Тақвим

<< < Май 2015 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Хазина. 25 Май 2021

  • Саркотиби илмӣ'Ниъматов Мирзовалӣ Мирзоалиевич соли 1961 дар деҳаи Ғайратободи шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои кишоварзӣ. Соли 1985 Совхоз-техникуми ба номи В.В. Куйбишеви собиқ ноҳияи Коммунистии вилояти Қурғонтеппа-ро (ҳоло хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон) бо ихтисоси агроном, хатм намудааст. Соли 1985 баъди хатми муассисаи мазкур ӯ фаъолияти кориашро дар шуъбаи селексия, генетика ва тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткории АИКТ, ҳамчун озмоишгари калон оғоз намудааст. Соли 1987 ба факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 1994 бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Соли 1994 дар вазифаи ходими хурди илмӣ, соли 1997 ходими калони илмӣ ва соли 2000 дар вазифаи иҷрокунандаи мудири озмоишгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои 1996 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Институти зироаткорӣ дохил шуда, соли 2009 рисолаи намзадиро дар Шӯрои диссертатсионии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дифоъ намуд. Соли 2001 ба вазифаи мудири озмоишгоҳи тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткорӣ таъйин шудааст. Соли 2009 дар вазифаи котиби илмӣ ва соли 2014 ҳамчун сардори шуъбаи илмию созмондиҳии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2020 ба вазифаи Саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Соли 2008 бо дипломи Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ва соли 2018 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи «Олими беҳтарин» сарфароз гардонида шуд. Соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ҷамоати «Сомон»-и шаҳри Ҳисор интихоб гардидааст. Ӯ муаллифи 12 навъҳои пахтаи миёнанах ва зиёда аз 100 корҳои илмӣ, аз ҷумла китоб, тавсиянома, дастуру мақолаҳо мебошад, ки барои пешбурди соҳаи растанипарварӣ, алалхусус дар самти пахтапарварӣ нақши муассир доранд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

    25.05.2021 11:05 

  • Муовини Президенти АИКТ'      Нурзода Назар Нур соли 1992 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Доктор аз рӯйи ихтисоси мелиоратсия, барқарорсозӣ ва ҳифзи замин.     Соли 2017 магистратураи Донишгоҳи давлатии аграрии Волгогради Федератсияи Россияро бо дипломи сурх хатм намудааст.    Таҳсилкардаи академии барномаи Erasmus Mundus бо забони англисӣ дар давлати Юнон мебошад.  Фаъолияти кории худро соли 2010 ба ҳайси таъминотчӣ-тарҷумони ҶДММ “Нур-К” шурӯъ намуда, соли 2015 мудири Маркази омӯзиши компютерии факултети гидромелиоративии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур фаъолият намудааст.    Аз соли 2017 то 2022 дар вазифаҳои лаборанти калон, мутахассиси Шуъбаи эрозияи хоки Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва сармутахассис оид ба магистратура, аспирантура ва докторантураи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.      Соли 2021 рисолаи докторӣ (PhD)-ро дар мавзӯи “Технологияи обёрии қатрагии помидори кишти баҳорӣ дар шароити гармхонаҳои водии Ҳисор” дифо намудааст.      Муаллифи зиёда аз 25 асари илмӣ, аз он ҷумла монография, ихтироот ва дастури методӣ мебошад.       Соли 2019 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардид.      Соли 2021 бо Сипосномаи Ҳизби Халиқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ шуд.      Соли 2021 барандаи унвони фахрии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” гардид.     Моҳи майи соли 2022 ба вазифаи муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои умумӣ таъйин гардид.     Оиладор.

    25.05.2021 11:02 

  • Ноиби Президент' Амиршоев Файзулло Сафарович соли 1964 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои биологӣ, дотсент. Донишгоҳи аграрии Точикистонро аз рӯи ихтисоси зоотехния хатм намудааст (с. 1992), доктори илмҳои биологӣ (с. 2012), дотсент (2007).  Аспирантура (с.с. 1994-1997) ва докторантураи (с.с.2009-2012) Институти умумирусиягии чорводории ба номи Л.Н. Эрнсти ш. Подольски Федератсияи Россия) аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» гузаштааст. Ассистент, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорвои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (с. 1997-2009), мудири кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводории Донишгоҳи аграрииТоҷикистон (с.с.2013-2015), декани факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Точикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (с.с. 2013-2015), директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ (2015-2020).   Муаллифи 8- китоби дарсӣ, 1- монография, 12 - дастуру тавсияномаҳо, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, 1 патент буда, роҳбарии 11 аспирантону унвончӯён ва 4 магистр ва 2 доктор (PНD) -ро ба ӯҳда дошта, 6 магистр рисолаҳои магистрӣ ва 2 – аспирант ҳимояи рисолаи номзадиро дифоъ намуда, 2 – аспирант рисолаҳои номзадии худро тайёр намудаанд.  Соли 2014 барандаи унвони фахрии «Аълочии маориф ва илмӣ Тоҷикистон” гардид. Соли 2018 бо Ифтихорномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Соли 2020 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардид. 4 апрели соли 2020 ба вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

    25.05.2021 10:41 


© 2013 - 2022 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru