Сармуҳаррир

 

 

Асозода Нуралї Мањмадулло   
Сармуњаррири маљаллаи «Гузоришњои АИКТ»,

Президенти  Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон

Аъзои вобастаи АИКТ, доктори илмњои кишоварзї. 

Соли 1965 дар дењаи Шар-Шари Пушинги ноњияи Данѓараи вилояти Хатлони Љумњурии Тољикистон таваллуд шудааст. Соли 1981  мактаби миёнаи №1-и ноњияи Темурмаликро хатм намуда, тањсилро дар совхоз-техникуми ба номи В.В.Куйбешеви ноњияи Бохтар идома дод. Фаъолияти мењнатиашро соли 1984 ба њайси агрономи  Раёсати кишоварзии вилояти Кўлоб оѓоз намуд. Баъдан котиби Комитети комсомоли њуќуќи ноњиявї доштаи совхози «Кангурт»-и ноњияи Темурмалик интихоб гардид. Соли 1985 ба факултети агрономии Донишгоњи аграрии Тољикистон дохил шуда, соли 1990 онро хатм намуда, фаъолияти мењнатиашро дар вазифаи агроном доир ба њифзи растанињои  Раёсати кишоварзии ноњияи Љиликўл идома дод.Солњои 1990-1991-ходими хурди илмї, 1991-1994-аспиранти шуъбаи рўзона, 1994-1997 –ходими калони илмии Институти хокшиносии Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон. 1997-2005- сармутахассис ва сардори Раёсати ѓалла ва хўроки чорвои Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон. 2005- 2013 директори филиали Донишгоњи аграрии Тољикистон дар шањри Данѓара. Дар як ваќт корњои илмию тањќиќотиро идома дода, соли 1997 рисолањои номзадї ва 2012 докториро доир ба илмњои кишоварзї дифоъ намуд. Солњои 2013-2014- муовини директори Маркази миллии  тестї дар назди Президенти Љумњурии Тољикистон, 2014-2016 директори Институти зироаткории Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон, аз апрели соли 2016 президенти Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон таъйин шудааст. Соли 2016 аъзои вобастаи АИКТ интихоб гардид.

           Асозода Н.М. њиссаи арзандаи худро дар рушди илми хокшиносї, агрокимиё   ва зироаткорї гузоштааст. Тањќиќотњои ў доир ба њалли масъалањои баланд бардоштани њосилхезии хок, такмил додани технологияи парвариши зироатњои кишоварзї равона гардидааст. Аз љониби ў усулњои мубориза бо таназзулёбии хок тарњрезї  ва  харитаи эрозияи хоки Љумњурии Тољикистон тартиб дода шудааст. Инчунин меъёрњои истифодаи нурињои минералї дар парвариши зироатњои ѓалладонагию лўбиёї  муайян гардидааст. Дастовардњои  илмии ў бо 4 патент њифз ва  дар истењсолот татбиќ  шудаанд. Муаллифи зиёда аз 80 кори илмї, аз он љумла 4 китоб ва монография, 11 тавсия ва дастурњои методию таълимї мебошад. Зери роњбарии ў 3 аспиранту унвољўй рисолањои илмиро иљро намуда истодаанд.

Бо Ифтихорномаи Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шудааст.

Вазъи оилавї: оиладор, соњиби чор фарзанд.

Тел./ факс: (992 37) 221 70 04,

                                                                 е-mail: аikt91 @ mail.ru; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 



© 2013 - 2018 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru