Тақвим

<< < Июн 2021 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Хазина. 20 Май 2021

  • Президенти АИКТ' Асозода Нуралӣ Маҳмадулло соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.Маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои кишоварзӣ, Академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Соли 1984 Совхоз-техникуми ордени Лениндори ба номи В.В. Куйбишеви ноҳияи Бохтар (Кушониён) ва соли 1990 факултети аграномии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро ҳамчун агрономи Раёсати кишоварзии вилояти Кӯлоб шурӯъ намуда, солҳои 1984-1985 ба ҳайси ҷонишини котиби Комитети комсомолии ҳуқуқи райкомдоштаи совхози “Кангурт”-и ноҳияи Совет (Темурмалик) фаъолият намудааст.        Пас аз хатми Донишкадаи хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) дар Институти илмию тадқиқотии хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вазифаи ходими хурди илмии Шуъбаи ҳифзи хок аз эрозия кор карданд. Солҳои 1992-1994 дар аспирантураи Институти илмӣ-тадқиқотии хокшиносии АИКТ машғули таҳсил гардида, соли 1997 рисолаи номзадӣ ва соли 2012 рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Аз соли 1997 то соли 2005 ҳамчун сармутахассис ва сардори Раёсати ғалла ва хӯрокаи чорвои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кор карда, солҳои 2005-2013 дар вазифаи директори филиали дар ноҳияи Данғара будаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то соли 2014 дар вазифаи муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, солҳои 2014-2016 Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро роҳбарӣ намудааст. Аз соли 2019 Асозода Н. М. аъзои пайваста (академик)-и АИКТ аз рӯи ихтисоси “Хокшиносӣ” мебошад. Мавсуф муаллифи 2-монография, 2-китоб, 7- тавсияномаҳо, зиёда аз 96 мақолаҳо ва 4 патент мебошад. Дар давраи фаъолияти илмӣ-омузгории худ бисёр кадрҳои навро доир ба самтҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ тайёр намуда, имрӯзҳо таҳти роҳбарии ӯ 4 рисолаи номзадӣ дифо гардидааст. Соли 2009 барандаи унвони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон” гардид. Соли 2011 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали ҷашнии 15 солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қадрдонӣ шуд. 4 апрели соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

    20.05.2021 08:45 


© 2013 - 2022 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru