ХАБАР

Ахбори илми кишоварзӣ


ДАСТГИРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАВОНОН ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Nazar

Пас аз 6 моҳи соҳибистиқлол эълон гардидани кишварамон, аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии ҷавонон – “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, 13 марти соли 1992 қабул гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул намуд. Ин бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.

Қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами роҳбари давалат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.

Имрӯзҳо лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида истодаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад.

Бо шуғли доимӣ таъмин кардани ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии ҳукумати кишвар мебошад. Дар ин самт Ҳукумати Тољикистон тадбирҳои иловагӣ андешида, фоизи қувваи кориро аз ҳисоби ҷавонон боз ҳам баланд бардошта истодааст. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, синни миёнаи аҳолии он 24 сол аст ва 70 дарсади онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд.

Раванди омодасозии мутахассисони ҷавон ва пешбарии онҳо ба мақомҳои гуногуни давлатӣ, таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар мадди назари ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, фаъолият дар ин замина хусусиятҳои нав касб намудааст. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷи кишвар таҳсили илм намоянд.

Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд.

Ҷавонони мо аз таваҷҷуҳи мунтазами Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Бо назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳо ба “Қонуни хизмати ҳарбӣ” ворид намуда, масъулияти ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ бештар намуд. Дар таҳияи “Қонуни хизмати ҳарбӣ” ба он ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро бо сари баланд адо менамоянд имитиёзҳо пешбинӣ гардид.

Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш, кишоварзӣ, тандурустиву саноат саҳми бориз доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввалиндараҷа қарор медиҳад.

Инчунин дар соҳаи варзиш ҷавонон аз мусобиқаҳои шаҳрӣ то байналмилалӣ дар баробари дигар давлатҳои тараққикарда фаъолона иштирок намуда бо дастовардҳои худ Тоҷикистонро берун аз он муаррифӣ намуда, парчами онро рӯз то рӯз баланд бардошта истодаанд.

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии Пешвои миллат барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқу ҳаматарафа аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар радифи омодакунии кадрҳои илмӣ бахшҳои магистратура, аспирантура, докторантура ва постдокторантура таъсис додааст, ки дар он бахшҳо ҷавонон бо мавзӯъҳои мухталиф таҳқиқотҳо ҷиҳати пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат ҳиссагузорӣ менамоянд.

Сол ба сол ҷалби ҷавонон ба корҳои илмии соҳаи кишоварзӣ бештар гардида истодааст. Ҳоло дар бахши магистратура 116 магистрант, аспирантура 56 аспиранту унвонҷӯ ва докторантура PhD бошад, 63 докторант ба таҳсил фаро гирифтаанд.

Ҳамасола зиёда аз 20 нафар ҷавонон ба марказҳои бонуфузи хориҷи кишвар барои бозомӯзӣ сафарбар карда мешаванд. Ин ҳадаф имконият медиҳад, ки ҳиссагузории ҷавонон дар рушди илми кишоварзӣ бештар гардад.

Ҳамзамон, дар соҳаи илму маориф дар солҳои истиқлолият Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) таъсис дода шуд, ки ба ҷавонон имкон медиҳад то дар қаламравӣ кишварамон рисолаҳои илмии худро дифоъ намоянд.

Бо ин ташаббус, ҳамасола зиёда аз 15-20 нафар олимони ҷавони Академия рисолаҳои илмии худро дар мавзӯҳои рузмараи рушди илми соҳа дифоъ намуда истодаанд.

Мо олимони ҷавон барои ободии диёри азизи номдорамон – Тоҷикистон, ноил гаштан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯза кору пайкор хоҳем кард.

Боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ нишонаи рушду нумӯ буда, моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад.

Сарзамини куҳанбунёд ва тамаддунофари мо дар домони худ қаҳрамонони бемисл, абармардони роҳи сулҳу салоҳ ба монанди қаҳрамонони халқи тоҷик Темурмалику Восеъ, қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ѓафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур барин фарзандони фарзонаро ба воя расонидааст. Боварӣ ҳаст, ки ин сарзамини зархез дар оянда низ чунин мардони бошарафро барои миллату давлати саодатманди тоҷик тарбия хоҳад намуд.

 

НУРЗОДА НАЗАР

Корманди Раёсати

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон


Санаи 13.08.2021 бо иштироки намоянда аз Вазорати кишоварзии ЉТ, Раёсати АИКТ, ДАТ ба номи Ш. Шоњтемур, Институти боѓу токпарварї ва сабзавоткории АИКТ, Институти зироаткории АИКТ олимону мудирони шуъбањои ММЗГ, мутахассисон, роњбарони хољагињои дењќонию инфиродии “Ибод-и” дењаи “Њазора”-и н. Рўдакї, хољагии дењќонии “Баракат”-и н. Рўдакї, хољагии дењќонии “Мурод-94”-и н. Синои ш. Душанбе, хољагии дењќонии “Наврўз”-и н. Рўдакї, хољагии дењќонии “Мењнат”-и ноњия Рўдакї, њољагии дењќонии “Самара”-и ноњияи Рўдакї, намоядагони шабакаи якуми телевизионї ТВТ-1 ва дигар кишоварзон дар ќитъањои таљрибавии Маркази миллии захирањои генетикии Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон Рўзи сањро» дар мавзўъи «Тарзи гузаронидани пайвандњои дарахтони мевадињандаи мањњалї» баргузор гардид.
mz01MZ02










        Дар ин чорабинї олимони ММЗГ-и АИКТ усулњои гуногуни пайванди дарахтони мевадињандаро ба њозирин муфассал нишон доданд. Маќсади асосии баргузор намудани “Рўзи сањро”  ин пеш аз њама тањлилу баррасї намудани усулњои гузаронидани пайвандњо дар нињолхонаи дарахтони мевадињандаи тухмакдору донакдори мањаллї ва њамавлоди ёбоии онњо, ки барои офаридани навъњои нави мањсулнок њамчун сарнасл истифода мешаванд, ва тавасути пайвандњои гуногун баланд бардоштани њосилнокии дарахтони мевадињанда мебошад.
MZ03MZ04

Олимон Марказ ва мутахассисон самтњои афзалиятноки илм ва истењсолоти кишоварзї, наќши захирањои генетикии зироатњои кишоварзї дар рушди соњаи селексия ва тухмипарварї, нињолпарварї, боѓдорї, татбиќи корњои илмию тањќиќотиро дар ин чорабини мусбат арзёби намуданд.

MZ05mz06

Иштирокдорон пас аз музокираву баррасињо, мавзуъи рўзи сањроиро масъалаи муњими соњаи кишоварзї њисобида, ба хулоса омаданд, ки вохурии имрўза моњияти муњими илмию амалї дошта, барои њалли масъалањои соњаи кишоварзї, алалхусус дар соњаи боѓу токпарварї, нињолпарварии дарахтони мевадињанда сањмгузор шуда метавонад.


Санаи 23-уми июли соли 2021 дар толори васеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон конфуронси байналмилалӣ оид ба «Роҳҳои муосири пешгирии бемориҳои бештар паҳнгардидаи сироятӣ ва инвазионии чорвои кишоварзӣ» баргузор гардид.
01 vet
02 vet
   Дар кори конфуронс Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар., намояндаи маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайниддин Сафаров, намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Андамов, якқатор меҳмонон аз хориҷи кишвар, директорони муассисаҳои илмии АИКТ ва дигар шахсони расмӣ иширок намуданд.
   Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ А.М. оғоз гардида, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳаи чорводорӣ баромад намуд.
03 vet04 vet  




































  Сипас муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода М., намояндаи маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров З, намоянадаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Андамов И., ва дигар олимони соҳаи тибби ветеринарии АИКТ Амирбеков М., инчунин ва якгурўҳ олимон аз ҷумҳурии Чин, Россия, Амрико тавассути онлайн вобаста роҳҳои муосири пешгирии бемориҳои бештар паҳнгардидаи сироятӣ ва дигар мавзўҳои мухталифи соҳа тибби ветеринарӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

05 vet
08 vet

 


 

Санаи 14-уми июли соли 2021 маҷлиси васеи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Точикистон оид ба фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар шаш моҳи аввали соли 2021 ва вазифаҳои барои минбаъда дар толори маҷлисии АИКТ баргузор гардид.

01 sh
001sh

   Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ А.М. оғоз гардида, вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ аз ҷониби ноиби президенти АИКТ Амиршоев Ф. ахбороти муфассал пешниҳод карда шуд.

06sh
07 sh
Дар кори ҷаласа муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромиддин Холзода, намояндаи маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромов, Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров, директорони муассисаҳои зертобеи АИКТ ва дигар шахсони расмӣ иширок намуданд.

04 sh05sh

      Дар кори ҷаласа роҳбарони муассисаҳои илмии АИКТ аз дастовардҳои соҳаи хеш ва корҳои иҷрогардида дар шаш моҳаи соли ҷорӣ бо навбат ҳисоботи муфассал пешиҳод намуда, вобаста ба мушкилиҳои чойдошта суханрониӣ намудан.

02 shБарои иҷрои саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳои дар пешистода аз ҷониби роҳбарият ба ҳаряки онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.03sh


 

 

   КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ - «ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ МУКАММАЛГАРДОНИИ ХУСУСИЯТҲОИ ИРСИЮ МАҲСУЛНОКИИ ГӮСФАНДОНИ ЗОТҲОИ ДУМБАДОР»

 

29 ИЮНЯ 2021 года, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

 IMG 6164

Мувофиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 майи 2021с., №12604, 29 июни соли ҷорӣ дар ш.Душанбе, Институти Чорводорӣ ва чаргоҳи академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ - «ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ МУКАММАЛГАРДОНИИ ХУСУСИЯТҲОИ ИРСИЮ МАҲСУЛНОКИИ ГӮСФАНДОНИ ЗОТҲОИ ДУМБАДОР» (онлайн), бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия,Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Казахстон, Ҷумҳурии Кирғизистон, Украина, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва Канада батариқи маҷозӣ(онлайн) баргузор гардид.

Дар кори конфронсия намояндагони дастгоҳи иҷроияи апарати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Вазорати Кишоварзӣ,Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти махсуси назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ,Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ва роҳбарони хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма(зиёда аз 120-нафар) ширкат варзиданд.

IMG 6199

Мақсади конференсияи мазкур таҳлил ва барасии маводҳои ҳолати кунунии гӯсфандпарвари аз ҷумла гӯсфандони зоти думбадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷи дуру наздик,натиҷаҳои ба даст оварда нисбати ташакулдиҳии сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ истифодабарии самаранок,васеъ намудани мавзеи парвариши онҳо ва дар асоси ин коркарда баромадани нақшаҳои дурнамои инкишофи устувории соҳа бо назардошти дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқалам маҳсуб меёбад.    

IMG 6234
IMG 6203

 

IMG 6401

Иштирокчиёни конференсия умедворанд,ки ҳамкориҳои муштарак барои пешрафти минбаъдаи соҳаи парвариши гӯсфандони зоти думбадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо низ мусоидат менамояд.

 


 
 

 Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи

«Усулҳои муосири селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, технологияи инноватсионии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва захираҳои генетикии он»

 

аз 24 июни соли 2021                           ш. Душанбе

AI 01

AIKT00

 

Конференсияи мазкур мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021, №88 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» тасдиқ гардида, дар толори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур, олимону мутахассисони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мутахассисони идораи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хоҷагидорон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Инчунин зиёда аз 80 - нафар хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

AI02

Ai03

Мақсади баргузории конференсия таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи селексия ва тухмипарварӣ, дарёфти усулҳои нави парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотҳои кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсол, инчунин ҳавасмандгардонии хоҷагидорон, таъмини аҳолӣ бо тухмиҳои хушсифати навъҳои ватании зироатҳои кишоварзӣ ва ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ангур мебошад.

Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърўзаҳои худ оид ба масъалаҳои ҳалталаби селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар асоси боғҳои интенсивӣ, нақши захираҳои генетикӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, интихоби навъҳо, тухмии репродуксияҳои баланддоштаи зироатҳои кишоварзӣ, коркарди замин пеш аз кишт, риоя намудани агротехникаи парвариш, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо, тадбирҳои беҳтар намудани ташкили хоҷагидорӣ дар парвариш, ҷамъоврии ҳосил, инчунин баланд бардоштани даромаднокии соҳа дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ тавсияю дастурҳо пешниҳод намуданд.

AI06

AI07












Дар қисми амалӣ иштирокчиён, аз қитъаҳои тухмипарварии Хоҷагиҳои таҷрибавии “Зарнисор” ва “Зироаткор”-и Институти зироаткории АИКТ дар шаҳри Ҳисор дидан намуданд.

Иштирокчиёни конференсия масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуда, ҷиҳати рушди соҳа дар шароити ҷумҳурӣ пешниҳодҳои зеринро манзур намуданд:

- мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот, васеъ намудани майдони кишти селексияи ватании зироатҳои кишоварзӣ;

- вусъат додани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар оид ба дастрас намудани навъу намунаҳои серҳосил ва сифати баланд доштаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ток;

- ташкили экспедитсияҳои мутамарказонидашуда ҷиҳати дарёфти навъҳои маҳаллӣ дар пешрафти захираҳои генетикӣ;

- истифодаи самараноки заминҳои талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ дар бунёди боғу токзорҳо;

- риоя намудани талаботҳои технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба шароити ҷумҳурӣ;

- сари вақт ва хушсифат гузаронидани маҷмўи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда ва ток;

- андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини намудани эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ток;

- ташкил намудани мағозаҳои фўрўши нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳои баландсифат дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- мустаҳкам намудани пойгоҳҳои моддию техникии муассисаҳои илмии АИКТ оид ба селексияи ватании зироатҳои кишоварзӣ;

- мусоидат кардан барои таҷрибаомўзӣ фиристодани олимони ҷавони селексионер ба муассисаҳои илмии хориҷи кишвар;

 


 Даври аввали гузаронидани апробатсияи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Маркази миллии захираҳои генетикӣ-и АИКТ, 01.06.2021с.

 

01

IMG 5618

 IMG 5633

 





IMG 5706

IMG 5708



 


 

 

Конференсияи байналмилалии «Дастовардҳои муосир оид ба селексия ва тухмипарварӣ, технологияи инноватсионии парвариши пахта», 20-21 сентябри с.2019, вилояти Суғд, ш. Гулистон

Конференсияи мазкур дар ҳошияи ҷарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.03.2019, №79 «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агенти беҳдошти замин ва оберии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Сарраёсати кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), олимон аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қазоқистон, муассисаҳои илмии соҳавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони муассисаҳои хизматрасонии агрокимиёвӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, фермерон, хоҷагидорон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур таҷлилу баррасии, дарёфти роҳу усулҳои нави офаридани навъу намуна ва дурагаҳои пахтаи селҳосилу устувор ба касалию дигаргуншавии иқлим, тарҳрезии технологияи инноватсионии парвариши он ва баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироати стратегӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи пахта ва коркард намудани он дар ҷумҳурӣ ва таъмини аҳоли бо ҷои кор мебошад.
Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърузаҳои худ қайд карданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус доир ба беҳтар намудани соњаи пахтапарварӣ ҷарору супоришҳо ва барномаҳои дахлдори соҳа қабул гардида, чорабиниҳо ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ба таври лозимӣ амалӣ гардида, майдон ва ҳосилнокии ин зироати стратегӣ сол аз сол зиёд гашта истодааст.
Мувофиқи таҳлилҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта бояд аз ҷониби корхонаҳои тухмипарварӣ хоҷагиҳо бо тухмиҳои баландсифат саривақт таъмин гардида, барои хариди нурӣ, сузишворӣ ва техникаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳо додани қарзҳои бонкии дарорзмўҳлат бо фоизи паст ва дастгирии давлатӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Конференсия дар натиҷаи баромади олимон ва мутахассисон, барои рушди соҳаи пахтапарварӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- иҷрои қарору супоришҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ба хусус пахтапарварӣ, зиёд намудани ҷои корӣ таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ;
- васеъ намудани таҳқиқотҳои селексионӣ оид ба офаридани навъу намунаҳои пахта ва татбиқ намудани онҳо дар истеҳсолот;
- беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат, ташкили мағозаҳои фурўши тухмӣ;
- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ба низом даровардани нархи хариду фурўши пахта;
- мусоидат намудан барои пурра коркард намудани пахта дар ҷумҳурӣ;
- густариши ҳамкориҳо оид ба масоили рушди соҳаи пахтапарварӣ бо олимону мутахассисони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ;
- бо мақсади ташвиқоту таблиғоти дастовардҳо ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷиҳати истифодаи навъу намунаҳои пахта, бештар ба тасвиб расонидани дастуру тавсияномаҳо;
-оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионии парвариши пахта ташкил намудани вохўриҳо ва гузаронидани конференсияю семинар, рўзҳои саҳро ва хонишҳо бо хоҷагидорон;
- ҷалби сармояҳои хориҷию ватанӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушди соҳаи пахтапарварӣ;
- аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хоҳиш карда шавад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пахта дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, чораҳои мушаххас андешиданд.


Picture 1

 

Иштирокчиёни конференсия умедворанд,ки ҳамкориҳои муштарак барои пешрафти минбаъдаи соҳаи парвариши гӯсфандони зоти думбадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо низ мусоидат менамояд.


© 2013 - 2021 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru