Тақвим

<< < Май 2015 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

ЭЪЛОНҲО

 

Ба маълумоти олимону мутахассисон расонида мешавад, ки бо ташабуси Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, семинари љумњуриявии илмию амалї дар мавзўи «Офаридани зоти алои тољикии чорвои калони шохдор» рўзи 30 июни соли 2022 дар шањри Хуљанд, баргузор мегардад.

Дар семинари мазкур масоили зерин баррасӣ карда мешавад.

            Кори семинар бахшњои зеринро дар бар мегирад:

  1. Зотпарварї, генетика, селексия ва такрористењсолкунї;
  2. Хўронидан ва парвариш;
  3. Технологияи истењсол ва коркарди мањсулот;
  4. Њифзї саломатии чорво;
  5. Масъалањои иќтисодї ва ташкилии истеҳсолоти кишоварзӣ.

            Маљмўи маќолањо бо ташаббуси ташкилкунандагони семинар бо забонњои тољикї ва русї аз чоп бароварда мешавад.

            Талабот барои ба расмиятдарории маводњо: дар формати чопї Microsoft Word 2003/2007/2010, бо ченакњои сањифа: андозаи А4; аз боло, поён, тарафњои рост ва чап то њудуди 20 мм, бо интервали як бо њуруфи 14 Times New Roman ќабул карда мешавад. ТДУ (УДК) дар ќисмати болоии тарафи чап љойгир мешавад.

Номи маќола бо њуруфи оддї дар марказ.

Дар сатри дуюм бо интервали дукарата ном ва насаби муаллиф бо њарфи оддї дар марказ љой дода мешавад. Дар сатри сеюм номи пурраи ташкилот, шањр ва давлат оварда мешавад. Баъдан аннотатсия дар њаљми 500 аломат ва 5-10 калимањои калидї љой дода мешавад. Номи маќола, ном ва насаби муаллиф, номи ташкилот, шањр, давлат, аннотатсия ва калимањои калидї бо забони англисї такрор мешаванд.

Баъди интервали 1,5 матни асосї аз сархат дар як сатњ бо пањної љой дода мешавад. Расмњо бояд њаљми на камтар аз 60x60мм ва на зиёда аз 110 x 170 дар формати *jpg,*bmp дошта бошанд.

Дар охири маќола рўйхати адабиётњо, ба расмиятдарорї аз рўи ГОСТ Р 7.0.5-2008 ва «иќтибос аз рўйи адабиёт» љой дода мешавад. Иќтибоси адабиёт дар матн бо ќавсњои чоркунља оварда мешавад. Њаљми маќола на кам аз 4 сањифа.

            Кумитаи тадорукот њуќуќ дорад, ки маќолањои ба талабот љавобгў набударо, рад намояд.

           Ќабули маќолањо то 10 – июн сурат мегирад.

            Кумитаи тадорукоти семинар:

Шахси масъул:

E-mail.: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Суроѓа: 734067, шањри Душанбе, кўчаи Гипрозем – 17, Институти чорводорї ва чарогоњи АИКТ, тел. 231-06-67.


 АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ТИББИ ВЕТЕРИНАРӢ

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Муҳтарам ҳамкасбон!

Тибқи қарори Раёсати АИКТ аз 28 январи соли 2022, №1 «Дар бораи нақшаи конференсияю семинарҳои илмию амалӣ, рўзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар дар муассисаҳои АИКТ барои соли 2022» Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 31 марти соли 2022 конференсияи минтақавии илмию амалиро дар мавзўи «Ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои бактериологӣ ва зоонозҳо» баргузор менамояд.

Ба конференсияи мазкур олимону унвонҷуёни донишгоҳҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва мутахаcсисони соҳаи чорводорӣ даъват карда мешаванд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

  • ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои бактериявии ҳайвонот ва зоонозҳо;
  • ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои инвазионии чорвои кишоварзӣ;
  • биобехатарӣ ва биотехнология дар соҳаи тибби ветеринарӣ;
  • Биология.

Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Талабот оид ба тайёр намудани мавод барои нашр:

Мавод дар ҳаҷми то 6 саҳифа дар шакли электронӣ қабул карда мешавад. Матн дар формати MS Word, ҳуруф Times New Roman ва Times New Roman Tj андоза – 12, ҳошияҳо 2-см, дар боло номи маърўза бо ҳарфи сарлавҳавӣ, поёнтар бо фосилаи 1,5см ному насаби муаллиф, номи муассиса.

Муҳлати пешниҳоди мавод ва дархостҳо барои иштирок дар кори конференсия то – 18 март соли 2022.

Нашри маводи конференсия. Маводи конференсия дар шакли маҷмуа то оғози кори конференсия ба нашр расонида мешавад. Муаллифон оид ба саҳҳеҳият ва эътимоднокии маълумоти фишурдаи маърўзаҳо масъул мебошанд. Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқ дорад маводеро, ки ба мазмун ва мундариҷаи мавзўъҳои конференсия ва талаботи пешниҳодгардида мувофиқ нестанд, рад намояд.

Суроға ва телефон барои тамос: тел.: 227-51-92; 985-63-63-68; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.; 734005, ш.Душанбе, кўчаи А.Қаҳҳоров 43.



© 2013 - 2022 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru