Тақвим

<< < Август 2013 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Ноиби Президент

 AmirshoevАмиршоев Файзулло Сафарович соли 1964 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои биологӣ, дотсент.

Донишгоҳи аграрии Точикистонро аз рӯи ихтисоси зоотехния хатм намудааст (с. 1992), доктори илмҳои биологӣ (с. 2012), дотсент (2007).  Аспирантура (с.с. 1994-1997) ва докторантураи (с.с.2009-2012) Институти умумирусиягии чорводории ба номи Л.Н. Эрнсти ш. Подольски Федератсияи Россия) аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» гузаштааст. Ассистент, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорвои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (с. 1997-2009), мудири кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводории Донишгоҳи аграрииТоҷикистон (с.с.2013-2015), декани факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Точикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (с.с. 2013-2015), директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ (2015-2020).   Муаллифи 8- китоби дарсӣ, 1- монография, 12 - дастуру тавсияномаҳо, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, 1 патент буда, роҳбарии 11 аспирантону унвончӯён ва 4 магистр ва 2 доктор (PНD) -ро ба ӯҳда дошта, 6 магистр рисолаҳои магистрӣ ва 2 – аспирант ҳимояи рисолаи номзадиро дифоъ намуда, 2 – аспирант рисолаҳои номзадии худро тайёр намудаанд.

 Соли 2014 барандаи унвони фахрии «Аълочии маориф ва илмӣ Тоҷикистон” гардид.

Соли 2018 бо Ифтихорномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Соли 2020 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардид.

4 апрели соли 2020 ба вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru