Тақвим

<< < Май 2021 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
26 27 28 29 30 31

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Муовини Президенти АИКТ

Sherali SСафаров Шералӣ Ҷӯраевич соли 1966 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои кишоварзӣ.

Соли 1988 факултети аграномии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро хатм намудааст.

Фаъолияти кории худро соли 1988 ҳамчун агрономи совхози «Вахш»-и ноҳияи Вахш шурӯъ намуда, солҳои 1990-1992 - мудири шуъбаи Кумитаи комсомолии ноҳияи Вахш оид ба корҳои иҷтимои-иќтисодии ҷавонон фаъолият намудааст.

Аз соли 1992 то 2019 дар мансабҳои мутахассиси дараҷаи аввали шуъбаи селексия ва тухмипарварӣ, мутахассиси пешбари Инспексияи ҷумҳуриявии тухмӣ, мутахассиси пешбари Раёсати пахтапарварӣ ва зироатҳои техникӣ, сардори шуъбаи зироатҳои техникӣ ва коркарди пахта, сардори шуъбаи зироатҳои техникӣ,   сардори Идораи зироатҳои ѓалладонагӣ ва хӯроки чорво, муовини сардори Раёсати илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ, сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2006 рисолаи номзадиро дифо намуда, аз соли 2010 докторанти Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.

Соли 2019 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вазифаҳои котиби илмӣ, сардори шуъбаи иттилоот, машварат ва таълим кор кардааст.

Муаллифи зиёда аз 20 асари илмӣ, аз он ҷумла 2 монография, 4 китоб, 14 дастури методӣ ва тавсияҳо буда, роҳбари дуюми ду унвонҷуйро ба ӯҳда дорад.

Соли 2007 бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Соли 2019 бо Сипосномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Моҳи декабри соли 2020 ба вазифаи муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.



© 2013 - 2022 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru