ному насаби муаллиф. Номгӯи мақола// Номгӯи маљалла. -Соли нашр. -Љилд ё Рақам. -Саҳифањои  аввал ва охири мақола.

Ишораҳо ба корҳои чопнашуда иҷозат дода намешавад.

Маблағ барои чоп аз аспирантон талаб карда намешавад.

Ба муаллиф баргардондани дастнавис маънои онро надорад, ки мақола барои нашр қабул гардидааст. Матни ислоњшуда, бо назардошти камбудиҳои пешниҳодгардида, бо дастнависи аввала бозгардонида мешавад ва он бори дигар аз тарафи ҳайати таҳририя баррасї мегардад.

Рӯзи қабули мақола, санаи пешнињоди нусхаи такмилгардидаи он, ба ҳайати таҳририя ҳисобида мешавад.

Дар ”Гузоришҳои АИКТ” аз ҳар як муаллиф на зиёда аз ду мақола дар давоми сол нашр мегардад. Ин қоида ба академикҳо, аъзои вобастаи АИКТ ва дигар академияњо дахл надорад.



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru