ХАБАР

Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ

 ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАҲҚИҚИ СИСТЕМАВИИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

Таърихи таъсисёбӣ. Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ бори аввал ҳамчун “Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ” дар асоси Амри Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ 2-юми октябри соли 1984, таҳти №1948 ва дар асоси қарорҳои Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1984, таҳти №353 таъсис гардидааст, ки он аввалин муассисаи илмии иқтисодиёт ба шумор мерафт. Муассисаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 майи соли 2008, №215 ҳамчун “Институти иқтисодиёти кишоварзӣ” ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №487 “Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ”-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ гардид.

Сохтор ва ҳайати кормандон. Дар Институт 6 шуъба:

Шуъбаи омӯзиши равандҳои кластерикунонӣ дар комплекси агросаноатӣ;

Шуъбаи омӯзиши равандҳои инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ;

Шуъбаи омӯзиш ва мониторинги амнияти озуқаворӣ;

Шуъбаи омӯзиш ва мониторинги сармоягузорӣ дар комплекси агросаноатӣ;

Шуъбаи таълим;

Шуъбаи иттилоот, мониторинги барномаҳои соҳавӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ фаъолият мекунанд.

Дар татбиқи корҳои илмию таҳқиқотӣ 56 нафар кормандон, аз ҷумла 33 нафар ходимони илмӣ машғул мебошанд, ки аз онҳо 10 нафар номзади илм ва 4 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ буда, 1 нафар академики АИКТ мебошанд. Дар ҳамкорӣ 2 доктори илм ва 3 номзади илм фаъолият доранд.

IQTISOD 02

Ҳайати кормандони Институт

  Роҳбарони Институт:

Ҳоҷибоев А.Г. д.и.и., профессор, академики АИКТ, аъзои вобастаи Академияи Федератсияи Русия, солҳои 1984-1993.

Ғафуров Х. аъзои вобастаи АИКТ, д.и.и., профессор, солҳои 1995-2007.

Пиризода Ҷ.С., аъзои вобастаи АИКТ, д.и.и., профессор, солҳои 2007-2011.

Амиров Н.И. н.и.и., солҳои 2011-2017.

Пиризода Ҷ.С. академики АИКТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, аз соли 2017 то ҳол роҳбарии Институтро ба уҳда дорад.

Самтҳои асосии фаъолият. Самтҳои асосии фаъолияти илмии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ аз омӯзиш ва татбиқи равандҳои кластерикунонӣ дар комплекси агросаноатӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди инноватсионии соҳа, таҳияи механизми иқтисодию иҷтимоии ташаккули инфрасохтори деҳот, мукаммалгардонии механизми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳа, таҳияи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати расидан ба амнияти озуқаворӣ, таҳқиқи муаммоҳои гуногуншаклии моликият ва хоҷагидорӣ дар бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор карда баромадани тавсияҳо оид ба танзими давлатии муносибатҳои бозорӣ дар комплекси агросаноатии кишвар, кор карда баромадан ва асоснок намудани меъёр ва ояндабинии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, баҳодиҳии иқтисодии нерӯи захираҳои замин ва дар ин асос кор карда баромадани пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас, иҷроиши корҳо дар асоси шартнома бо хоҷагиҳо, таҳқиқи сохтори демографӣ ва касбии тахассуси аҳолии деҳот, равандҳои муҳоҷират дар низоми муносибатҳои шаҳру деҳот дар шароити бозор мебошад.

IQTISOD 01   Ҷаласаи Шӯрои олимони Институт

  Дастовардҳои асосӣ. Дар асоси таҳқиқоту таҳлилҳо тавсияҳои зерин омода гардидаанд: оид ба вобастагии даромади истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз тағйир ёфтани шароити иқлим таҳия гардида, роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи аграрӣ пешниҳод гардид. Асосҳои назариявии хусусиятҳои ташаккулёбии сабади истеъмолӣ муайян карда шуда, фарҳанги истеъмолӣ бо имкониятҳои иқтисодии кишвар таҳия ва пешниҳод гардид.

Омилҳои таъсиррасон ба устувории бозори маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба афзоиши ҳиссаи воридоти молу маҳсулоти ғайрихудӣ ва таъсири он ба бозори маҳсулоти кишоварзии кишвар муайян карда шуда, ҷиҳати бартарафсозии ин ҳолат ва самаранок фаъолият намудани бозори маҳсулоти хӯроки ватанӣ тавсияҳо таҳия гашт.Ҷиҳати баланд бардоштани даромаднокии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ, шакли инноватсионии идоракунии соҳа - истифодаи баҳисобгирии хароҷотҳо аз рӯи усули «директ-костинг» пешниҳод карда шуд.

Самараи иқтисодии бунёди гармхонаҳо дар шаклҳои гуногуни хоҷагидории ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 50 гектар таҳия ва пешниҳод гардид.

Аз тарафи олимони Институт дар ин давра тавсиянома оид ба ҷойгиркунии корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ; тавсияҳо доир ба ҷойгиркунии анборҳои нигоҳдорӣ дар ҷойҳои истеҳсоли меваю сабзавот; муайян намудани равияҳо ва қонуниятҳои объективии инкишофи шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ дар бахши аграрӣ; нишон додани робитаҳои байниҳамдигарии шаклҳои гуногуни моликият дар бахши аграрӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ; муайянсозии мавқеи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар раванди ташаккул ва инкишофи шаклҳои гуногуни моликият дар бахши аграрӣ; тавсияҳои методӣ оид ба муайянсозии нархи заминҳои таъиноти кишоварзии Тоҷикистон ва ғайраҳо таҳия карда шуданд.

Олимони Институт дар таҳияи Консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон, “Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон то соли 2020” ва Консепсияи рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд ва самтҳои асосии сармоягузориро дар соҳа муайян намуда, роҳҳои самаранок истифодабарии онҳоро пешниҳод карданд.

Аз ҷониби олимони Институт Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 144 тасдиқ карда шуд. Инчунин, аз ҷониби олимони Институт ба Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2013, №7, ба лоиҳаи «Барномаи давлатии барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳои илман асоснок дохил карда шуда, ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Аз он ҷумла, дар банди 8-и лоиҳаи мазкур “гузаронидани мониторинг оид ба муайян намудани ҳолати коршоямии сардхонаҳо” пешниҳодҳо ирсол карда шуданд.

Оид ба пурзӯр гардонидани фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд, ки тибқи он самараи иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ зиёд гардида, талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти озуқавории худӣ то 25% зиёд шавад.

Олимони Институт дар мониторинги татбиқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015” саҳми босазо гузоштанд.

Ҳамчунин, аз ҷониби олимони Институт лоиҳаи нави “Барномаи давалатии таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳия гардида, ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони Институт корҳои илмию тадқикотиро бо дарназардошти аз буҳрони иқтисодӣ баровардани ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва худкифоии ғизоии он ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монданд.

Оид ба баланд бардоштани соҳаи иқтисодиёти кишоварзӣ аз тарафи олимони Институт модели тоҷикии пешрафт, инкишофи босуботи иқтисодии аграрӣ ва иқтисодиёти кӯҳистон, Консепсияҳои истифодабарии замин, ташаккули сиёсати аграрии Тоҷикистон таҳия гардид.

Татбиқи дастовардҳо. Дар асоси дастовардҳои олимони Институт 3 патент гирифта шуд. Оид ба самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавӣ дар хоҷагиҳои “Гулистон”-и ноҳияи Ваҳдат, “Намуна”-и шаҳри Турсунзода ва “Л. Лангариев”-и ноҳияи Восеъ, доир ба самаранок истифодабарии захираҳои заминӣ тавассути такмили алоқамандии соҳаҳо ва зироат дар хоҷагии “Чорчашма”-и н. Балҷувон, “Эсанбой”-и н. Рӯдакӣ, тавсияҳо доир ба инкишофу ҷойгиркунии боғдорӣ, ангурпарварӣ, чорвои гӯштӣ ва гӯсфандпарварӣ дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, Балҷувон ва ноҳияи Восеъ, модели истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи кӯҳӣ дар хоҷагии деҳқонии “Гургдара”-и н.Ховалинг, дар хоҷагиҳои деҳқонии “Л. Лангариев” ва “Зафар”-и ноҳияи Восеъ, тавсия оид ба ташаккул ва инкишофи иҷораи инфиродӣ ва коллективӣ дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Файзобод ва Ваҳдат ҷорӣ карда шудаанд.

Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии олимони Институт доир ба масъалаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инкишоф додани комплекси озуқаворӣ дар ноҳияҳои наздишаҳрӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳистон ташкил намудани шаклҳои хоҷагидорӣ, бо истифода аз маблағҳои кооперативҳои молиявӣ ба соҳибкорони хурд ва миёнаи кишоварзӣ инкишоф додани хоҷагиҳои калони фермерӣ, ташкил намудани ассосиатсияҳои истифодабарандагони об, ба вуҷуд овардани заминаҳои моддӣ ва иқтисодии ташкили бахшҳои истеҳсолӣ ва парвариши навъҳои растанӣ ва зоти сермаҳсули чорво дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Данғара, Рашт, Ҷиргатол, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Шаҳритус, Н. Хисрав, Темурмалик, Данғара, Ховалинг, Муминобод, Шӯрообод, Б. Ғафуров, Ашт, Ҷ. Расулов, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуросон, Турсунзода, Ваҳдат, Ёвон, Вахш, Мастчоҳ, Нуробод, Ҳисор, Шаҳринав, Ишкошим, Дарвоз ва Ванҷ татбиқ ва амалӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, оид ба ташкил ва барқарор намудани сардхонаҳои саноатӣ, яхдонҳо ва анборҳои маҳсулот барои нигоҳдорӣ пешниҳодҳо ирсол карда шуданд. Ҷиҳати дар ҳар як ноҳия таъсис додани кооперативҳои хизматрасонӣ, инкишоф додани комплекси озуқаворӣ, ташкил намудани шаклҳои хоҷагидорӣ, таъмин намудани хоҷагиҳо бо қарзҳои имтиёзнок пешниҳод омода карда шуд.

Аз тарафи олимони Институт дар Корхонаҳои воҳиди давлатии бозорҳои шаҳри Душанбе курсҳои омӯзишӣ оид ба роҳҳои танзими нархи маҳсулотҳои кишоварзӣ гузаронида шуд. Бо тавсияи олимон дар ноҳияи Ховалинг 6 гектар боғи нави дарахтони чормағз, хучи бехор, мармиҷони бехор ва олучабандак бунёд гардид. Инчунин, дар шаҳри Ҳисор ҷамоати деҳоти “Навобод” самараи иқтисодии дарахтони мевадиҳандаи шафтолу, гелос, ангур ва себҳои пешпазак муайян гардида, бо тавсияи олимон 2 гектар боғ дар деҳаи Ғуриёт бунёд карда шуд.

Фаъолияти интишорӣ. Дар давраи Истиқлолияти ҷумҳурӣ аз ҷониби олимони Институт 43 китоб, 76 дастурамалу тавсиянома, 32 монография ва 682 мақолаи илмӣ аз он ҷумла, 78-тои он дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар ба чоп расонида шуд.

Тайёр кардани кадрҳои илмӣ. Дар давраи Истиқлолияти ҷумҳурӣ 17 рисолаи номзадӣ, 4 рисолаи докторӣ ва 67 магистрӣ ҳимоя гардид. Тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани доктор аз рӯи ихтисоси (PhD) ба роҳ монда шуд.

Ду нафар олими ҷавони Институт барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор дониста шуданд.

Ҳамкориҳо. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани олимони соҳа Институт бо якчанд муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар, аз ҷумла Институти илмию таҳқиқотии умумироссиягии хоҷагии қишлоқ, Академияи кишоварзии ба номи К. Тимирязеви шаҳри Москва, Университети дӯстии халқҳои ш. Москва, Институти илмӣ-таҳқиқотии ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идораи хоҷагии халқ (ГНУВНИОПТУСХ) Федератсияи Россия ва институтҳои соҳавии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ робитаҳои зичи илмӣ дорад.

Институт ҳамчунин бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, муассисаҳои илмии АИКТ, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамкории илмӣ дорад.

Дастовардҳои олимони институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла: 1 нафар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо медал, 1 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 13 нафар бо Дипломи АИКТ сарфароз гаштанд.

 Олимоне, ки дар рушди илми соҳавӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд:

Хоҷибоев Абдураҳим Ғозиевич, д.и.и., професор, аъзои вобастаи ВАСХНИЛ академики АИКТ, Ғафуров Хушвахт Ғафурович, аъзои вобастаи АИКТ, профессор, д.и.и., Пиризода Ҷалил Сафар, академики АИКТ, д.и.и., профессор, Бозоров Шавкат Шарифович, д.и.и., профессор, Қурбонов Абдулхайр Каримович, д.и.и., профессор, номзадони илмҳои иқтисодӣ: Станов Гаврил Гаврилович, Курцер Григорий Яковлевич, Ҷабборов Одилҷон Абдуқаҳорович, Шамсиев Бадрӣ Рустамович, Раҳимов Абдуҷабор, Ҳамидҷонов Ҳабиб, Ҷураев Сироҷ Ёрматович, Амиров Назрулло Исматович, Одинаев Шоҳин Талбакович, дотсент, Маҳмудова Шаҳодатхон Ҳайитбоевна, Ергашева Танзила Рустамовна, Файзуллоева Каромат Наврӯзовна, Шоазизова Маҳбуба Дӯстмуродовна ва дигарон.

 

 



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru