Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Институти зироаткорӣ

                                                                ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБӢ.
         Соли 1932 Стансияи давлатии селексионию лалмикории Тоҷикистон таъсис дода шуд.
  Соли 1956 дар заминаи муассисаи мазкур Институти илмию тадқиқотии зироатпарварии Вазорати хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон ташкил гардид ва он то соли 1987 фаъолият намуд. Соли 1987 ин муассиса ба Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Зироаткор» табдил дода шуда, то соли 2008 фаъолияти худро идома дод.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 215 муассисаи мазкур Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
Дар солҳои гуногун дар пойгоҳи муассиса якчанд институтҳои соҳавӣ: с.1971 – Институти чорводорӣ; с.1978 – Институти боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ; с.1985 – Институти иқтисодиёти кишоварзӣ; с.2007 – Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ ташкил гардида, ҳоло ин муассисаҳо мустақилона фаъолият менамоянд.
                                                        РОҲБАРОНИ МУАССИСА.
     Тайи солҳои 1991-2000 роҳбарии Институти зироаткории АИКТ-ро олимони зерин ба уҳда доштанд:
- Эшонов Ислом Эшонович - доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИКТ, солҳои 1985-1996.
- Садриддинов Сайфиддин - номзади илмҳои кишоварзӣ (1996-2001).
- Бухориев Толибек Аҳмадович - доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИКТ (2001-2008).
- Саидов Саидҷамол Тоҷиддин - доктори илмҳои кишоварзӣ, аъзои вобастаи АИКТ (2008-2014).
- Асозода Нуралӣ Маҳмадулло - доктори илмҳои кишоварзӣ,  академики АИКТ  (2014-2016).
- Саидзода Раҳмон Фатҳулло - номзади илмҳои кишоварзӣ, аз соли 2016 то инҷониб роҳбарии институтро ба уҳда дорад.

                     СОХТОРИ ИНСТИТУТ ВА ҲАЙАТИ КОРМАНДОН.
  Дар Институти зироаткорӣ 9 шуъба, 4 озмоишгоҳ ва ташкилотҳои тобеъ фаъолият менамоянд:
1.    Шуъбаи селексия, технологияи ва тухмипарварии пахтаи миёнанах
2.    Шуъбаи тухмипарварии зироатҳои ғаллагӣ, лӯбиёгӣ ва хӯроки чорво
3.    Шуъбаи селексияи зироатҳои лӯбиёгӣ
4.    Шуъбаи кимиёи агрономӣ
5.    Шуъбаи обёрӣ
6.    Шуъбаи селексияи зироатҳои равғандиҳанда
7.    Шуъбаи ҳифзи растаниҳо
8.    Шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ
9.    Шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ
10.  Озмоишгоҳи самаранок истифодабарии заминҳои корами обёришаванда
11.  Озмоишгоҳи тухмипарварии пахтаи миёнанах
12.  Озмоишгоҳи селексияи гандум ва ҷав
13.  Озмоишгоҳи селексияи ҷуворимакка ва лӯбиёи чинӣ
-      Филиал дар вилояти  Суғд
-      Филиал дар вилояти Хатлон
-      Стансияи таҷрибавии Панҷакент
-      Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор»
-      Хоҷагии таҷрибавии “Зарнисор”
-     Стансияи минтақавии таҷрибавии кишоварзии Данғара
-     Пойгоҳи Суғдиён.
Барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар институт ва муассисаҳои тобеи он 279 нафар корманди илмию техникӣ сафарбар гардидаанд, ки аз онҳо 89 нафар корманди илмӣ, 4 доктори илм, 24 номзади илм, кормандони илмии беунвон 61 нафар ва ҳамкор 3-академики АИКТ, 3 доктори илм ва 2 номзади илм мебошанд.

ZIROAR 02Ҳайати кормандони Институт

                                                   РАВАНДҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ.
   Корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар самтҳои зерин иҷро карда мешаванд: селексия ва тухмипарварии ибтидоии зироатҳои пахта, ғаллагиҳо, лӯбиёгӣ, хӯроки чорво, равғандиҳанда, кор карда баромадани технологияи муосири парвариши онҳо, аз ҷумла кимиёи агрономӣ, обёрии зироатҳо, истифодабарии самараноки заминҳои корами обӣ, ҳимояи растаниҳо ва  шолию тамоку.
Институти зироаткорӣ ва муассисаҳои зертобеи он корҳои илмӣ таҳқиқотиро дар доираи 13 мавзӯъ, аз он ҷумла 8 мавзӯъ дар Институти зироаткорӣ (сармуассиса); 2 мавзӯъ дар филиали институт ш.Бохтар, в.Хатлон; 2 мавзӯъ дар филиали институт дар вилояти Суғд ва 1 мавзӯъ дар Стансияи таҷрибавии Панҷакент иҷро шуда истодааст.

ZIROAR 0Љаласаи Шўрои олимони Институт

                                                            ДАСТОВАРДҲОИ АСОСӢ.
   Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-2020) олимони институт зиёда аз 260 навъи зироатро офариданд, аз ҷумла 66 навъи пахта: миёнанахи «Меҳргон», «Сорбон», «Суғдиён-2», «Зарнигор», «Ирам-1МН», «Хуҷанд-67», «Хуҷанд-05», ВД-11, «Назирӣ», «Зироаткор-64», «Ориёӣ», «Сайёд», «Зафаробод-40», «Лочин», «Неъмат», «Шарора-1020», «Дӯстӣ-ИЗ», Б-70, «Тоҷикистон», «Меҳргон-2», «Гулистон», 8605-В, «Ҳисор», «Пулотон», «Исписор-1», «Сарвар», «Исписор-2», «Имомназар-74», «Вафо», «Самадов-90», «Зироаткор-15», “Фаровон-20”, “Зуҳал”, “20-солагии Истиқлолият”, “Фаровон-20”, “Хатлон”, “Хатлон-2011”, “Хатлон-2014”, “Насими Вахш”, “Деҳқон”, “Сабз-Н”, “Искандар”, “Тезпур”, “Деҳқонбобо”, “Меҳнат”, “Деҳқонбой-И”, “Нодир”, “Зебо”, “Яҳё-110”, “Бӯстон”, “Амирхон”; маҳиннахи 9326-В, 8809-В, 750-В, «Хуҷанд-01МН», 748-В, «Авесто», В-2407, В-2918, 2928-В, 2379-В, 2407-В,  «10-солагии Истиқлолият»,  «Красичков-100»; дурагаҳои F1- байни намудҳои «Назирӣ-1» ва «Назирӣ-2»; 32 навъи гандум: сахтдонаи «Шамъ», «Президент», «Шарора», “Лалмикор-2”; мулоимдонаи «Зафар», «Алекс», «Норман», «Ориён», «Сомонӣ», «Зироат-70», «Садоқат», «Тоҷбахт», «Зарафшон», «Юсуфӣ-40», «Файзбахш», «Шокирӣ», «Тоҷикистон-60», «Озода», «Тасикар», «Ормон ИЭ», «Иқбол», «Роҳбар», “Бохтар” “Лалмикор-1”, “ИЗ-80”, “АИКТ-20”, “Шумон”, “Фарҳодӣ-60”, “Истиқбол”, “Фалғар”, “Қаҳрабо”, “Бобо-80”; 6 навъи ҷав: «Баракат», «Пӯлодӣ», «Истиқлол-16», «Ситора», «Ифтихор-86», “Меҳан”; 3 навъи тритикале: «Акбар», «Умед», «Умар» , 1 навъи ҷавдори В-128; 1 навъи сулии «Тоҷикӣ-70», 4 навъи нахуд : «Ҳисор-32», «Баҳор»; «Сино», “Ҷашни Ҳисор”, 2 навъи наск: «Ҳисор-1», «Соҳибӣ»; 2 навъи мушунг: «Серҳосил», «Бадахшонӣ»; 10 навъи ҷуворимакка: «Шӯҳрат», «Дилшод», «Аскар», «Зоҳир», “Зарафшон”, “Баракат”, “Ҳосилот”, “Истиқлол”, “Сайҳун”, “Тезрас”; 1 навъи кунҷиди «Шаҳноза», 1 навъи чормағзи заминии «Тоҷикӣ-15», 2 навъи маъсар: «Шифо», “Шодмон”; 2 навъи зағири «Ҳисор-10», “Зарддона”; 1 навъи офтобпарасти “Нурафшон”, 3 навъи ҷувори: «Фирӯз-355Б», «Марҷон-783Б», “Бисёрдарави 129-В”, 3 навъи юнучқа: «Вахш-416», «Вахш-429», “Вахш-471”; 1 навъи арзани “Дурахшон”; 2 навъи алафи судони:«Шарқ» ва «Хуҷанд», 1 навъи лӯбиёи чинии беҳтаркардашудаи «Ситора»; 1 навъи шабдари «Вахш-17»; 1 навъи берсими «Хатлон-3»; 2 навъи шоли: «Саразм» ва “Панҷрӯд”, 2 навъи тамоку: “Заррин”, “Каёнӣ”ва ғайра.
Ҳамзамон, дар муддати 30-сол бо 154 навъу дурагаи зироатҳо минтақабоб гардиданд, аз он ҷумла 32 навъи пахта: миёнанахи «Меҳргон», «Гулистон» (с.1994), «Ҳисор», «Пулотон» (с.1999), «Сорбон» (с.2001), «Суғдиён-2» (с.2002), «Зарнигор», «Хуҷанд-67», «Ирам-1МН» (с.2005), ВД-11, «Назирӣ» (с.2008), «Зироаткор-64» (с.2010), “20-солагии Истиқлолият” (с.2011),  “Ориёӣ” (2011), “Шарора-1020” (с.2012), “Дӯстӣ-ИЗ” (с.2012), “Неъмат” (с.2013), “Б-70”, (с.2014), “Лочин (с.2014)”, “Тоҷикистон (с.2015), “Хатлон-2011” (с.2015), “Фаровон-20” (с.2016), “Зуҳал” (с.2016), “Тезпур” (с.2016); маҳиннахи 9326-В (с.1991), 8809-В (с.1993), 750-В, 2407-В  (с.1996), «Хуҷанд-01МН» (с.2006), 748-В (с.2009), “Авесто” (с.2011); 20 навъи гандум: сахтдонаи «Шарора» (с.1996), «Шамъ» (с.2003), «Президент» (с.2006),  мулоимдонаи «Зафар» (с.2004), «Алекс», «Норман» (с.2007), «Ориён», «Ормон», «Сомонӣ» (с.2008), «Зироат-70» (с.2009), “Садоқат” (с.2011), “Ориён” (с.2013), “Файзбахш” (с.2015), “Шокирӣ” (с.2015), ИЗ-80 (с.2015) ва “Фарҳодӣ-60” (с.2015), “Лалмикор-1” (с.2016), “Шумон” (с.2016); 3 навъи ҷав: «Ифтихор-86» (1991), «Баракат» (с.2002), «Пӯлодӣ» (с.2010); 2 навъи тритикале: «Акбар» (с.1997), “Умед” (с.2011); 1 навъи сулӣ: “Тоҷикӣ-70” (с.2014);  1 навъи ҷавдори В-128 (с.1995); 3 навъи нахӯди «Ҳисор-32» (с.2009), “Сино” (с.2012); 3 навъи наск: «Ҳисор-1» (с.2009), «Ҳисор-5» (Соҳибӣ, с.2011); 1 навъи мушунги хӯрока: «Серҳосил» (с.2008); 6 навъи ҷуворимакка: «Шӯҳрат» (с.1992), «Дилшод» (с.1999), «Аскар» (с.2010), “Зарафшон” (с.2012), “Ҳосилот” (с.2016); 1 навъи шолии “Саразм” (с.2011); 1 навъи кунҷиди «Шаҳноза» (с.2009), 1 навъи чормағзи заминии «Тоҷикӣ-15» (с.1999), 1 навъи маъсари «Шифо»(с.2004); 1 навъи зағири “Ҳисор-10” (с.2011); 3 навъи ҷуворӣ: «Фирӯз-355Б», «Марҷон-783Б» (с.2009), бисёрдараваи 129-В (с.1993);  2 навъи юнучқа: «Вахш-416» (с.1993), «Вахш-429» (с.2009); 2 навъи алафи судонӣ: «Шарқ» ва «Хуҷанд» (с.2004), 1 навъи лӯбиёи чинии беҳтаркардашудаи «Ситора» (с.1999); 1 навъи шабдари «Вахш-17», 1 навъи берсими «Хатлон-3» (с.1992) ва ғайра.
Дар самти селексияи зироатҳои кишоварзӣ институт соҳиби 86 патент ва зиёда аз 292 шаҳодатномаи муаллифӣ гардид.
Тайи 30 соли охир навъҳои пахтаи маҳиннахи клейстогамии (гулаш пӯшида) “Хуҷанд-01М” (соли 2006) , “Авесто”  ва миёнанахи “20-солагии Истиқлолият”(с.2011) минтақабоб гардиданд, ки ин дар соҳаи пахтакории ҷаҳонӣ бори аввал буда, дастоварди беназир мебошад.
   Дар солҳои истиқлолият дар Институти зироаткорӣ ва зерсохторҳои он зиёда аз 18786 тонна тухмиҳои хушсифати зироатҳои ғаллагиҳо, лӯбиёгиҳо, хӯроки чорво ва равғандиҳанда истеҳсол карда шудааст, ки аз он 668 тонна суперэлита; 1498 тонна элита; 7533 тонна репродуксияи якӯм; 8365 тонна репродуксияи дуюм ва 723 тонна репродуксияи сеюмро ташкил медиҳад.
Барои иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №338 аз 04.08.1997 “Оиди чорабиниҳо дар бораи истифодабарии конҳои фосфоритӣ бо мақсади ба кор бурдани онҳо дар хоҷагии халқ” дар давоми солҳои 1996-2005 дар Институти зироаткорӣ имконпазир будани истифодабарии фосфорити маҳаллӣ ҳамчун нурии фосфорӣ дар зироатпарварӣ муайян карда шуд. Дар натиҷаи тадқиқотҳо самаранокии ордаки фосфорити конҳои мавзеи Қаратоғ, Хоҷачилдиёр, Зиддеҳ ва Панҷакент илман асоснок карда шуд. Натиҷаҳо  нишон доданд, ки дар ҳолати пурра иваз намудани суперфосфати заводи бо ордаки фосфорити маҳаллӣ вобаста ба намуди хок ва меъёри истифода бурдани фосфоритҳои маҳаллӣ, ҳосилнокии пахта ба миқдори 14-39 %; гандум, ҷуворимакка 18-30%; юнучқа 30-35 %; картошка 15-40 %; бодиринг  16-28 %; сабзӣ 17-39 %; помидор  30-35 %; пиёз  20-58 % ва карам 36-85% зиёд мегардад.
   Олимони институт доир ба коркарди технологияи парвариши зироатҳои пахта, гандум, ҷав, ҷуворимакка, нахуд, юнучқа тадқиқотҳо гузаронида, барои навъҳои минтақабобшуда ва ояндадор меъёрҳои муътадили ворид намудани нуриҳои маъданӣ ва меъёри мусоиди обёриро муқаррар ва илман асоснок намуданд, ки барои рӯёнидани ҳосили баланд мусоидат намуданд.
Бо мақсади зиёд намудани тухмии зироатҳои фосилавӣ (мушунг, рапс, ҷав, сулӣ, офтобпараст) дар кишти асосӣ ва такрорӣ дар натиҷаи таҳқиқот ба деҳқонон тавсияҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳои обӣ пешниҳод гардиданд.
Дар натиҷаи таҳқиқот муайян карда шуд, ки аз парвариши гандуми тирамоҳии навъи “Алекс” дар кишти асосӣ ҳосили зиёда аз 50 с/га; аз кишти такрории ҷуворимакка ҳосили 60-70 с/га дон, анбӯҳи сабз 300-350 с/га ва офтобпараст 15-20 с/га дон рӯёнида шуда, бо ин усул истифодаи самараноки заминҳои корами обёришаванда таъмин мегардад.
   Олимони институт дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои ба соҳа алоқаманд, тавсияҳоро доир ба парвариши зироатҳои такрорӣ ва истифодабарии самараноки заминҳои обӣ дастраси хоҷагиҳои фермерӣ гардониданд, ки дар он усулҳои гирифтани 2-3 ҳосил аз 1 га замин оварда шудааст.
Дар заминҳои обёришавандаи шӯрии хокашон миёна ва пасти мавзеи Қараланги н. Бохтар натиҷаҳои илмӣ нишон доданд, ки дар заминҳои шӯрии хокашон миёна парвариши зироатҳои пахта, ҷуворӣ ва юнучқа мувофиқи мақсад буда, аз байни зироатҳои ғалладонагиҳо ба хокҳои шӯриашон паст ва миёна тритикале устувор мебошад.
Таҳқиқотҳо доир ба технологияи самараноки захираи намӣ нишон доданд, ки дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини баландкӯҳи ноҳияи Шӯробод дар ҳолати коркарди хок дар чуқуриии 40 см ҳосилнокии анбӯҳи сабзи юнучқа беҳтар мегардад.
Аз таҳқиқоти дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини Водии Ҳисор иҷрогардида маълум шуд, ки барои гирифтани ҳосили баланди дони мушунг, зағир ва маъсар гузаронидани коркарди хок дар қабати 20-30 см аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахш мебошад.
Бори аввал дар шароити Тоҷикистони Марказӣ технологияи сарфакунандаи нерӯ бо роҳи истифодаи тухмипошаки кишти сифрии зироатҳои ғалладонагӣ татбиқ гардид, ки зимни истифодаи он ҳосилнокии гандум ба 45-50 с/га расида, хароҷоти сӯзишворӣ дар 1 га нисбат ба технологияи муқаррарӣ то 60% сарфа карда мешавад.
   Дар натиҷаи тадқиқот доир ба технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ мошинаи КМ-2,4 «Зироаткор», барои коркарди хок, воридсозии нуриҳои минералӣ, тартиб додани пуштаҳо ва дар болои онҳо кишт кардани зироатҳои ғалладонагӣ ва сабзавотӣ истифода карда шуд. Дар асоси таҳқиқоти бисёрсола муайян карда шуд, ки дар шароити заминҳои лалмии аз боришот таъмини Тоҷикистони Марказӣ, ҳосилнокии дони навъҳои нахӯд ва наск аз таъсири штаммҳои биологӣ зиёд гардида, гузаронидани шудгор дар чуқурии 25 см кишти васеъқатори байнашон 45х60 см барои зиёд намудани ҳосилнокии наск ва нахӯд мусоидат менамояд.
Дар натиҷаи таҷрибаҳо исбот карда шуд, ки бо истифодабарии ҳашаротҳои фоидаовари тиллочашмак ва хабрабракон дар якҷоягӣ бо парвариши растаниҳои шаҳддиҳандаи хуҷаста, шибит, райҳон, ҷамбил ва ҳино дар киштзори пахта самаранокии ҳимояи пахтаро аз зараррасонҳо дар тамоми давраи нашъунамои он бе коркарди химиёвӣ таъмин намудан имконпазир аст. Ҳосилнокии пахта аз ин ҳисоб то 20% меафзояд.
Олимони институт дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 20 конференсияи байналмилалӣ, 41 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 70 семинари ҷумҳуриявӣ ва 200 рӯзи саҳроӣ ташкил намуда, дар 600 чорабинии омӯзишии дохилу хориҷи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
                                            ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ.
   Дар асоси Фармони Хадамоти Федералии назорати соҳаи маориф ва илми назди Вазорати маорифи Федератсияи Россия, аз 01.10.с.2010,  №2472-613, бори аввал дар назди Институти зироаткорӣ Шӯрои махсуси диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои 06.01.01 – зироатпарварии умумӣ ва 06.01.05 – селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ таъсис гардида, дар он 5 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадӣ бомуваффақият ҳимоя карда шуд.
Ҳоло дар асоси Фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.10.с.2020, таҳти №207/шд дар назди Институти зироаткории АИКТ Шӯрои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисосҳои 06.01.05-селексия ва тухмипарварии растаниҳои кишоварзӣ ва 03.02.13- хокшиносӣ фаъолият дорад.
Дар шуъбаи рӯзонаи аспирантура 3 нафар, магистратура 11 нафар ва доктарантура аз рӯи ихтисос (PhD) 5 нафар таҳсил менамоянд.
Дар ин муддат 30 рисолаи номзадӣ, 10 докторӣ ва 28 магистрӣ дифоъ гардид.
                                                             ҲАМКОРИҲО.
   Ҳоло ҳамкориҳои олимони институт бо муассисаҳои соҳавии мамлакатҳои хориҷӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Аз  ҷумла,  бо Институти растанипарварии Федератсияи Россия (ВИР), ташкилотҳои байналмиллалии СИДА, ИКАРДА, СИММИТ, ИКРИСАТ, Донишгоҳи иёлоти Мичигани ИМА, Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Синтсзяни Ҷумҳурии мардумии Чин, Институти илмию тадқиқотии пахтаи Назиллии давлати Туркия, Институти илмию тадқиқотии шолипарварии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Институти зироаткории Озарбойҷон ва муассисаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ). Дар чорчӯбаи ҳамкорӣ мубодилаи маводҳои селексионии зироатҳои техникӣ, ғалладонагӣ, хӯроки чорво ва равғандиҳанда дар амал татбиқ гашта, дар асоси омӯзиши навъҳои воридшуда, навъҳои нави серҳосилу ба касалиҳо устувор ва тобовар ба тағйирёбии иқлим офарида, дар истеҳсолот татбиқ карда мешаванд.
   Ҳамкории институт бо ташкилотҳои инвеститсионӣ самараи хуб дода истодааст. Дар асоси ҳамкорӣ бо ташкилоти СИДА, Лоиҳаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид ва як қатор лоиҳаҳо амалӣ гашта, иқтидори истеҳсолӣ ва базаи моддию техникии институт устувор гардида истодааст.
НАШРИ КОРҲОИ ИЛМӢ. Дар Институти зироаткорӣ дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 китоб, монография ва брошюра, 209 тавсияю дастур ва буклет, инчунин 880 мақола дар маҷаллаву нашрияҳои дохилию хориҷӣ нашр гардид.
   Дастовардҳои олимони институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла: 2 нафар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо орден ва 3 нафар бо медал. Инчунин 2 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 18 нафар бо  Дипломи АИКТ сарфароз гаштанд.
ДАР РУШДИ ИЛМИ СОҲАВӢ  ҲИССАИ АРЗАНДА ГУЗОШТАНД.
   Академикҳои АИКТ: Эшонов И.Э., Бухориев Т.А., Асозода Н.М., аъзои вобастаи АИКТ: Саидзода С.Т.,
Докторони илм: Холов Г., Пулотов Я., Норов М., Нарзуллоев Т., Домуллоҷонов Ҳ., Ҷаборов Н.
Номзадони илм: Пирмаҳмадов Қ., Имомов С., Холиқов П., Раҳматҷонов У., Ҳусайнов А., Каримов З., Миникеев Р., Шарипов Р., Давлатов Т., Эсанов Р., Мусоев А., Алиев З., Эшонова З., Пулотова Ш., Яҳёев Т., Ниъматов М., Фомина Т. М., Пулодов М., Пиров Х., Холматов А, Ҷабборов П., Воҳидов А., Ҷалилов А., Ҷафаров М., Солеҳов А., мутахассисони варзида Холиқова С., Д.Шералӣ, Одинаев Б. ва дигарон.



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru