Тақвим

<< < Июн 2021 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Муовини Президенти АИКТ

      Нурзода Назар Нур соли 1992 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Доктор аз рӯйи ихтисоси мелиоратсия, барқарорсозӣ ва ҳифзи замин. Nazar N
    Соли 2017 магистратураи Донишгоҳи давлатии аграрии Волгогради Федератсияи Россияро бо дипломи сурх хатм намудааст.
    Таҳсилкардаи академии барномаи Erasmus Mundus бо забони англисӣ дар давлати Юнон мебошад.  
Фаъолияти кории худро соли 2010 ба ҳайси таъминотчӣ-тарҷумони ҶДММ “Нур-К” шурӯъ намуда, соли 2015 мудири Маркази омӯзиши компютерии факултети гидромелиоративии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур фаъолият намудааст.
    Аз соли 2017 то 2022 дар вазифаҳои лаборанти калон, мутахассиси Шуъбаи эрозияи хоки Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва сармутахассис оид ба магистратура, аспирантура ва докторантураи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.
      Соли 2021 рисолаи докторӣ (PhD)-ро дар мавзӯи “Технологияи обёрии қатрагии помидори кишти баҳорӣ дар шароити гармхонаҳои водии Ҳисор” дифо намудааст.
     Муаллифи зиёда аз 25 асари илмӣ, аз он ҷумла монография, ихтироот ва дастури методӣ мебошад.
      Соли 2019 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардид.
      Соли 2021 бо Сипосномаи Ҳизби Халиқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ шуд.
      Соли 2021 барандаи унвони фахрии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” гардид.
     Моҳи майи соли 2022 ба вазифаи муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои умумӣ таъйин гардид.
     Оиладор ва соҳиби як фарзанд.



© 2013 - 2022 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru