Тақвим

<< < Май 2021 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
26 27 28 29 30 31

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ "Саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, иноватсия ва технологияи кишоварзӣ" 21.05.2021 ш. Душанбе

 Конференсияи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021, таҳти № 88 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои соҳаи агросаноатии ҷумҳурӣ, олимону мутахассисони муассисаҳои АИКТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

01 KonҲадаф аз баргузории ин ҳамоиши илмӣ баррасии дастовардҳои олимони Академия, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ мебошад. Аз баромади иштирокчиёни конференсия бармеояд, ки олимони соҳаи кишоварзӣ оид ба офаридани навъҳои серҳосили зироатҳо ва зоту ҷинсҳои чорво, такмили технологияи парвариш ва ҳифзи онҳо аз касалиҳо вобаста ба таѓйирёбии иқлим таҳқиқотҳои мақсаднокро иҷро намуда, ба дастоварҳои муайян ноил гардиданд. Аз он ҷумла, дар панҷ соли охир олимони Академия ба Комиссияи давлатӣ 79 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаю ангурро пешниҳод намуданд ва 36 навъи серҳосили онҳо минтақабоб ва технологияи муосири парвариши онҳо коркард шуда, навигариҳои илмии олимон бо 62 патенту 116 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ тасдиқ гардиданд.

03kon

Иштирокчиёни конференсия дар асоси муҳокимаи маводҳои пешниҳодгардида қайд намуданд, ки дар рушди босуботи илми кишоварзӣ, татбиқи дастовардҳо ва технологияҳои инноватсионӣ саҳми олимони ҷавон бештар гардида, дар 5 соли охир ба магистратура, аспирантура ва докторантураи Академия 434 нафар мутахассисони ҷавон қабул карда шуданд.

02 kon

 Бо дарназардошти моҳияти масъалаҳои баррасишуда, оид ба рушди илми кишоварзӣ ва бештар намудани саҳми олимони ҷавон дар коркарду татбиқи технологияҳои инноватсионӣ иштирокчиёни конференсия тавсияю таклифҳои зеринро пешниҳод намуданд:

-      дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳконӣ ва аҳолӣ навъҳои серҳосили зироатҳо ва зоту ҷинсҳои сермаҳсули ватанӣ, технологияҳои инноватсионии парвариши онҳо бештар татбиқ карда шаванд;

-   олимону мутахассисони соҳа дар татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои муосир мутобиқ ба таѓйирёбии иқлим ба хоҷагидорон мунтазам кўмаки машваратию амалӣ расонанд;

-     ҳамасола вобаста ба проблемаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ конференсияю семинарҳо гузаронида, натиҷаи онҳо ба воситаи ахбори омма инъикос карда шаванд;

-    бо мақсади бешар намудани саҳми олимони ҷавон дар рушди илми кишоварзӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ қабули мутахассисони ҷавони лаёқатманд ба магистратура, аспирантура ва докторантура зиёд карда шавад;

-       ҳамкории олимони ҷавони Академия бо ҳамтоёни худ аз муассисаҳои илмии ватанию хориҷӣ вусъат дода шавад;

-    муассисаҳои илмӣ ҷиҳати ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва татбиқи бештари дастовардҳои илмии олимон тадбирҳои судманд андешида, ҷавонон ва мутахассисони лаёқатмандро, ки дар хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият мекунанд, ба корҳои илмӣ ҷалб намоянд;

-    олимони ҷавон натиҷаҳои навгонии конференсияи мазкурро дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, новобаста аз шакли моликияташон, таблиѓу ташвиқ намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо ёрии машваратию амалӣ расонанд;

-        --    маводи нашршудаи конференсияи мазкур ба китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вазорату кумитаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои илмӣ дастрас карда шавад.

003 kon

05 kon




© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru