Тақвим

<< < Декабр 2016 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Хазина. 07 Июн 2021

  • Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология' ИНСТИТУТИ МАСОИЛИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА БИОТЕХНОЛОГИЯ Таърихи таъсисёбӣ. Сараввал Институт ҳамчун филиали Институти умумииттифоқии илмию тадқиқотии оқсили Вазорати кишоварзии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ соли 1971 ташкил шуда буд. Аз 21 феврали соли 1992 муассиса ба ҳайати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дохил гардида, Институти Осиёи Миёнагии оқсил номгузорӣ карда шуд. Институт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 215 Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ», бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2014, №57 Институти масоили амнияти биологӣ ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, № 487 Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология номгузорӣ гардид. Сохтори Институт ва ҳайати кормандон. Дар сохтори Институт 5 озмоишгоҳ: Озмоишгоҳи пешгирии вабои сумдард ва сафедхунии чорво, озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вирусии паранда, озмоишгоҳи бактериология, Озмоишгоҳи бемориҳои бахусус хавфноки чорво, Озмоишгоҳи мониторинги бемориҳои сироятии чорвои хурди шохдор, Маркази захираҳои миллии микроорганизмҳои касалиовар, Бахши ғизои микробиологӣ ва ҷонвархона, Шуъбаи биотехнология, шуъбаи амнияти биологӣ ва беҳдошт, шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ, Шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ фаъолият менамоянд. Барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ дар Институт 72 нафар кормандон, аз ҷумла 36 нафар ходимони илмӣ: 5 нафар докторони илмҳои ветеринарӣ ва биологӣ, як нафар академики АИКТ (3 нафар ҳамчун ҳамкор), 12 нафар номзади илмҳои ветеринарию биологӣ (2 нафар ҳамчун ҳамкор) сафарбар шудаанд.   Ҳайати кормандони Институт Роҳбарони Институт. Диев В.И., д.и.в., солҳои 1991-1992; Бозоров М.А., д.и.в., солҳои 1992-2000; Аноятбеков М. аъзои вобастаи АИКТ, д.и.в., солҳои 2000-2014; Турдиев Ш.А. д.и.б., солҳои 2014-2017. Аз соли 2017 то ҳол роҳбарии муассисаро Маҳмудов К.Б., номзади илмҳои ветеринарӣ ба уҳда дорад. Раванди асосии фаъолияти Институт: Муайян кардани самтҳои асосии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи байторӣ ва биотехнологияи тибби ветеринарӣ, амният ва эминии биологӣ; гузаронидани мониторинги бемориҳои сироятии бахусус хавфноки ҳайвонот ва зоонозӣ дар ҳудуди Тоҷикистон; ҷамъоварӣ, парвариш ва нигаҳдории коллексияи микроорганизмҳои иллатангези ҳайвонот бо мақсади таҳияи ваксина ва маводи ташхиси онҳо; таҳия ва такмили технологияи истеҳсоли маводи пешгирикунанда, ташхисӣ ва доругии таъйиноти байторӣ ва татбиқи он; тайёр намудани кадрҳои илмии тахассусашон баланд ба тариқи магистратура, аспирантура, докторантура, бозомӯзӣ, баланд бардоштани тахассус дар соҳаи амнияти биологӣ, вирусшиносӣ, биотехнология ва биологияи молекулавӣ.   Ҷаласаи Шӯрои олимони Институт  Дастовардҳои асосӣ ва татбиқи онҳо. Дар даврони Истиқлолият аз ҷониби олимони Институт системаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо вабои сумдарди ҳайвонот, экзантемаи везикулярӣ ва тоуни хукҳо, илтиҳоби везикулярии даҳон, тоуни чорвои калони шохдор, бемории Ауески, табларзаи водии Рифт ва табларзаи назлавии гӯсфандон такмил ва дар истеҳсолот татбиқ гардидааст. Хайлҳои бемориҳои сияҳрон, вабои сумдард, пастереллёз, брадзот, сӯхтанӣ ва вируси эфемерӣ омӯхта, ба сифати компоненти асосии таркиби ваксинаҳо ва зардобҳои гипериммунӣ истифода шудаанд. Сабабаҳои пайдошавӣ ва сохтори бемориҳои сироятии роҳи нафасу ҳозима ва ҷудо намудани барангезандаҳои бемориҳои парагрипп-3, ринотрахеити инфексионӣ, вируси дарунравии гӯсолаҳо ва аденовирус муайян карда шуд. Ташхиси бемории стафилококк бо усули таҳлили иммуноферментӣ татбиқ шуд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ бемориҳои тоуни чорвои хурди шохдор, вараҷаи катарии гӯсфандон (блютанг) ошкор гардида, барангезандаи бемории мазкур дарёфт карда шуд, скрининг ва шиносномабандии молекулявию генетикии изолятҳои барангезандагони бемориҳои вабои сумдард, табларзаи назлавии гӯсфандон гузаронида шуд, коркард ва такмили ташхиси барангезандаи сӯхтанӣ бо силсилареаксияи полимеразӣ барои омӯхтани хосиятҳои молекулявӣ ва генетикӣ ба роҳ монда шуд.  Ташхиси фаврии вабои сумдард ва бо усули таҳлили иммуноферментӣ бобати муайян намудани подтанҳо бар зидди сафедаҳои ғайрисохтории вируси вабои сумдарди ҳайвонот ба роҳ монда шуд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ барандаи вируси бемории ҳорӣ дар кӯршапаракҳо муайян карда шуд. Навъи нави калламуши хокистаранг дар ҷумҳурӣ ошкор гардида, собит карда шуд, ки манбаи бемориҳои зоонозӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вирусии ҳайвонот ва паранда таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шуда, бори аввал дар ҷумҳурӣ бо истифода аз усулҳои муосир таҳлили иммуноферментӣ ва силсилареаксияи полимеразӣ ташхиси бемориҳои зукоми паранда, Нюкасл ва ларенготрахеити сироятии мурғҳо ба роҳ монда шуд. Инчунин, Маркази миллии микроорганизмҳои касалиовар таъсис ва дар доираи Лоиҳаи байналмилалии А5 «Таҷдид ва модернизатсияи озмоишгоҳи намудҳои референтӣ ҷиҳати амнияти биологӣ ва биобехатарӣ» бо дастгирӣ ва сармоягузории Иттиҳоди Аврупо тармим ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида мавриди истифода қарор дорад. Он ба талаботи сатҳи биобехатарии 2+ ҷавобгӯй аст. Дар натиҷаи фаъолияти Марказ 16 штамми микрооргнизмҳо баъди омӯзиши хусусиятҳои хосашон, шаҳодатномабандӣ карда шуданд, ки ҳамчун штамми корӣ барои истеҳсоли маводи ташхисӣ ва биологӣ истифода бурда мешаванд. Бо таҳлили филогенетикӣ муайян карда шуд, ки изоляти вируси вабои сумдарди А/Тоҷикистон/2015 ба гурӯҳи генетикии А/Эрон/05 тааллуқ дошта, аз хайлҳои А/Армения/2006, А/Туркия/2006 фарқ дорад. Изоляти вируси вабои сумдарди О/Тоҷикистон/2016 бошад, ба вируси вабои сумдарди О/ПанОсиё-2 мансуб буда, аз дигар хайлҳои вируси О, ки солҳои пешин дар Тоҷикистон ошкор карда шудаанд, фарқ дорад. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Институти миллии ветеринарии шаҳри Упсалаи Шветсия (SVA) дарахти филогенетикии изоляти вируси бемории Нюкасл мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Натиҷаи таҳқиқ нишон дод, ки вирус ба генотипи VIIi (ҳафт «i») тааллуқ дорад, ки одатан дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз қабили Шри Ланка ва Покистон ошкор карда шудаанд. Барои истеҳсоли маводи биологиву кимиотерапевтӣ дар Институт Бахши истеҳсоли дорувории ветеринарӣ ташкил ва қисман бо хати истеҳсолӣ ҷиҳозонида шуд. Ин бахш аз тарафи мақомоти дахлдори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида барои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи ветеринарӣ расман Иҷозатнома ва Аттестатсия дода шуд. Дар давраи Истиқлолият дар Институт 75000 воя ваксина бар зидди шукуфаи мӯйчин, 92000 воя ваксинаи зидди сӯхтанӣ, 871000 воя ваксинаи зидди пастереллёз, 328000 воя ваксинаи зидди паратифи ҷавонаҳо, 190000 воя ваксинаи зидди эктимаи гӯсфандон, 5000 воя ваксинаи зидди салмонелёзи барраҳо ва гӯсолаҳо, 478700 воя ваксинаи зидди сияҳрон, 92300 воя ваксинаи ассосатсияшудаи зидди пастереллёз ва салмонеллёз, 94200 воя ваксинаи бофтагии зидди плевропневмонияи сироятии бузҳо, 104000 воя ваксинаи бофтагии зидди сенурози гӯсфандон, 25500 воя ваксинаи зидди клостридиози гӯсфандон, 3500 воя ваксинаи зидди бемориҳои колибактериоз, салмонеллёз, клебсиеллёз ва протея, 5000 воя ваксинаи зидди некробактериоз ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони фабрикаи «Алтын-Тамыр»-и Ҷумҳурии Қирғизистон аз хайлҳои маҳаллӣ истифода бурда 600000 воя ваксинаи лапинизиршудаи зидди вабои сумдарди ҳайвонот ва бо фабрикаи биологии ш.Витебски Ҷумҳурии Белорус 534000 воя ваксинаи зидди бемории лептоспироз истеҳсол гардида, ба хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд. Инчунин, аз тарафи олимони Институт 550 воя зардоби хуни табобатии зидди саромоси хукҳо, 1140 воя зардоби хуни табобатии лептоспирози чорвои калони шохдор, 750 воя зардоби хуни табобатии паратифи гӯсолаҳо ва паратифи барраҳо, 8000 воя антибиотики левотетросулфин, 2000 воя антибиотики левоэритросиклин, 102000 воя маводи зиддигиҷҷавии Албендазол ММ дар шакли суспензия, 50000 воя маводи зиддигиҷҷавии Албкупрол дар шакли суспензия, 2200 воя маводи химиятерапевтии ДАТС – диминатсин атсетурат ва 1750 воя маҳлули спиртии Чемеритса истеҳсол гардид, ки дар истеҳсолот татбиқ гардиданд.  Олимон дар ҷодаи ихтироъ, таҳия ва истифодабарии технологияҳои нав дар ташхис ва истеҳсоли маводи биологӣ аз Маркази миллии патенту иттилоот 47 адад патент оид ба ихтироъ гирифтанд. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва бозомӯзии онҳо. Барои таҳкими неру ва иқтидори илмии Институт 4 доктор ва 18 номзади илмҳои ветеринарию биологӣ тайёр карда шуданд, ки аксарияти онҳо дар Шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Русия ҳимояи рисола намудаанд. Айни замон дар Институт 4 нафар аспиранту унвонҷӯй ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд. Инчунин, 14 ходими илмӣ дар Марказҳои илмии баландпояи мамлакатҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Шветсия, Туркия, Италия, Англия, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Ҷопон, Чин ва ғайра бозомӯзӣ намуданд.  Фаъолияти нашрӣ. Олимони Институт дар даврони соҳибистиқлолӣ оид ба ташхис, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятиву инвазионии чорво 21 китоб, 1 монография, 116 дастуру тавсиянома, 21 ҳуҷҷати меъёриву техникӣ, 22 буклету варақаи иттилоотӣ ва 495 мақолаи илмиро нашр ва ба мутахассисон ва чорводорон пешниҳод намуданд.  Иштирок дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ. Олимони Институт дар таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъмини амният ва эминии биологӣ», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсими дақиқи уҳдадориҳо ва вазифаҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ, барномаҳои зерини давлатӣ: «Барномаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди вабои сумдарди ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2010», «Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми паранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», Барномаи бунёди «Хазинаи ҷумҳуриявии штамми микроорганизмҳои иллатангез барои солҳои 2014-2018», «Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Барномаи давлатии хоҷагидории биологӣ ва истеҳсолот барои солҳои 2015-2020» ва ғайра саҳм гузоштанд. Ҳамкориҳо. Робитаи Институт бо муассисаҳои хориҷи кишвар: Маркази ҳифзи сиҳатии ҳайвонот, Институти умумироссиягии илмию таҳқиқотии ветеринарии эксперименталии ба номи Я.Р. Коваленко, Донишгоҳи давлатии таҳқиқотии Урал ва Донишгоҳи аграрии ш.Екатеринбурги Федекратсияи Россия, Институти илмию таҳқиқотии масоили бехатарии биологии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, Институти илмию таҳқиқотии ветеринарии Қирғизистон ба номи А.Дуйшеев ва Донишгоҳи кишоварзӣ ва илми Шветсия дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ барои бозомӯзӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Дастовардҳои олимони Институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо 15 Дипломи АИКТ қадрдонӣ гардид. Ҳиссагузории олимон дар рушди илми соҳа. Олимони Институт - академик Сатторӣ И., профессор, д.и.в. Ёрбоев Н., д.и.в. Мурватуллоев С.А., д.и.в. Амирбеков М., д.и.б. Сатторов Н.Р., н.и.в. Вазиров Ш.С., н.и.б. Каримов Р.Я., н.и.б. Вискова Т.К., н.и.в. Муминов А.А., н.и.в Иматшоев И.Х., н.и.в. Бозоров А.А., н.и.в. Шодмонов И., н.и.в. Қурбонбекова З.Д., н.и.в Ашурова З.Ҷ., н.и.б. Ҷумаев Ш.Н., н.и.в. Бобоев Ғ.Ю., н.и.б. Қосумбеков М.И., н.и.б. Назарова О.Д., н.и.в. Шоназар Ҷ.М., н.и.в. Сайдарова М., н.и.в. Мамадотахонова Г.Н., н.и.б. Аҳмадов Н.А., н.и.в. Холов С.Х., н.и.б. Ваҳобов Д.С. ва дигарон дар рушди илми соҳа ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.  

    07.06.2021 14:28 

  • Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ' ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАҲҚИҚИ СИСТЕМАВИИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ Таърихи таъсисёбӣ. Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ бори аввал ҳамчун “Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ” дар асоси Амри Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ 2-юми октябри соли 1984, таҳти №1948 ва дар асоси қарорҳои Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1984, таҳти №353 таъсис гардидааст, ки он аввалин муассисаи илмии иқтисодиёт ба шумор мерафт. Муассисаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 майи соли 2008, №215 ҳамчун “Институти иқтисодиёти кишоварзӣ” ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №487 “Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ”-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ гардид. Сохтор ва ҳайати кормандон. Дар Институт 6 шуъба: Шуъбаи омӯзиши равандҳои кластерикунонӣ дар комплекси агросаноатӣ; Шуъбаи омӯзиши равандҳои инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ; Шуъбаи омӯзиш ва мониторинги амнияти озуқаворӣ; Шуъбаи омӯзиш ва мониторинги сармоягузорӣ дар комплекси агросаноатӣ; Шуъбаи таълим; Шуъбаи иттилоот, мониторинги барномаҳои соҳавӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ фаъолият мекунанд. Дар татбиқи корҳои илмию таҳқиқотӣ 56 нафар кормандон, аз ҷумла 33 нафар ходимони илмӣ машғул мебошанд, ки аз онҳо 10 нафар номзади илм ва 4 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ буда, 1 нафар академики АИКТ мебошанд. Дар ҳамкорӣ 2 доктори илм ва 3 номзади илм фаъолият доранд. Ҳайати кормандони Институт   Роҳбарони Институт: Ҳоҷибоев А.Г. д.и.и., профессор, академики АИКТ, аъзои вобастаи Академияи Федератсияи Русия, солҳои 1984-1993. Ғафуров Х. аъзои вобастаи АИКТ, д.и.и., профессор, солҳои 1995-2007. Пиризода Ҷ.С., аъзои вобастаи АИКТ, д.и.и., профессор, солҳои 2007-2011. Амиров Н.И. н.и.и., солҳои 2011-2017. Пиризода Ҷ.С. академики АИКТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, аз соли 2017 то ҳол роҳбарии Институтро ба уҳда дорад. Самтҳои асосии фаъолият. Самтҳои асосии фаъолияти илмии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ аз омӯзиш ва татбиқи равандҳои кластерикунонӣ дар комплекси агросаноатӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди инноватсионии соҳа, таҳияи механизми иқтисодию иҷтимоии ташаккули инфрасохтори деҳот, мукаммалгардонии механизми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳа, таҳияи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати расидан ба амнияти озуқаворӣ, таҳқиқи муаммоҳои гуногуншаклии моликият ва хоҷагидорӣ дар бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор карда баромадани тавсияҳо оид ба танзими давлатии муносибатҳои бозорӣ дар комплекси агросаноатии кишвар, кор карда баромадан ва асоснок намудани меъёр ва ояндабинии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, баҳодиҳии иқтисодии нерӯи захираҳои замин ва дар ин асос кор карда баромадани пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас, иҷроиши корҳо дар асоси шартнома бо хоҷагиҳо, таҳқиқи сохтори демографӣ ва касбии тахассуси аҳолии деҳот, равандҳои муҳоҷират дар низоми муносибатҳои шаҳру деҳот дар шароити бозор мебошад.    Ҷаласаи Шӯрои олимони Институт   Дастовардҳои асосӣ. Дар асоси таҳқиқоту таҳлилҳо тавсияҳои зерин омода гардидаанд: оид ба вобастагии даромади истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз тағйир ёфтани шароити иқлим таҳия гардида, роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи аграрӣ пешниҳод гардид. Асосҳои назариявии хусусиятҳои ташаккулёбии сабади истеъмолӣ муайян карда шуда, фарҳанги истеъмолӣ бо имкониятҳои иқтисодии кишвар таҳия ва пешниҳод гардид. Омилҳои таъсиррасон ба устувории бозори маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба афзоиши ҳиссаи воридоти молу маҳсулоти ғайрихудӣ ва таъсири он ба бозори маҳсулоти кишоварзии кишвар муайян карда шуда, ҷиҳати бартарафсозии ин ҳолат ва самаранок фаъолият намудани бозори маҳсулоти хӯроки ватанӣ тавсияҳо таҳия гашт.Ҷиҳати баланд бардоштани даромаднокии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ, шакли инноватсионии идоракунии соҳа - истифодаи баҳисобгирии хароҷотҳо аз рӯи усули «директ-костинг» пешниҳод карда шуд. Самараи иқтисодии бунёди гармхонаҳо дар шаклҳои гуногуни хоҷагидории ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 50 гектар таҳия ва пешниҳод гардид. Аз тарафи олимони Институт дар ин давра тавсиянома оид ба ҷойгиркунии корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ; тавсияҳо доир ба ҷойгиркунии анборҳои нигоҳдорӣ дар ҷойҳои истеҳсоли меваю сабзавот; муайян намудани равияҳо ва қонуниятҳои объективии инкишофи шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ дар бахши аграрӣ; нишон додани робитаҳои байниҳамдигарии шаклҳои гуногуни моликият дар бахши аграрӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ; муайянсозии мавқеи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар раванди ташаккул ва инкишофи шаклҳои гуногуни моликият дар бахши аграрӣ; тавсияҳои методӣ оид ба муайянсозии нархи заминҳои таъиноти кишоварзии Тоҷикистон ва ғайраҳо таҳия карда шуданд. Олимони Институт дар таҳияи Консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон, “Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон то соли 2020” ва Консепсияи рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд ва самтҳои асосии сармоягузориро дар соҳа муайян намуда, роҳҳои самаранок истифодабарии онҳоро пешниҳод карданд. Аз ҷониби олимони Институт Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 144 тасдиқ карда шуд. Инчунин, аз ҷониби олимони Институт ба Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2013, №7, ба лоиҳаи «Барномаи давлатии барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳои илман асоснок дохил карда шуда, ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Аз он ҷумла, дар банди 8-и лоиҳаи мазкур “гузаронидани мониторинг оид ба муайян намудани ҳолати коршоямии сардхонаҳо” пешниҳодҳо ирсол карда шуданд. Оид ба пурзӯр гардонидани фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд, ки тибқи он самараи иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ зиёд гардида, талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти озуқавории худӣ то 25% зиёд шавад. Олимони Институт дар мониторинги татбиқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015” саҳми босазо гузоштанд. Ҳамчунин, аз ҷониби олимони Институт лоиҳаи нави “Барномаи давалатии таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳия гардида, ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони Институт корҳои илмию тадқикотиро бо дарназардошти аз буҳрони иқтисодӣ баровардани ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва худкифоии ғизоии он ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монданд. Оид ба баланд бардоштани соҳаи иқтисодиёти кишоварзӣ аз тарафи олимони Институт модели тоҷикии пешрафт, инкишофи босуботи иқтисодии аграрӣ ва иқтисодиёти кӯҳистон, Консепсияҳои истифодабарии замин, ташаккули сиёсати аграрии Тоҷикистон таҳия гардид. Татбиқи дастовардҳо. Дар асоси дастовардҳои олимони Институт 3 патент гирифта шуд. Оид ба самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавӣ дар хоҷагиҳои “Гулистон”-и ноҳияи Ваҳдат, “Намуна”-и шаҳри Турсунзода ва “Л. Лангариев”-и ноҳияи Восеъ, доир ба самаранок истифодабарии захираҳои заминӣ тавассути такмили алоқамандии соҳаҳо ва зироат дар хоҷагии “Чорчашма”-и н. Балҷувон, “Эсанбой”-и н. Рӯдакӣ, тавсияҳо доир ба инкишофу ҷойгиркунии боғдорӣ, ангурпарварӣ, чорвои гӯштӣ ва гӯсфандпарварӣ дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, Балҷувон ва ноҳияи Восеъ, модели истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи кӯҳӣ дар хоҷагии деҳқонии “Гургдара”-и н.Ховалинг, дар хоҷагиҳои деҳқонии “Л. Лангариев” ва “Зафар”-и ноҳияи Восеъ, тавсия оид ба ташаккул ва инкишофи иҷораи инфиродӣ ва коллективӣ дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Файзобод ва Ваҳдат ҷорӣ карда шудаанд. Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии олимони Институт доир ба масъалаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инкишоф додани комплекси озуқаворӣ дар ноҳияҳои наздишаҳрӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳистон ташкил намудани шаклҳои хоҷагидорӣ, бо истифода аз маблағҳои кооперативҳои молиявӣ ба соҳибкорони хурд ва миёнаи кишоварзӣ инкишоф додани хоҷагиҳои калони фермерӣ, ташкил намудани ассосиатсияҳои истифодабарандагони об, ба вуҷуд овардани заминаҳои моддӣ ва иқтисодии ташкили бахшҳои истеҳсолӣ ва парвариши навъҳои растанӣ ва зоти сермаҳсули чорво дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Данғара, Рашт, Ҷиргатол, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Шаҳритус, Н. Хисрав, Темурмалик, Данғара, Ховалинг, Муминобод, Шӯрообод, Б. Ғафуров, Ашт, Ҷ. Расулов, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуросон, Турсунзода, Ваҳдат, Ёвон, Вахш, Мастчоҳ, Нуробод, Ҳисор, Шаҳринав, Ишкошим, Дарвоз ва Ванҷ татбиқ ва амалӣ гардидаанд. Ҳамчунин, оид ба ташкил ва барқарор намудани сардхонаҳои саноатӣ, яхдонҳо ва анборҳои маҳсулот барои нигоҳдорӣ пешниҳодҳо ирсол карда шуданд. Ҷиҳати дар ҳар як ноҳия таъсис додани кооперативҳои хизматрасонӣ, инкишоф додани комплекси озуқаворӣ, ташкил намудани шаклҳои хоҷагидорӣ, таъмин намудани хоҷагиҳо бо қарзҳои имтиёзнок пешниҳод омода карда шуд. Аз тарафи олимони Институт дар Корхонаҳои воҳиди давлатии бозорҳои шаҳри Душанбе курсҳои омӯзишӣ оид ба роҳҳои танзими нархи маҳсулотҳои кишоварзӣ гузаронида шуд. Бо тавсияи олимон дар ноҳияи Ховалинг 6 гектар боғи нави дарахтони чормағз, хучи бехор, мармиҷони бехор ва олучабандак бунёд гардид. Инчунин, дар шаҳри Ҳисор ҷамоати деҳоти “Навобод” самараи иқтисодии дарахтони мевадиҳандаи шафтолу, гелос, ангур ва себҳои пешпазак муайян гардида, бо тавсияи олимон 2 гектар боғ дар деҳаи Ғуриёт бунёд карда шуд. Фаъолияти интишорӣ. Дар давраи Истиқлолияти ҷумҳурӣ аз ҷониби олимони Институт 43 китоб, 76 дастурамалу тавсиянома, 32 монография ва 682 мақолаи илмӣ аз он ҷумла, 78-тои он дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар ба чоп расонида шуд. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ. Дар давраи Истиқлолияти ҷумҳурӣ 17 рисолаи номзадӣ, 4 рисолаи докторӣ ва 67 магистрӣ ҳимоя гардид. Тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани доктор аз рӯи ихтисоси (PhD) ба роҳ монда шуд. Ду нафар олими ҷавони Институт барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор дониста шуданд. Ҳамкориҳо. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани олимони соҳа Институт бо якчанд муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар, аз ҷумла Институти илмию таҳқиқотии умумироссиягии хоҷагии қишлоқ, Академияи кишоварзии ба номи К. Тимирязеви шаҳри Москва, Университети дӯстии халқҳои ш. Москва, Институти илмӣ-таҳқиқотии ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идораи хоҷагии халқ (ГНУВНИОПТУСХ) Федератсияи Россия ва институтҳои соҳавии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ робитаҳои зичи илмӣ дорад. Институт ҳамчунин бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, муассисаҳои илмии АИКТ, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамкории илмӣ дорад. Дастовардҳои олимони институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла: 1 нафар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо медал, 1 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 13 нафар бо Дипломи АИКТ сарфароз гаштанд.  Олимоне, ки дар рушди илми соҳавӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд: Хоҷибоев Абдураҳим Ғозиевич, д.и.и., професор, аъзои вобастаи ВАСХНИЛ академики АИКТ, Ғафуров Хушвахт Ғафурович, аъзои вобастаи АИКТ, профессор, д.и.и., Пиризода Ҷалил Сафар, академики АИКТ, д.и.и., профессор, Бозоров Шавкат Шарифович, д.и.и., профессор, Қурбонов Абдулхайр Каримович, д.и.и., профессор, номзадони илмҳои иқтисодӣ: Станов Гаврил Гаврилович, Курцер Григорий Яковлевич, Ҷабборов Одилҷон Абдуқаҳорович, Шамсиев Бадрӣ Рустамович, Раҳимов Абдуҷабор, Ҳамидҷонов Ҳабиб, Ҷураев Сироҷ Ёрматович, Амиров Назрулло Исматович, Одинаев Шоҳин Талбакович, дотсент, Маҳмудова Шаҳодатхон Ҳайитбоевна, Ергашева Танзила Рустамовна, Файзуллоева Каромат Наврӯзовна, Шоазизова Маҳбуба Дӯстмуродовна ва дигарон.    

    07.06.2021 14:27 

  • Институти тибби ветеринарӣ' Дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти рақами 215, аз 2 майи соли 2008 Институти илмӣ-тадқиқотии  ветеринарии Тоҷикистон ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. Институти тибби ветеринарӣ аз 3 озмоишгоҳ ва 3 шуъба иборат аст: озмоишгоҳи вирусология, озмоишгоҳи экспертизаи санитарию ветеринарӣ ва экология, озмоишгоҳи омӯзиши касалиҳои паранда, занбӯри асал ва моҳӣ, шуъбаи биотехнологияи маводҳои ветеринарӣ, шуъбаи паразитология ва шуъбаи касалиҳои микобактериозии ҳайвонот. Дар институти тибби ветеринарӣ 68 нафар корманд фаъолият дорад, ки 32 нафарашон ходимони илмӣ  мебошанд. Аз 32 нафар ходимони илм 12 нафар — номзади илмҳои ветеринарӣ, 10 нафар — доктори илмҳои ветеринарӣ ва биологӣ буда, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва роҳбарии мавзӯҳои илмиро ба ӯҳда доранд.  

    07.06.2021 14:26 

  • Институти чорводорӣ ва чарогоҳ' ИНСТИТУТИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲ Таърихи таъсисёбӣ. Стансияи таҷрибавии ҷумҳуриявӣ доир ба чорводорӣ 30 декабри соли 1930 дар назди Комиссариати халқии кишоварзии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки он аввалин муассисаи илмии соҳавии кишоварзӣ дар мамлакат ба шумор мерафт. Он ба тадқиқотҳои ҳамаҷонибаи соҳаи чорводорӣ ибтидо гузошта, сарчашмаи инкишофи илми чорводорӣ гардид. Маҳз дар заминаи ҳамин стансия баъди дигаргунсозиҳои чандинкарата, чун маркази методии асосӣ роҷеъ ба таъмини пешбурди илми чорводорӣ, рушди истеҳсолоти ин соҳаи муҳим ва тарбия намудани олимони ҷавон соли 1971– Институти илмӣ–тадқиқотии чорводории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 майи соли 2008 №215, Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони аз 31.08.2020, №478 Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ гардид. Роҳбарони Институт: Қарақулов А.Б., академики АИКТ, д.и.к., солҳои 1989-2007; Мирзоахмедов Ш.Р. н. и. в., солҳои 2007-2008; Икромов Ф.М н. и. к., солҳои 2008-2015; Амиршоев Ф.С. д. и. б., солҳои 2015-2020. Аз ноябри соли 2020 то ҳол роҳбарии Институтро номзади илмҳои кишоварзӣ Давлатов Х.Қ. ба уҳда дорад. Сохтори Институт ва ҳайати кормандон. Дар сохтори Институт 10 шуъба ва 3 озмоишгоҳ мавҷуд аст: Шуъбаи селексия ва технологияи чорвои ширӣ, Шуъбаи селексия ва технологияи чорвои гӯштӣ, асппарварӣ ва қутоспарварӣ, Шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварӣ;    Шуъбаи селексия ва технологияи занбӯриасалпарварӣ; Шуъбаи парандапарварии интенсивӣ; Шуъбаи хӯронидани чорво ва технологияи хӯроки чорво, Шуъбаи беҳдошти чарогоҳ, Шуъбаи иттилоотию машваратӣ ва таълим, Шуъбаи татбиқи дастовардҳои илмӣ, Шуъбаи моҳипарварӣ ва харгӯшпарварӣ, Озмоишгоҳи таҳлили умумӣ, экология ва генетикаи чорво, Озмоишгоҳи биотехнологияи инноватсионии чорво, Озмоишгоҳи таҳлили сифати маҳсулоти чорво. Инчунин, дар назди Институт Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво ва филиали Институт дар вилояти Суғд фаъолият менамоянд. Дар Институт шумораи умумии кормандон 126 нафар, аз ҷумла кормандони илмӣ 60 нафар, докторони илм 9 нафар (4- нафар асосӣ ва 5-нафар ҳамкор), аз ҷумла 1 нафар академик, номзадҳои илм 26 нафарро ташкил менамоянд. Дар Институт 4 докторант, 11 унвонҷӯй, 3 магистр ва 12 доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ба корҳои илмӣ–тадқиқотӣ машғуланд. Ҳайати кормандони Институт  Равандҳои асосии фаъолият: - ба вуҷуд овардани зотҳо, типҳо, авлодҳо, дурагаҳо, кроссҳои нави сермахсули чорво, паранда ва занбӯри асал; -такмили усул ва корҳои селексионию зотпарварӣ, беҳтар намудани сифати таркибии зоти чорво, паранда, занбӯри асал, моҳипарварӣ, харгӯшпарварӣ ва афзоишдиҳии онҳо; - таҳияи асосҳои илмии истеҳсолу коркарди хӯроки чорво ва паранда, такмили меъёр ва усулҳои хӯронидан, технологияи парвариш ва нигоҳубини чорво, паранда, занбӯри асал, моҳӣ, харгӯш ва ғайра;          - таҳияи тарзу усулҳои бозтавлиди чорво, наслгирӣ, биотехнология, санҷиш ва коркарди маводу воситаҳои биологию кимиёвӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва наслнокии чорво;          - омӯзиши технологияи муосири технология ва ташхиси КДН (ДНК);          -таҳияи усулҳои беҳтаргардонии ҳолат ва истифодабарии чарогоҳҳо ва марғзорҳои табиӣ;          -тайёр намудани кадрҳои баланд ихтисоси илмӣ (докторҳо ва номзадҳои илм, магистрҳо ва докторҳои PhD).   Ҷаласаи Шӯрои олимони Институт  Дастовардҳои асосӣ ва татбиқи онҳо. Олимони Институт дар давоми 30 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гаштанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои тӯлонии пурсамар типи нави тоҷикии говҳои зоти сиёҳало, зоти аспи тоҷикӣ, зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ ва экотипи зарафшонии қутосҳои помирӣ офарида шуданд, ки ба шароити афзоишёбӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мутобиқ буда, дорои маҳсулнокии баланди босифат мебошанд. Зоти алои тоҷикии чорвои калони шохдор офарида шуда, барои тасдиқ ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Типҳои чорвои сергӯшти тоҷикӣ, шаҳринавии гӯсфандони ҳисорӣ ва типи тоҷикии занбӯри асал офарида шуда, саршумори селексионӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳод намудан ба Комиссияи давлатии апробатсионӣ омода гардидааст. Инчунин, гурӯҳҳои селексионии бузҳои серширу ранга, дурагаҳои архару гӯсфандони зотҳои ҳисорӣ, тоҷикӣ ва маҳинпашм ба вуҷуд оварда шуд. Аз ҷониби олимони институт дар соҳаи парандапарварӣ меъёрҳои самарабахши истифодаи хӯрокиҳои ғайрианъанавии маҳаллӣ (бентонит, палигорскит, чойҷуворӣ, тритикале) дар ғизои мурғони сертухм коркард гардида, кросси сермаҳсули мурғи марҷон ва зоти кабкҳо муайян карда шуд. Доир ба хӯронидани чорво меъёрҳои серғизо хӯронидани чорвои сершир ва истифодаи премиксҳои витамину минералдор дар ғизои онҳо муайян карда шуд. Дар самти омӯзиш ва беҳсозии ҳолати чарогоҳҳо, оид ба истифодабарии самараноки чарогоҳҳои баландкӯҳи Тоҷикистони Марказӣ ва Помири Шарқӣ тавсияҳо ва дастуру меъёрҳо оид ба чаронидани чорво пешниҳод карда шуд. Аз рӯи навоварӣ ва ихтироот олимон соҳиби 4 патент 1 гувоҳнома ва 8 шаҳодатномаи муаллифӣ гаштанд. Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии Институт оид ба беҳтар намудани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии чорво ва татбиқи технологияҳои муосири парвариши онҳо дар 45 хоҷагии зотпарварӣ ва деҳқонӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо саршумори 78,9 ҳазор сар, аз он ҷумла, дар самти чорвои сешир дар 14 хоҷагӣ бо саршумори 5,4 ҳазор сар; қутоспарварӣ дар 4 хоҷагӣ бо саршумори 0,5 ҳазор сар; гӯсфандпарварӣ дар 10 хоҷагӣ бо саршумори 45,4 ҳазор сар; дар самти бузпарварӣ дар 2 хоҷагӣ бо саршумори 17,3 ҳазор сар; парандапарварӣ дар 3 хоҷагӣ бо саршумори 10,3 ҳазор сар, инчунин дар самти занбӯриасалпарварӣ дар 5 хоҷагӣ дар доираи 3, 9 ҳазор оила амалӣ гардида истодааст. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 13 нафар олимон рисолаи докторӣ, 37 нафар рисолаи номзадӣ ва 14 нафар магистрӣ ҳимоя намудаанд.   Нашри корҳои илмӣ ва тарғиби дастовардҳо. Аз тарафи олимони Институт дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 66 китобу монография ва брошюра, 108 тавсияномаву дастурамал ва буклет, 885 мақолаи илмӣ нашр ва дастраси мутахассисони соҳаи кишоварзӣ гардид. Олимони институт оид ба тарғибу таблиғоти дастовардҳои илмӣ ва масоили ҳалталаби рушди соҳаи чорводорӣ тавассути садо 140 ва симо 115 маротиба баромад карданд.   Ҳамкориҳо. Олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳ бо олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Данғара, Институтҳои тадқиқотӣ-илмии чорводорӣ, парандапарварӣ, парвариши говҳои сергӯшт, бузу гӯсфандпарварии Федератсияи Русия, Донишгоҳи аграрии ш. Оренбург, Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон, Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Кемерови Федератсияи Русия, Академияи илмҳои кишоварзии ба номи Тимирязеви шаҳри Москва, Институтҳои тадқиқотӣ-илмии чорводорӣ, байторӣ ва чарогоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ва ғайра ҳамкорӣ доранд. Иштирок дар таҳияи барномаҳои рушди соҳа ва қабули қонунҳои соҳавӣ: Олимони институт дар таҳияи «Барнома дар бораи рушди парандапарварӣ барои солҳои 2007-2015», «Барномаи рушди қутоспарварӣ барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2006-2010 ва солҳои 2011-2016», «Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифодабарии чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ барои солҳои 2008-2015» ва “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар солҳои 2018-2022” саҳмгузор буданд. Дастовардҳои олимони институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла: 1 нафар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 2 нафар бо орден ва 2 нафар бо медал. Инчунин 1 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 18 нафар бо Дипломи АИКТ сарфароз гаштанд. Ҳиссагузории олимон дар рушди илми соҳавӣ. Дар пешрафти илми чорводории ҷумҳурӣ ва фаъолияти босамари институт олимони зерин саҳми арзанда гузоштаанд. Академикҳо: Алиев Ғ.А., Қарақулов А.Б., Комилзода Д.Қ. Докторони илм: Фарсиханов С.Э., Ҳайитов А., Раҳимов Ш.Т., Аҳмадалиев Н., Эргашев Д.Э., Шарипов А., Рӯзиев Т.Б., Иргашев Т.О., Ҷалолов Х.Ҷ.,Эргашев Д. Д., Амиршоев Ф.С., Назаров Н.Э. Номзадони илм: Файзуллоев Қ.Ф., Гусенов А.М., Отаева М., Сафаралиев Ғ.Қ., Икромов Ф.М., Раҷабов Н.А., Раҷабов Ф.М., Куганов Т., Хоҷаев С., Давлатов Х.Қ., Бобокалонов И.И., Норов А.Н., Охунов Б., Бозоров Ш.Э., Ахмадов Т. ва дигарон.  

    07.06.2021 14:23 

  • Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ' ИНСТИТУТИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ВА САБЗАВОТКОРӢ Таърихи таъсисёбӣ. Соли 1932 дар ҳайати Академияи Умумииттифоқии илмҳои кишоварзии ба номи В.И. Ленин – ВАСХНИЛ бо қарори Комиссариати халқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Институти илмӣ–таҳқиқотии Осиёи Миёнагии меваю ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд. Моҳи октябри соли 1956 бо қарори махсуси КМ КПСС ва Шӯрои Вазирони СССР ду Институт – Институти илмӣ- таҳқиқотии хоҷагиҳои меваю ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ ва Институти илмии таҳқиқотии умумииттифоқии субтропикии хушк якҷоя карда шуда, дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, Институти илмию таҳқиқотии боғпарварӣ, токпарварӣ ва зироатҳои субтропикии ба номи И.В.Мичурин таъсис гардид. Соли 1978 дар заминаи шуъбаҳои боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва селексияи зироатҳои субтропикии Институти илмӣ–таҳқиқотии зироаткории Тоҷикистон, Институти илмию таҳқиқотии боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон ташкил карда шуд. Соли 1987 дар натиҷаи якҷоя намудани Институти илмию таҳқиқотии боғпарварӣ, токдорӣ ва сабзавотпарварии Тоҷикистон бо шабакаи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии (ИИИ) «Боғпарвар» таъсис ёфт. Моҳи майи соли 2008 ИИИ «Боғпарвар» Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №487 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 майи соли 2008, №215 номи Институт дар таҳрири Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ тасдиқ гардид. Директорони Институт Номзади илмҳои кишоварзӣ Қосимов М.Қ., солҳои 1987 – 1993, академик, доктори илмҳои кишоварзӣ Ахмедов Т.А., солҳои 1993 – 2014, аз 29-уми марти соли 2014 то моҳи июли соли 2021 доктори илмҳои кишоварзӣ Назиров Ҳикматулло, аз 16 июли соли 2021 роҳбарии Институтро номзади илмҳои кишоварзӣ Каримзода Рустам Раҳим ба уҳда дорад. Сохтори Институт ва ҳайати кормандон. Ҳоло дар Институт 9 шуъба, 1 озмоишгоҳ, зерсохторҳо: 1 филиал, 2 стансияи минтақавӣ, 2 хоҷагии махсуси таҷрибавӣ ва 4 пойгоҳ фаъолият менамоянд. Дар Институт ва филиалу стансияҳои он, мувофиқи ҷадвали бастҳои корӣ 137 нафар корманд, аз он ҷумла 71 нафар корманди илм: аз онҳо 5 доктор ва 18 номзади илм фаъолият намуда истодаанд. 1. Шуъбаи мевапарварӣ ва буттамевагиҳо 2. Шуъбаи технологияи инноватсионии токпарварӣ 3. Шубаи технологияи инноватсионии ниҳолпарварӣ 4. Шуъбаи технологияи муосири сабзавоткорӣ 5. Шуъбаи селексия ва тухмипарварии картошка 6. Шуъбаи зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ 7. Шуъбаи ҳимояи наботот 8. Шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ 9. Шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ    Озмоишгоҳи илмию истеҳсолии биотехнологияи растанӣ Ташкилотҳои тобеи Институт 1. Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар вилояти Суғд 2. Стансияи таҷрибавии Файзобод 3. Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ 4. Хоҷагии таҷрибавии Сунбула 5. Хоҷагии таҷрибавии Мӯъминобод 6. Пойгоҳи Лахш 7. Пойгоҳи Ашт 8. Пойгоҳи Исфара 9. Пойгоҳи Сомғор Ҳайати кормандони Институт  Раванди асосии фаъолият. Ба вуҷуд овардани навъҳои нави дарахтони мевадиҳанда, ангур ва зироатҳои сабзавотии серҳосили ба касалию тағйирёбии иқлим устувор, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо, пурра кардани навъҳои ноҳиябандишуда, коркарду мукаммалгардонии технологияи парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ток, тухмипарварии зироатҳои сабзавотӣ, картошка ва таҳияи силсилаи чораҳои ҳифзи онҳо аз касалию ҳашарот мебошад.  Ҷаласаи Шӯрои олимони Институт Дастовардҳои асосӣ. Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ Институти боғпарварию сабзавоткорӣ ва Филиали он дар вилояти Суғд ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, дастовардҳои илмро дар истеҳсолоти кишоварзӣ зина ба зина ба таври васеъ ҷорӣ намуд. Олимони Институт 79 навъи серҳосили дарахтони мевадиҳанда, зироатҳои сабзавотию картошкаро офариданд, ки 36-тои онҳо минтақабоб гардид. Аз ҷумла: 5 навъи шафтолу: “Гулдор” (1993), “Сунбула” (1993), “Равшан” (1996), “Озода” (1997), “Зарнигор” (2009); 5 навъи зардолу: “Серҳосил” (2000), “Аҳмадӣ” (2006), “Хуҷандӣ” (2007), “Ленинободӣ” (2011), Нишонӣ (2018); 1 навъи нок: “Дилрабо” (2011); 1 навъи ангур: “Миёна”(2006); 1 навъи сабзӣ: “Тиллоранг” (2011); 11 навъи картошка: “Заррина” (2007), “Дӯстӣ” (2013), “Файзобод” (2013), “Шукрона” (2014), “Каримӣ” (2014), “Рашт” (2014), “Овчӣ” (2015), “Нурӣ” (2015), “Тоҷикистон” (2015); “Дурахшон (2017), “Сурхоб” (2017); 2 навъи пиёз: “Аброрӣ” (2009), «Ҳисорӣ» (2014); 1 навъи бодиринг “Беназир” (1994) ва ба 1 навъи қаламфури тез “Серҳосил” (2016) ва ғайра. Навъҳои шафтолу: «Лаъл» (2008), «Нурафшон» (2009); зардолу: «Шифо» (2007), себ: “Зардсеби тирамоҳӣ” (2008); хурмо «Шарқӣ» (2020), «Шоҳона» (2020); лиму: “Тоҷикӣ” (2020), “Балхӣ” (2020); ангур: «Сарвар» (2008), «Ваҳдат» (2008), дурагаи 54-37 (2008) “Ватан” (2020), “Ёқути сурх” (2020), “Президент” (2020), “Неъмат” (2020); чормағзи навъи Ф-5-26 (2008), картошка: “Тобон” (2014), “Ғончӣ” (2014); пиёз: «Сомонӣ» (2008); пиёзи анзур: «Суғдиён» (2008), «Дилкушо» (2008); қаламфури тез: “Ханҷар” (2009), “Зулфи сурх” (2009), “Рарз” (2020); мош “Марворид” (2019), “Муаттар” (2019); боимҷон: “Дӯстӣ-1” (2020), “Дӯстӣ-2” (2020); райҳон: “Зирарайҳон” (2020) ва ғайра дар озмоиши Комиссияи навъсанҷӣ қарор доранд. Инчунин, олимони Институт барои ихтирои “Усулҳои шинонидани ниҳолҳои растанӣ” аз тарафи Феҳристи ташкилоти Авруосиёии патентӣ дар Федератсияи Россия №031342 аз 28.12.2018 соҳиби патенти Авруосиё ва ихтирои “Доми автоматии феромондор бар зидди ҳашароти зараррасон” соҳиби нахустпатент ва навъовариҳои «Системаи биореактории анаэробии камандозаи бисёрсатҳа», “Тарзи обёрии растаниҳо бо воситаи микроҷӯяк” “Чизел култиватор ЧКУ-2,0”, “Тарзи коркарди пешазкиштии хок бо ворид кардани нуриҳои минералӣ”, “Узви кории ротатсионии беҳаракатовар”, “Органи кории марказӣ (сошник) барои шинонидани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда” соҳиби 6 гувоҳнома гардиданд. Олимони филиали Институт дар вилояти Суғд соли 2020 оид ба ихтирои “Органи корӣ барои пошидани нуриҳои органикӣ”, “Тухмипошак барои кишти қатории тухми пиёз” ва «Сохтор ба дорупошак барои коркарди дарахтони боғӣ ва токзор» аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 1 - нахустпатент, 2 - шаҳодатнома (№ТJ1055; №ТJ1045; №ТJ1046) гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи давлатии моликияти зеҳнӣ ва инноватсионии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон (Қирғизпатент), ба олимони институт оид ба ихтирои таҷҳизоти “Гелиосушилка теплица-термос» ба олимони институт Нахустпатенти №341 аз 22.02.2020, 02/597 дода шуд. Баробари ин, олими Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ аз тарафи Академияи табиатшиносии Россия дар намоиши китоб бо “Дипломи байналмилалии Нобелӣ” №1314 аз 29 июли соли 2020 сарфароз гардонида шуд. Технологияҳои дар як давра парвариш кардани ниҳолҳои дарахтонии мевадиҳанда, шафтолу, бодом, ниҳолҳои қадпаст бо истифодаи пайванди мобайнӣ, меъёри додани нуриҳои маъданӣ бо усули манбагӣ дар токзорҳои навъи Султонӣ (Ҷавз), хушконидани мева дар мевахушкунакҳои нақбшакл, олотмошини мукаммалгардонидашуда барои коркарди байни қаторҳои токзор ба кишоварзон пешниҳод гардида, таҳияи як қатор технологияҳои нав барои шароити минтақаҳои ҷумҳурӣ идома дорад. Аз тарафи олимон технологияҳои парвариши дарахтони донакдор дар як давраи нашъунамо, хушконидани мева ва коркарди байни қаторҳои ток дар шароити Тоҷикистон такмил дода шуда, ҷо ба ҷо- гузории навъҳои дарахтони мевадиҳанда, зироатҳои сабзавотӣ ва картошка вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, таҳия гардид. Инчунин, технологияи бунёди боғҳои интенсивӣ дар хоҷагиҳои зертобеи Институт, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои назди ҳавлигӣ ба роҳ монда шуд. Технологияи парвариши ниҳол бо решаи пӯшида дар шароити Тоҷикистон аз тарафи олимони институт такмил дода шуд, ки тавассути он новобаста ба фасли сол ва беталафот, ниҳолро барои бунёд кардани боғ истифода бурдан мумкин аст. Технологияи парвариши ниҳол бо усули пайванди мобайнӣ имконият фароҳам овард, ки дар заминҳои лалмии бо намӣ таъмин аз чунин ниҳолҳо боғҳои серҳосил бунёд карда шаванд. Инчунин, олимони Институт технологияи афзоишдиҳии ниҳолҳои қадпастро тавассути қаламчаи реша, навда ва фарғуч такмил дода истодаанд. Олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ аввалин маротиба бо усули қаламча парвариши картошкаро дар шароити таҷрибавӣ ба роҳ монданд. Ин усул имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа 3-4 маротиба аз ҳисоби сарфаи тухмӣ афзун гардида, тухмии босифат истеҳсол шавад. Ин тарзи парвариш одӣ буда, имконият медиҳад, ки дар давоми сол бемаҳдуд аз майдони картошказор қаламча гирифта, зиёд карда шавад. Технологияи парвариши пиёз аз ниҳолча ва аз пиёзак низ кор карда баромада шуд, ки бо ин тарз дар муҳлатҳои гуногун парвариш кардани пиёз имконпазир гардид. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ. Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар 30 соли Истиқлолият пурсамар фаъолият намуда, ба мактаби тайёр кардани кадрҳои соҳаи боғпарварӣ ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ ва ҳимояи растаниҳо табдил гаштааст. Дар остонаи он мутахассисони баландихтисос ба воя расида, дар рушди соҳаҳои мухталиф дар ҷумҳурӣ ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Дар ин давра 21 рисолаи номзадӣ, 5 докторӣ ва 6 магистрӣ дифоъ карда шуд. Ҳамкориҳо. Ҳамкории судманди олимон бо Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти биотехнологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази миллии захираҳои генетикӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва филиали он дар шаҳри Хуҷанд, ДДТ-и “Ҳуқуқ, бизнес ва муносибати байналхалқӣ”-и шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи кӯҳии металлургияи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ оид ба пурзур намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ идома дорад. Ҳамчунин, Институт бо кафедраи сабзавоткории Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва, Институти илмию таҳқиқотии умумироссиягии растанипарварӣ (ВИР), ба номи академик Н.И.Вавилови шаҳри Санкт-Петербург, Институти Умумироссиягии картошкапарварӣ (шаҳри Люберсии вилояти Москва) ва Институти Умумироссиягии сабзавоткорӣ (шаҳри Раменски вилояти Москваи Федератсияи Русия), Институти илмию таҳқиқотии боғдорию сабзавоткории Урали Ҷанубии Федератсияи Русия, Институти растанипарварии шаҳри Тошканд-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Институти байналхалқии захираҳои генетикии растаниҳо (IPGRI, Италия), Университетҳои миллии аграрии ҷумҳурии Қирғизистон ба номи К.И. Скрябин, Донишгоҳи аграрии ба номи И.В.Вавилов-и (шаҳри Саратови Федератсияи Русия) ва Донишгоҳи аграрии шаҳри Кубани вилояти Краснодари Федератсия Русия), Маркази Умумиҷаҳонии сабзавоткорӣ (АVRDS), Маркази Ҷаҳонии картошка CIP (Лима, Перу), Институтҳои мевапарварӣ ва картошкапарварии Ҷумҳурии Белоруссия оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Фаъолияти интишорӣ. Дар муддати 30 соли Истиқлолият олимони Институт оид ба масъалаҳои гуногуни боғдорию сабзавоткорӣ садҳо китобу дастурҳои методӣ, маводҳои илмӣ ва тавсияномаҳоро нашр намуда, ба хоҷагидорон пешниҳод намуданд. Дастовардҳои илмӣ ба воситаи филмҳои ҳуҷҷатӣ, овезаҳо, инчунин суханрониҳо ба воситаи садо ва симо тарғибу ташвиқ гардидаанд. Аз маводҳои нашршуда, китобҳои: Каримов Б. «Возделывание оздоровленного картофеля в Таджикистане», 1998, 60с; Абдурахмонов Н.О. «Вирусные заболевания и бактериальный рак виноградного куста в условиях Таджикистана и способы борьбы с ними», 1997, 130с; Ахмедов Т.А. «Удобрение овоще-бахчевых культур в Таджикистане», 2004, 194 с; Назиров Ҳ.Н. «Местные сорта яблони Таджикистана», 2011, 104 с; Ахмедов Т.А. ва дигарон «Зардолуи Тоҷикистон» (ба забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ), 2012, 190с., Партоев Қ., Салимов А.Ф., Каримов Б. «Картошка ва парвариши он дар Тоҷикистон», 2014, 180с., Назиров Ҳ.Н., Камолов Н., Мамадалиева М. «Анорпарварӣ», 2017 зикр намудан лозим аст, ки арзиши илмию истеҳсолӣ доранд. Дар ин давра аз тарафи олимони Институт 13 китоб, 1 монография, 22 брошюра, 171 тавсиянома ва дастурамал, 20 буклет, 410 мақолаи илмӣ, 5 маҷмӯи мақолаҳои илмӣ, 4 маҷмӯаи мақолаҳои конференсия, 32 номгӯи тезису маърӯзаҳо нашр гардидааст. Олимон тавассути садо ва симо оид ба мавзӯъҳои марбутаи соҳа мунтазам суҳбату баромадҳо намуданд. Дастовардҳои олимони Институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла: 1 нафар бо орден ва 2 нафар бо медал. Инчунин 1 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони Олими беҳтарини сол ва 14 нафар бо Дипломи АИКТ сарфароз гаштанд. Олимоне, ки дар пешбурди илми соҳа ҳиссаи арзанда гузоштаанд: Соҳаи мевапарварӣ - Назиров Ҳ.Н., Шомуродова С.Б., Холов Ҳ. Камолов Н., Маҳмадаминов С., Бойматов Т.Э., Янгибоев Д., Қориев Б.А., Эргашева М.А., Сафаралиев Х.Ф., Охунҷонов А. ва дигарон. Ситрусию субтропикӣ - Эшонқулов У.Э., Рукниддинов Қ., Мухамедов А.Х., Султонҷонов Н.А., Загребельний И.А. Ангурпарварӣ - Савченко А.Д., Раҷабов Қ.Р., Азимов А.Р., Абдурахмонов Н.А., Юсупов Ю., Шокиров Б., Маҳмадқулов Х., Қаландаров Р., Азимов А.Ҷ. Сабзавоткорӣ - Ахмедов Т.А., Арзаниев О., Эшонкулова Р.У., Сулангов М., Бобоев М. М., Сагинов Б., Баротов Ф. Картошкапарварӣ - Каримов Б., Партоев К., Акрамов А. Ҳифзи растаниҳо - Тошматов Б.А., Маҳмудов Д., Солиҳов А., Абдураҳмонов М.И., Мустафоқулов У., Толиҳов Ҷ., Султонова М., Уроқов Б.Э. Коркард ва нигоҳдории меваю сабзавот - Буҳодуров Ш., Ваҳобов А. ва дигарон.  

    07.06.2021 14:18 

  • Институти зироаткорӣ'                                                                ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБӢ.         Соли 1932 Стансияи давлатии селексионию лалмикории Тоҷикистон таъсис дода шуд.  Соли 1956 дар заминаи муассисаи мазкур Институти илмию тадқиқотии зироатпарварии Вазорати хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон ташкил гардид ва он то соли 1987 фаъолият намуд. Соли 1987 ин муассиса ба Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Зироаткор» табдил дода шуда, то соли 2008 фаъолияти худро идома дод.Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 215 муассисаи мазкур Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.Дар солҳои гуногун дар пойгоҳи муассиса якчанд институтҳои соҳавӣ: с.1971 – Институти чорводорӣ; с.1978 – Институти боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ; с.1985 – Институти иқтисодиёти кишоварзӣ; с.2007 – Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ ташкил гардида, ҳоло ин муассисаҳо мустақилона фаъолият менамоянд.                                                        РОҲБАРОНИ МУАССИСА.     Тайи солҳои 1991-2000 роҳбарии Институти зироаткории АИКТ-ро олимони зерин ба уҳда доштанд:- Эшонов Ислом Эшонович - доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИКТ, солҳои 1985-1996.- Садриддинов Сайфиддин - номзади илмҳои кишоварзӣ (1996-2001).- Бухориев Толибек Аҳмадович - доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИКТ (2001-2008).- Саидов Саидҷамол Тоҷиддин - доктори илмҳои кишоварзӣ, аъзои вобастаи АИКТ (2008-2014).- Асозода Нуралӣ Маҳмадулло - доктори илмҳои кишоварзӣ,  академики АИКТ  (2014-2016).- Саидзода Раҳмон Фатҳулло - номзади илмҳои кишоварзӣ, аз соли 2016 то инҷониб роҳбарии институтро ба уҳда дорад.                      СОХТОРИ ИНСТИТУТ ВА ҲАЙАТИ КОРМАНДОН.  Дар Институти зироаткорӣ 9 шуъба, 4 озмоишгоҳ ва ташкилотҳои тобеъ фаъолият менамоянд:1.    Шуъбаи селексия, технологияи ва тухмипарварии пахтаи миёнанах2.    Шуъбаи тухмипарварии зироатҳои ғаллагӣ, лӯбиёгӣ ва хӯроки чорво3.    Шуъбаи селексияи зироатҳои лӯбиёгӣ4.    Шуъбаи кимиёи агрономӣ5.    Шуъбаи обёрӣ6.    Шуъбаи селексияи зироатҳои равғандиҳанда7.    Шуъбаи ҳифзи растаниҳо8.    Шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ9.    Шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ10.  Озмоишгоҳи самаранок истифодабарии заминҳои корами обёришаванда11.  Озмоишгоҳи тухмипарварии пахтаи миёнанах12.  Озмоишгоҳи селексияи гандум ва ҷав13.  Озмоишгоҳи селексияи ҷуворимакка ва лӯбиёи чинӣ-      Филиал дар вилояти  Суғд-      Филиал дар вилояти Хатлон-      Стансияи таҷрибавии Панҷакент-      Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор»-      Хоҷагии таҷрибавии “Зарнисор”-     Стансияи минтақавии таҷрибавии кишоварзии Данғара-     Пойгоҳи Суғдиён.Барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар институт ва муассисаҳои тобеи он 279 нафар корманди илмию техникӣ сафарбар гардидаанд, ки аз онҳо 89 нафар корманди илмӣ, 4 доктори илм, 24 номзади илм, кормандони илмии беунвон 61 нафар ва ҳамкор 3-академики АИКТ, 3 доктори илм ва 2 номзади илм мебошанд. Ҳайати кормандони Институт                                                    РАВАНДҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ.   Корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар самтҳои зерин иҷро карда мешаванд: селексия ва тухмипарварии ибтидоии зироатҳои пахта, ғаллагиҳо, лӯбиёгӣ, хӯроки чорво, равғандиҳанда, кор карда баромадани технологияи муосири парвариши онҳо, аз ҷумла кимиёи агрономӣ, обёрии зироатҳо, истифодабарии самараноки заминҳои корами обӣ, ҳимояи растаниҳо ва  шолию тамоку.Институти зироаткорӣ ва муассисаҳои зертобеи он корҳои илмӣ таҳқиқотиро дар доираи 13 мавзӯъ, аз он ҷумла 8 мавзӯъ дар Институти зироаткорӣ (сармуассиса); 2 мавзӯъ дар филиали институт ш.Бохтар, в.Хатлон; 2 мавзӯъ дар филиали институт дар вилояти Суғд ва 1 мавзӯъ дар Стансияи таҷрибавии Панҷакент иҷро шуда истодааст. Љаласаи Шўрои олимони Институт                                                             ДАСТОВАРДҲОИ АСОСӢ.   Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-2020) олимони институт зиёда аз 260 навъи зироатро офариданд, аз ҷумла 66 навъи пахта: миёнанахи «Меҳргон», «Сорбон», «Суғдиён-2», «Зарнигор», «Ирам-1МН», «Хуҷанд-67», «Хуҷанд-05», ВД-11, «Назирӣ», «Зироаткор-64», «Ориёӣ», «Сайёд», «Зафаробод-40», «Лочин», «Неъмат», «Шарора-1020», «Дӯстӣ-ИЗ», Б-70, «Тоҷикистон», «Меҳргон-2», «Гулистон», 8605-В, «Ҳисор», «Пулотон», «Исписор-1», «Сарвар», «Исписор-2», «Имомназар-74», «Вафо», «Самадов-90», «Зироаткор-15», “Фаровон-20”, “Зуҳал”, “20-солагии Истиқлолият”, “Фаровон-20”, “Хатлон”, “Хатлон-2011”, “Хатлон-2014”, “Насими Вахш”, “Деҳқон”, “Сабз-Н”, “Искандар”, “Тезпур”, “Деҳқонбобо”, “Меҳнат”, “Деҳқонбой-И”, “Нодир”, “Зебо”, “Яҳё-110”, “Бӯстон”, “Амирхон”; маҳиннахи 9326-В, 8809-В, 750-В, «Хуҷанд-01МН», 748-В, «Авесто», В-2407, В-2918, 2928-В, 2379-В, 2407-В,  «10-солагии Истиқлолият»,  «Красичков-100»; дурагаҳои F1- байни намудҳои «Назирӣ-1» ва «Назирӣ-2»; 32 навъи гандум: сахтдонаи «Шамъ», «Президент», «Шарора», “Лалмикор-2”; мулоимдонаи «Зафар», «Алекс», «Норман», «Ориён», «Сомонӣ», «Зироат-70», «Садоқат», «Тоҷбахт», «Зарафшон», «Юсуфӣ-40», «Файзбахш», «Шокирӣ», «Тоҷикистон-60», «Озода», «Тасикар», «Ормон ИЭ», «Иқбол», «Роҳбар», “Бохтар” “Лалмикор-1”, “ИЗ-80”, “АИКТ-20”, “Шумон”, “Фарҳодӣ-60”, “Истиқбол”, “Фалғар”, “Қаҳрабо”, “Бобо-80”; 6 навъи ҷав: «Баракат», «Пӯлодӣ», «Истиқлол-16», «Ситора», «Ифтихор-86», “Меҳан”; 3 навъи тритикале: «Акбар», «Умед», «Умар» , 1 навъи ҷавдори В-128; 1 навъи сулии «Тоҷикӣ-70», 4 навъи нахуд : «Ҳисор-32», «Баҳор»; «Сино», “Ҷашни Ҳисор”, 2 навъи наск: «Ҳисор-1», «Соҳибӣ»; 2 навъи мушунг: «Серҳосил», «Бадахшонӣ»; 10 навъи ҷуворимакка: «Шӯҳрат», «Дилшод», «Аскар», «Зоҳир», “Зарафшон”, “Баракат”, “Ҳосилот”, “Истиқлол”, “Сайҳун”, “Тезрас”; 1 навъи кунҷиди «Шаҳноза», 1 навъи чормағзи заминии «Тоҷикӣ-15», 2 навъи маъсар: «Шифо», “Шодмон”; 2 навъи зағири «Ҳисор-10», “Зарддона”; 1 навъи офтобпарасти “Нурафшон”, 3 навъи ҷувори: «Фирӯз-355Б», «Марҷон-783Б», “Бисёрдарави 129-В”, 3 навъи юнучқа: «Вахш-416», «Вахш-429», “Вахш-471”; 1 навъи арзани “Дурахшон”; 2 навъи алафи судони:«Шарқ» ва «Хуҷанд», 1 навъи лӯбиёи чинии беҳтаркардашудаи «Ситора»; 1 навъи шабдари «Вахш-17»; 1 навъи берсими «Хатлон-3»; 2 навъи шоли: «Саразм» ва “Панҷрӯд”, 2 навъи тамоку: “Заррин”, “Каёнӣ”ва ғайра.Ҳамзамон, дар муддати 30-сол бо 154 навъу дурагаи зироатҳо минтақабоб гардиданд, аз он ҷумла 32 навъи пахта: миёнанахи «Меҳргон», «Гулистон» (с.1994), «Ҳисор», «Пулотон» (с.1999), «Сорбон» (с.2001), «Суғдиён-2» (с.2002), «Зарнигор», «Хуҷанд-67», «Ирам-1МН» (с.2005), ВД-11, «Назирӣ» (с.2008), «Зироаткор-64» (с.2010), “20-солагии Истиқлолият” (с.2011),  “Ориёӣ” (2011), “Шарора-1020” (с.2012), “Дӯстӣ-ИЗ” (с.2012), “Неъмат” (с.2013), “Б-70”, (с.2014), “Лочин (с.2014)”, “Тоҷикистон (с.2015), “Хатлон-2011” (с.2015), “Фаровон-20” (с.2016), “Зуҳал” (с.2016), “Тезпур” (с.2016); маҳиннахи 9326-В (с.1991), 8809-В (с.1993), 750-В, 2407-В  (с.1996), «Хуҷанд-01МН» (с.2006), 748-В (с.2009), “Авесто” (с.2011); 20 навъи гандум: сахтдонаи «Шарора» (с.1996), «Шамъ» (с.2003), «Президент» (с.2006),  мулоимдонаи «Зафар» (с.2004), «Алекс», «Норман» (с.2007), «Ориён», «Ормон», «Сомонӣ» (с.2008), «Зироат-70» (с.2009), “Садоқат” (с.2011), “Ориён” (с.2013), “Файзбахш” (с.2015), “Шокирӣ” (с.2015), ИЗ-80 (с.2015) ва “Фарҳодӣ-60” (с.2015), “Лалмикор-1” (с.2016), “Шумон” (с.2016); 3 навъи ҷав: «Ифтихор-86» (1991), «Баракат» (с.2002), «Пӯлодӣ» (с.2010); 2 навъи тритикале: «Акбар» (с.1997), “Умед” (с.2011); 1 навъи сулӣ: “Тоҷикӣ-70” (с.2014);  1 навъи ҷавдори В-128 (с.1995); 3 навъи нахӯди «Ҳисор-32» (с.2009), “Сино” (с.2012); 3 навъи наск: «Ҳисор-1» (с.2009), «Ҳисор-5» (Соҳибӣ, с.2011); 1 навъи мушунги хӯрока: «Серҳосил» (с.2008); 6 навъи ҷуворимакка: «Шӯҳрат» (с.1992), «Дилшод» (с.1999), «Аскар» (с.2010), “Зарафшон” (с.2012), “Ҳосилот” (с.2016); 1 навъи шолии “Саразм” (с.2011); 1 навъи кунҷиди «Шаҳноза» (с.2009), 1 навъи чормағзи заминии «Тоҷикӣ-15» (с.1999), 1 навъи маъсари «Шифо»(с.2004); 1 навъи зағири “Ҳисор-10” (с.2011); 3 навъи ҷуворӣ: «Фирӯз-355Б», «Марҷон-783Б» (с.2009), бисёрдараваи 129-В (с.1993);  2 навъи юнучқа: «Вахш-416» (с.1993), «Вахш-429» (с.2009); 2 навъи алафи судонӣ: «Шарқ» ва «Хуҷанд» (с.2004), 1 навъи лӯбиёи чинии беҳтаркардашудаи «Ситора» (с.1999); 1 навъи шабдари «Вахш-17», 1 навъи берсими «Хатлон-3» (с.1992) ва ғайра.Дар самти селексияи зироатҳои кишоварзӣ институт соҳиби 86 патент ва зиёда аз 292 шаҳодатномаи муаллифӣ гардид.Тайи 30 соли охир навъҳои пахтаи маҳиннахи клейстогамии (гулаш пӯшида) “Хуҷанд-01М” (соли 2006) , “Авесто”  ва миёнанахи “20-солагии Истиқлолият”(с.2011) минтақабоб гардиданд, ки ин дар соҳаи пахтакории ҷаҳонӣ бори аввал буда, дастоварди беназир мебошад.   Дар солҳои истиқлолият дар Институти зироаткорӣ ва зерсохторҳои он зиёда аз 18786 тонна тухмиҳои хушсифати зироатҳои ғаллагиҳо, лӯбиёгиҳо, хӯроки чорво ва равғандиҳанда истеҳсол карда шудааст, ки аз он 668 тонна суперэлита; 1498 тонна элита; 7533 тонна репродуксияи якӯм; 8365 тонна репродуксияи дуюм ва 723 тонна репродуксияи сеюмро ташкил медиҳад.Барои иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №338 аз 04.08.1997 “Оиди чорабиниҳо дар бораи истифодабарии конҳои фосфоритӣ бо мақсади ба кор бурдани онҳо дар хоҷагии халқ” дар давоми солҳои 1996-2005 дар Институти зироаткорӣ имконпазир будани истифодабарии фосфорити маҳаллӣ ҳамчун нурии фосфорӣ дар зироатпарварӣ муайян карда шуд. Дар натиҷаи тадқиқотҳо самаранокии ордаки фосфорити конҳои мавзеи Қаратоғ, Хоҷачилдиёр, Зиддеҳ ва Панҷакент илман асоснок карда шуд. Натиҷаҳо  нишон доданд, ки дар ҳолати пурра иваз намудани суперфосфати заводи бо ордаки фосфорити маҳаллӣ вобаста ба намуди хок ва меъёри истифода бурдани фосфоритҳои маҳаллӣ, ҳосилнокии пахта ба миқдори 14-39 %; гандум, ҷуворимакка 18-30%; юнучқа 30-35 %; картошка 15-40 %; бодиринг  16-28 %; сабзӣ 17-39 %; помидор  30-35 %; пиёз  20-58 % ва карам 36-85% зиёд мегардад.   Олимони институт доир ба коркарди технологияи парвариши зироатҳои пахта, гандум, ҷав, ҷуворимакка, нахуд, юнучқа тадқиқотҳо гузаронида, барои навъҳои минтақабобшуда ва ояндадор меъёрҳои муътадили ворид намудани нуриҳои маъданӣ ва меъёри мусоиди обёриро муқаррар ва илман асоснок намуданд, ки барои рӯёнидани ҳосили баланд мусоидат намуданд.Бо мақсади зиёд намудани тухмии зироатҳои фосилавӣ (мушунг, рапс, ҷав, сулӣ, офтобпараст) дар кишти асосӣ ва такрорӣ дар натиҷаи таҳқиқот ба деҳқонон тавсияҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳои обӣ пешниҳод гардиданд.Дар натиҷаи таҳқиқот муайян карда шуд, ки аз парвариши гандуми тирамоҳии навъи “Алекс” дар кишти асосӣ ҳосили зиёда аз 50 с/га; аз кишти такрории ҷуворимакка ҳосили 60-70 с/га дон, анбӯҳи сабз 300-350 с/га ва офтобпараст 15-20 с/га дон рӯёнида шуда, бо ин усул истифодаи самараноки заминҳои корами обёришаванда таъмин мегардад.   Олимони институт дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои ба соҳа алоқаманд, тавсияҳоро доир ба парвариши зироатҳои такрорӣ ва истифодабарии самараноки заминҳои обӣ дастраси хоҷагиҳои фермерӣ гардониданд, ки дар он усулҳои гирифтани 2-3 ҳосил аз 1 га замин оварда шудааст.Дар заминҳои обёришавандаи шӯрии хокашон миёна ва пасти мавзеи Қараланги н. Бохтар натиҷаҳои илмӣ нишон доданд, ки дар заминҳои шӯрии хокашон миёна парвариши зироатҳои пахта, ҷуворӣ ва юнучқа мувофиқи мақсад буда, аз байни зироатҳои ғалладонагиҳо ба хокҳои шӯриашон паст ва миёна тритикале устувор мебошад.Таҳқиқотҳо доир ба технологияи самараноки захираи намӣ нишон доданд, ки дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини баландкӯҳи ноҳияи Шӯробод дар ҳолати коркарди хок дар чуқуриии 40 см ҳосилнокии анбӯҳи сабзи юнучқа беҳтар мегардад.Аз таҳқиқоти дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини Водии Ҳисор иҷрогардида маълум шуд, ки барои гирифтани ҳосили баланди дони мушунг, зағир ва маъсар гузаронидани коркарди хок дар қабати 20-30 см аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахш мебошад.Бори аввал дар шароити Тоҷикистони Марказӣ технологияи сарфакунандаи нерӯ бо роҳи истифодаи тухмипошаки кишти сифрии зироатҳои ғалладонагӣ татбиқ гардид, ки зимни истифодаи он ҳосилнокии гандум ба 45-50 с/га расида, хароҷоти сӯзишворӣ дар 1 га нисбат ба технологияи муқаррарӣ то 60% сарфа карда мешавад.   Дар натиҷаи тадқиқот доир ба технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ мошинаи КМ-2,4 «Зироаткор», барои коркарди хок, воридсозии нуриҳои минералӣ, тартиб додани пуштаҳо ва дар болои онҳо кишт кардани зироатҳои ғалладонагӣ ва сабзавотӣ истифода карда шуд. Дар асоси таҳқиқоти бисёрсола муайян карда шуд, ки дар шароити заминҳои лалмии аз боришот таъмини Тоҷикистони Марказӣ, ҳосилнокии дони навъҳои нахӯд ва наск аз таъсири штаммҳои биологӣ зиёд гардида, гузаронидани шудгор дар чуқурии 25 см кишти васеъқатори байнашон 45х60 см барои зиёд намудани ҳосилнокии наск ва нахӯд мусоидат менамояд.Дар натиҷаи таҷрибаҳо исбот карда шуд, ки бо истифодабарии ҳашаротҳои фоидаовари тиллочашмак ва хабрабракон дар якҷоягӣ бо парвариши растаниҳои шаҳддиҳандаи хуҷаста, шибит, райҳон, ҷамбил ва ҳино дар киштзори пахта самаранокии ҳимояи пахтаро аз зараррасонҳо дар тамоми давраи нашъунамои он бе коркарди химиёвӣ таъмин намудан имконпазир аст. Ҳосилнокии пахта аз ин ҳисоб то 20% меафзояд.Олимони институт дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 20 конференсияи байналмилалӣ, 41 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 70 семинари ҷумҳуриявӣ ва 200 рӯзи саҳроӣ ташкил намуда, дар 600 чорабинии омӯзишии дохилу хориҷи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.                                            ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ.   Дар асоси Фармони Хадамоти Федералии назорати соҳаи маориф ва илми назди Вазорати маорифи Федератсияи Россия, аз 01.10.с.2010,  №2472-613, бори аввал дар назди Институти зироаткорӣ Шӯрои махсуси диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои 06.01.01 – зироатпарварии умумӣ ва 06.01.05 – селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ таъсис гардида, дар он 5 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадӣ бомуваффақият ҳимоя карда шуд.Ҳоло дар асоси Фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.10.с.2020, таҳти №207/шд дар назди Институти зироаткории АИКТ Шӯрои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисосҳои 06.01.05-селексия ва тухмипарварии растаниҳои кишоварзӣ ва 03.02.13- хокшиносӣ фаъолият дорад.Дар шуъбаи рӯзонаи аспирантура 3 нафар, магистратура 11 нафар ва доктарантура аз рӯи ихтисос (PhD) 5 нафар таҳсил менамоянд.Дар ин муддат 30 рисолаи номзадӣ, 10 докторӣ ва 28 магистрӣ дифоъ гардид.                                                             ҲАМКОРИҲО.   Ҳоло ҳамкориҳои олимони институт бо муассисаҳои соҳавии мамлакатҳои хориҷӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Аз  ҷумла,  бо Институти растанипарварии Федератсияи Россия (ВИР), ташкилотҳои байналмиллалии СИДА, ИКАРДА, СИММИТ, ИКРИСАТ, Донишгоҳи иёлоти Мичигани ИМА, Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Синтсзяни Ҷумҳурии мардумии Чин, Институти илмию тадқиқотии пахтаи Назиллии давлати Туркия, Институти илмию тадқиқотии шолипарварии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Институти зироаткории Озарбойҷон ва муассисаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ). Дар чорчӯбаи ҳамкорӣ мубодилаи маводҳои селексионии зироатҳои техникӣ, ғалладонагӣ, хӯроки чорво ва равғандиҳанда дар амал татбиқ гашта, дар асоси омӯзиши навъҳои воридшуда, навъҳои нави серҳосилу ба касалиҳо устувор ва тобовар ба тағйирёбии иқлим офарида, дар истеҳсолот татбиқ карда мешаванд.   Ҳамкории институт бо ташкилотҳои инвеститсионӣ самараи хуб дода истодааст. Дар асоси ҳамкорӣ бо ташкилоти СИДА, Лоиҳаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид ва як қатор лоиҳаҳо амалӣ гашта, иқтидори истеҳсолӣ ва базаи моддию техникии институт устувор гардида истодааст.НАШРИ КОРҲОИ ИЛМӢ. Дар Институти зироаткорӣ дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 китоб, монография ва брошюра, 209 тавсияю дастур ва буклет, инчунин 880 мақола дар маҷаллаву нашрияҳои дохилию хориҷӣ нашр гардид.   Дастовардҳои олимони институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла: 2 нафар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо орден ва 3 нафар бо медал. Инчунин 2 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 18 нафар бо  Дипломи АИКТ сарфароз гаштанд.ДАР РУШДИ ИЛМИ СОҲАВӢ  ҲИССАИ АРЗАНДА ГУЗОШТАНД.   Академикҳои АИКТ: Эшонов И.Э., Бухориев Т.А., Асозода Н.М., аъзои вобастаи АИКТ: Саидзода С.Т.,Докторони илм: Холов Г., Пулотов Я., Норов М., Нарзуллоев Т., Домуллоҷонов Ҳ., Ҷаборов Н.Номзадони илм: Пирмаҳмадов Қ., Имомов С., Холиқов П., Раҳматҷонов У., Ҳусайнов А., Каримов З., Миникеев Р., Шарипов Р., Давлатов Т., Эсанов Р., Мусоев А., Алиев З., Эшонова З., Пулотова Ш., Яҳёев Т., Ниъматов М., Фомина Т. М., Пулодов М., Пиров Х., Холматов А, Ҷабборов П., Воҳидов А., Ҷалилов А., Ҷафаров М., Солеҳов А., мутахассисони варзида Холиқова С., Д.Шералӣ, Одинаев Б. ва дигарон.

    07.06.2021 13:31 


© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru