Ахбори илми кишоварзӣ

 

Конференсияи байналмилалии «Дастовардҳои муосир оид ба селексия ва тухмипарварӣ, технологияи инноватсионии парвариши пахта», 20-21 сентябри с.2019, вилояти Суғд, ш. Гулистон
Конференсияи мазкур дар ҳошияи ҷарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.03.2019, №79 «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агенти беҳдошти замин ва оберии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Сарраёсати кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), олимон аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қазоқистон, муассисаҳои илмии соҳавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони муассисаҳои хизматрасонии агрокимиёвӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, фермерон, хоҷагидорон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур таҷлилу баррасии, дарёфти роҳу усулҳои нави офаридани навъу намуна ва дурагаҳои пахтаи селҳосилу устувор ба касалию дигаргуншавии иқлим, тарҳрезии технологияи инноватсионии парвариши он ва баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироати стратегӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи пахта ва коркард намудани он дар ҷумҳурӣ ва таъмини аҳоли бо ҷои кор мебошад.
Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърузаҳои худ қайд карданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус доир ба беҳтар намудани соњаи пахтапарварӣ ҷарору супоришҳо ва барномаҳои дахлдори соҳа қабул гардида, чорабиниҳо ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ба таври лозимӣ амалӣ гардида, майдон ва ҳосилнокии ин зироати стратегӣ сол аз сол зиёд гашта истодааст.
Мувофиқи таҳлилҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта бояд аз ҷониби корхонаҳои тухмипарварӣ хоҷагиҳо бо тухмиҳои баландсифат саривақт таъмин гардида, барои хариди нурӣ, сузишворӣ ва техникаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳо додани қарзҳои бонкии дарорзмўҳлат бо фоизи паст ва дастгирии давлатӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Конференсия дар натиҷаи баромади олимон ва мутахассисон, барои рушди соҳаи пахтапарварӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- иҷрои қарору супоришҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ба хусус пахтапарварӣ, зиёд намудани ҷои корӣ таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ;
- васеъ намудани таҳқиқотҳои селексионӣ оид ба офаридани навъу намунаҳои пахта ва татбиқ намудани онҳо дар истеҳсолот;
- беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат, ташкили мағозаҳои фурўши тухмӣ;
- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ба низом даровардани нархи хариду фурўши пахта;
- мусоидат намудан барои пурра коркард намудани пахта дар ҷумҳурӣ;
- густариши ҳамкориҳо оид ба масоили рушди соҳаи пахтапарварӣ бо олимону мутахассисони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ;
- бо мақсади ташвиқоту таблиғоти дастовардҳо ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷиҳати истифодаи навъу намунаҳои пахта, бештар ба тасвиб расонидани дастуру тавсияномаҳо;
-оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионии парвариши пахта ташкил намудани вохўриҳо ва гузаронидани конференсияю семинар, рўзҳои саҳро ва хонишҳо бо хоҷагидорон;
- ҷалби сармояҳои хориҷию ватанӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушди соҳаи пахтапарварӣ;
- аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хоҳиш карда шавад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пахта дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, чораҳои мушаххас андешиданд.


Picture 1

 



© 2013 - 2019 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru