Тақвим

<< < Июн 2021 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Хазина. Май 2021

  • Саркотиби илмӣ'Ниъматов Мирзовалӣ Мирзоалиевич соли 1961 дар деҳаи Ғайратободи шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои кишоварзӣ. Соли 1985 Совхоз-техникуми ба номи В.В. Куйбишеви собиқ ноҳияи Коммунистии вилояти Қурғонтеппа-ро (ҳоло хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон) бо ихтисоси агроном, хатм намудааст. Соли 1985 баъди хатми муассисаи мазкур ӯ фаъолияти кориашро дар шуъбаи селексия, генетика ва тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткории АИКТ, ҳамчун озмоишгари калон оғоз намудааст. Соли 1987 ба факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 1994 бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Соли 1994 дар вазифаи ходими хурди илмӣ, соли 1997 ходими калони илмӣ ва соли 2000 дар вазифаи иҷрокунандаи мудири озмоишгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои 1996 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Институти зироаткорӣ дохил шуда, соли 2009 рисолаи намзадиро дар Шӯрои диссертатсионии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дифоъ намуд. Соли 2001 ба вазифаи мудири озмоишгоҳи тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткорӣ таъйин шудааст. Соли 2009 дар вазифаи котиби илмӣ ва соли 2014 ҳамчун сардори шуъбаи илмию созмондиҳии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2020 ба вазифаи Саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Соли 2008 бо дипломи Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ва соли 2018 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи «Олими беҳтарин» сарфароз гардонида шуд. Соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ҷамоати «Сомон»-и шаҳри Ҳисор интихоб гардидааст. Ӯ муаллифи 12 навъҳои пахтаи миёнанах ва зиёда аз 100 корҳои илмӣ, аз ҷумла китоб, тавсиянома, дастуру мақолаҳо мебошад, ки барои пешбурди соҳаи растанипарварӣ, алалхусус дар самти пахтапарварӣ нақши муассир доранд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

    25.05.2021 11:05 

  • Муовини Президент оид ба корҳои умумӣ'Сафаров Шералӣ Ҷӯраевич соли 1966 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои кишоварзӣ. Соли 1988 факултети аграномии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро соли 1988 ҳамчун агрономи совхози «Вахш»-и ноҳияи Вахш шурӯъ намуда, солҳои 1990-1992 - мудири шуъбаи Кумитаи комсомолии ноҳияи Вахш оид ба корҳои иҷтимои-иќтисодии ҷавонон фаъолият намудааст. Аз соли 1992 то 2019 дар мансабҳои мутахассиси дараҷаи аввали шуъбаи селексия ва тухмипарварӣ, мутахассиси пешбари Инспексияи ҷумҳуриявии тухмӣ, мутахассиси пешбари Раёсати пахтапарварӣ ва зироатҳои техникӣ, сардори шуъбаи зироатҳои техникӣ ва коркарди пахта, сардори шуъбаи зироатҳои техникӣ,   сардори Идораи зироатҳои ѓалладонагӣ ва хӯроки чорво, муовини сардори Раёсати илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ, сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2006 рисолаи номзадиро дифо намуда, аз соли 2010 докторанти Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Соли 2019 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вазифаҳои котиби илмӣ, сардори шуъбаи иттилоот, машварат ва таълим кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 20 асари илмӣ, аз он ҷумла 2 монография, 4 китоб, 14 дастури методӣ ва тавсияҳо буда, роҳбари дуюми ду унвонҷуйро ба ӯҳда дорад. Соли 2007 бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Соли 2019 бо Сипосномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардид. Моҳи декабри соли 2020 ба вазифаи муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

    25.05.2021 11:02 

  • Ноиби Президент' Амиршоев Файзулло Сафарович соли 1964 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои биологӣ, дотсент. Донишгоҳи аграрии Точикистонро аз рӯи ихтисоси зоотехния хатм намудааст (с. 1992), доктори илмҳои биологӣ (с. 2012), дотсент (2007).  Аспирантура (с.с. 1994-1997) ва докторантураи (с.с.2009-2012) Институти умумирусиягии чорводории ба номи Л.Н. Эрнсти ш. Подольски Федератсияи Россия) аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» гузаштааст. Ассистент, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорвои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (с. 1997-2009), мудири кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводории Донишгоҳи аграрииТоҷикистон (с.с.2013-2015), декани факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Точикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (с.с. 2013-2015), директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ (2015-2020).   Муаллифи 8- китоби дарсӣ, 1- монография, 12 - дастуру тавсияномаҳо, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, 1 патент буда, роҳбарии 11 аспирантону унвончӯён ва 4 магистр ва 2 доктор (PНD) -ро ба ӯҳда дошта, 6 магистр рисолаҳои магистрӣ ва 2 – аспирант ҳимояи рисолаи номзадиро дифоъ намуда, 2 – аспирант рисолаҳои номзадии худро тайёр намудаанд.  Соли 2014 барандаи унвони фахрии «Аълочии маориф ва илмӣ Тоҷикистон” гардид. Соли 2018 бо Ифтихорномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Соли 2020 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардид. 4 апрели соли 2020 ба вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

    25.05.2021 10:41 

  • Конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ "Саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, иноватсия ва технологияи кишоварзӣ" 21.05.2021 ш. Душанбе' Конференсияи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021, таҳти № 88 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои соҳаи агросаноатии ҷумҳурӣ, олимону мутахассисони муассисаҳои АИКТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиши илмӣ баррасии дастовардҳои олимони Академия, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ мебошад. Аз баромади иштирокчиёни конференсия бармеояд, ки олимони соҳаи кишоварзӣ оид ба офаридани навъҳои серҳосили зироатҳо ва зоту ҷинсҳои чорво, такмили технологияи парвариш ва ҳифзи онҳо аз касалиҳо вобаста ба таѓйирёбии иқлим таҳқиқотҳои мақсаднокро иҷро намуда, ба дастоварҳои муайян ноил гардиданд. Аз он ҷумла, дар панҷ соли охир олимони Академия ба Комиссияи давлатӣ 79 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаю ангурро пешниҳод намуданд ва 36 навъи серҳосили онҳо минтақабоб ва технологияи муосири парвариши онҳо коркард шуда, навигариҳои илмии олимон бо 62 патенту 116 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ тасдиқ гардиданд. Иштирокчиёни конференсия дар асоси муҳокимаи маводҳои пешниҳодгардида қайд намуданд, ки дар рушди босуботи илми кишоварзӣ, татбиқи дастовардҳо ва технологияҳои инноватсионӣ саҳми олимони ҷавон бештар гардида, дар 5 соли охир ба магистратура, аспирантура ва докторантураи Академия 434 нафар мутахассисони ҷавон қабул карда шуданд.  Бо дарназардошти моҳияти масъалаҳои баррасишуда, оид ба рушди илми кишоварзӣ ва бештар намудани саҳми олимони ҷавон дар коркарду татбиқи технологияҳои инноватсионӣ иштирокчиёни конференсия тавсияю таклифҳои зеринро пешниҳод намуданд: -      дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳконӣ ва аҳолӣ навъҳои серҳосили зироатҳо ва зоту ҷинсҳои сермаҳсули ватанӣ, технологияҳои инноватсионии парвариши онҳо бештар татбиқ карда шаванд; -   олимону мутахассисони соҳа дар татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои муосир мутобиқ ба таѓйирёбии иқлим ба хоҷагидорон мунтазам кўмаки машваратию амалӣ расонанд; -     ҳамасола вобаста ба проблемаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ конференсияю семинарҳо гузаронида, натиҷаи онҳо ба воситаи ахбори омма инъикос карда шаванд; -    бо мақсади бешар намудани саҳми олимони ҷавон дар рушди илми кишоварзӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ қабули мутахассисони ҷавони лаёқатманд ба магистратура, аспирантура ва докторантура зиёд карда шавад; -       ҳамкории олимони ҷавони Академия бо ҳамтоёни худ аз муассисаҳои илмии ватанию хориҷӣ вусъат дода шавад; -    муассисаҳои илмӣ ҷиҳати ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва татбиқи бештари дастовардҳои илмии олимон тадбирҳои судманд андешида, ҷавонон ва мутахассисони лаёқатмандро, ки дар хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият мекунанд, ба корҳои илмӣ ҷалб намоянд; -    олимони ҷавон натиҷаҳои навгонии конференсияи мазкурро дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, новобаста аз шакли моликияташон, таблиѓу ташвиқ намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо ёрии машваратию амалӣ расонанд; -        --    маводи нашршудаи конференсияи мазкур ба китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вазорату кумитаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои илмӣ дастрас карда шавад.

    22.05.2021 12:48 

  • Президенти АИКТ' Асозода Нуралӣ Маҳмадулло соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.Маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои кишоварзӣ, Академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Соли 1984 Совхоз-техникуми ордени Лениндори ба номи В.В. Куйбишеви ноҳияи Бохтар (Кушониён) ва соли 1990 факултети аграномии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро ҳамчун агрономи Раёсати кишоварзии вилояти Кӯлоб шурӯъ намуда, солҳои 1984-1985 ба ҳайси ҷонишини котиби Комитети комсомолии ҳуқуқи райкомдоштаи совхози “Кангурт”-и ноҳияи Совет (Темурмалик) фаъолият намудааст.        Пас аз хатми Донишкадаи хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) дар Институти илмию тадқиқотии хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вазифаи ходими хурди илмии Шуъбаи ҳифзи хок аз эрозия кор карданд. Солҳои 1992-1994 дар аспирантураи Институти илмӣ-тадқиқотии хокшиносии АИКТ машғули таҳсил гардида, соли 1997 рисолаи номзадӣ ва соли 2012 рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Аз соли 1997 то соли 2005 ҳамчун сармутахассис ва сардори Раёсати ғалла ва хӯрокаи чорвои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кор карда, солҳои 2005-2013 дар вазифаи директори филиали дар ноҳияи Данғара будаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то соли 2014 дар вазифаи муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, солҳои 2014-2016 Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро роҳбарӣ намудааст. Аз соли 2019 Асозода Н. М. аъзои пайваста (академик)-и АИКТ аз рӯи ихтисоси “Хокшиносӣ” мебошад. Мавсуф муаллифи 2-монография, 2-китоб, 7- тавсияномаҳо, зиёда аз 96 мақолаҳо ва 4 патент мебошад. Дар давраи фаъолияти илмӣ-омузгории худ бисёр кадрҳои навро доир ба самтҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ тайёр намуда, имрӯзҳо таҳти роҳбарии ӯ 4 рисолаи номзадӣ дифо гардидааст. Соли 2009 барандаи унвони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон” гардид. Соли 2011 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали ҷашнии 15 солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қадрдонӣ шуд. 4 апрели соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

    20.05.2021 08:45 

  • СТАНСИЯҲО'Стансияи таҷрибавии Панҷакенти   Институти зироаткорӣ Стансияи минтақавии таҷрибавии кишоварзии Данғараи   Институти зироаткорӣ Стансияи таҷрибавии Файзободи   Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусии   Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғди Институти хокшиносӣ ва агрохимия Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахши Институти хокшиносӣ ва агрохимия

    19.05.2021 15:45 

  • МАРКАЗҲО' Марказҳо Маркази миллии захираҳои генетикӣ Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ Маркази илмии кишоварзии Помир   Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳ

    07.05.2021 10:23 

  • ПОЙГОҲҲО'Пойгоҳи Суғдиёни   Институти зироаткорӣ Пойгоҳи Лахши   Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Пойгоҳи Ашти   Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Пойгоҳи Исфараи   Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Пойгоҳи Сомғори   Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Пойгоҳи Хуросони   Институти хокшиносӣ ва агрохимия Пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури Институти хокшиносӣ ва агрохимия Пойгоҳи таҷрибавии Навбаҳор дар шаҳри Душанбеи Маркази  ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ Пойгоҳи таҷрибавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ

    07.05.2021 10:15 


© 2013 - 2021 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru