Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26
28 29 30        

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Муовини Президенти АИКТ

 Ятимзода Хуршед Мардон.  Hurshed YatimzodaСоли таввалуд 26.02.1964 зодаи шаҳри Душанбе аз хонадони зиёиён. Маълумоташ олӣ номзади илмҳои иқтисодӣ. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна 1971- 1981. Хатмкунандаи факултаи баплангирии иқтисодӣ Университети давлатии Тоҷикистон (1987). Соҳиби дипломи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон.
Иқтисодчии ташкили илмиии меҳнати корхонаи савдои омехтаи ш. Роғуни Вазорати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987-1988); сариқтисодчии шуъбаи баплангирии иқтисодӣ, муҳосиби калон, муовини сармуҳосиби корхонаи савдои ш.Норак (1988-1992); муаллими калони кафедраи бахисобгирии муҳосибот ва тахлилй техникуми савдои ш. Душанбе (1992-1993); тафтишотчи, сартафтишотчии Раёсати назорати молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-2001); сармутахассис, муовини сардори раёсати методология ва таҳлили Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2007); сармутахассис, сардори шуъба, муовини сардори Раёсат, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2015), мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус, сардори Шуъбаи ҳуқуқи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (2016-2019), Сардори Шуъбаи назорати таъминотӣ, сардори Шуъбаи робитаҳои хориҷии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019-2022).
Аз соли 2022 то инҷониб Муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба корҳои умуми (иқтисодиёт ва истеҳсолот). (1991-1995) Вакили маҷлиси вакилони халқ дар ҷамоати "Пули сангин"-и шаҳри Норак интихоб гардидааст.
Мавсуф муаллифи 4-китоб 1-монография 20-мақолаҳои илмӣ мебошад.
Бо Фармонҳои Вазорати молия, Кумитаи назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои шоиста ва ғани гардонидани буҷаи давлати 11 маротиба мукофотҳои пулию моли қадр карда шудааст, инчунин бо медалҳои зерин мукофотонида шудааст:- «медаль чести 2 степени» Россиян Федерали (2010 Маскав)
- «медаль чести 1 степени» Россиян Федерали (2011 Маскав)
- медали ҷашни «60-солагии ғалаба дар ҷанги бузурги ватании 1941-1945» (2005)
- медали 15 солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)
- медаль за боевое содружество УЭБ и ПК ГУ МВД Росси (2013)
- Орден шараф дарачаи 2 (Орден чести 2 степени) Россиян Федерали (2013 Маскав)


Оиладор соҳиби 5-писар




© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru