Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология

 ИНСТИТУТИ МАСОИЛИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА БИОТЕХНОЛОГИЯ

Таърихи таъсисёбӣ. Сараввал Институт ҳамчун филиали Институти умумииттифоқии илмию тадқиқотии оқсили Вазорати кишоварзии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ соли 1971 ташкил шуда буд. Аз 21 феврали соли 1992 муассиса ба ҳайати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дохил гардида, Институти Осиёи Миёнагии оқсил номгузорӣ карда шуд.

Институт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 215 Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ», бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2014, №57 Институти масоили амнияти биологӣ ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, № 487 Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология номгузорӣ гардид.

Сохтори Институт ва ҳайати кормандон. Дар сохтори Институт 5 озмоишгоҳ:

Озмоишгоҳи пешгирии вабои сумдард ва сафедхунии чорво, озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вирусии паранда, озмоишгоҳи бактериология,

Озмоишгоҳи бемориҳои бахусус хавфноки чорво,

Озмоишгоҳи мониторинги бемориҳои сироятии чорвои хурди шохдор,

Маркази захираҳои миллии микроорганизмҳои касалиовар,

Бахши ғизои микробиологӣ ва ҷонвархона,

Шуъбаи биотехнология, шуъбаи амнияти биологӣ ва беҳдошт, шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ,

Шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ фаъолият менамоянд.

Барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ дар Институт 72 нафар кормандон, аз ҷумла 36 нафар ходимони илмӣ: 5 нафар докторони илмҳои ветеринарӣ ва биологӣ, як нафар академики АИКТ (3 нафар ҳамчун ҳамкор), 12 нафар номзади илмҳои ветеринарию биологӣ (2 нафар ҳамчун ҳамкор) сафарбар шудаанд.

  IMAB 01Ҳайати кормандони Институт


Роҳбарони Институт. Диев В.И., д.и.в., солҳои 1991-1992; Бозоров М.А., д.и.в., солҳои 1992-2000; Аноятбеков М. аъзои вобастаи АИКТ, д.и.в., солҳои 2000-2014; Турдиев Ш.А. д.и.б., солҳои 2014-2017.

Аз соли 2017 то ҳол роҳбарии муассисаро Маҳмудов К.Б., номзади илмҳои ветеринарӣ ба уҳда дорад.

Раванди асосии фаъолияти Институт: Муайян кардани самтҳои асосии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи байторӣ ва биотехнологияи тибби ветеринарӣ, амният ва эминии биологӣ; гузаронидани мониторинги бемориҳои сироятии бахусус хавфноки ҳайвонот ва зоонозӣ дар ҳудуди Тоҷикистон; ҷамъоварӣ, парвариш ва нигаҳдории коллексияи микроорганизмҳои иллатангези ҳайвонот бо мақсади таҳияи ваксина ва маводи ташхиси онҳо; таҳия ва такмили технологияи истеҳсоли маводи пешгирикунанда, ташхисӣ ва доругии таъйиноти байторӣ ва татбиқи он; тайёр намудани кадрҳои илмии тахассусашон баланд ба тариқи магистратура, аспирантура, докторантура, бозомӯзӣ, баланд бардоштани тахассус дар соҳаи амнияти биологӣ, вирусшиносӣ, биотехнология ва биологияи молекулавӣ.

IMAB 02  Ҷаласаи Шӯрои олимони Институт

 Дастовардҳои асосӣ ва татбиқи онҳо. Дар даврони Истиқлолият аз ҷониби олимони Институт системаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо вабои сумдарди ҳайвонот, экзантемаи везикулярӣ ва тоуни хукҳо, илтиҳоби везикулярии даҳон, тоуни чорвои калони шохдор, бемории Ауески, табларзаи водии Рифт ва табларзаи назлавии гӯсфандон такмил ва дар истеҳсолот татбиқ гардидааст.

Хайлҳои бемориҳои сияҳрон, вабои сумдард, пастереллёз, брадзот, сӯхтанӣ ва вируси эфемерӣ омӯхта, ба сифати компоненти асосии таркиби ваксинаҳо ва зардобҳои гипериммунӣ истифода шудаанд.

Сабабаҳои пайдошавӣ ва сохтори бемориҳои сироятии роҳи нафасу ҳозима ва ҷудо намудани барангезандаҳои бемориҳои парагрипп-3, ринотрахеити инфексионӣ, вируси дарунравии гӯсолаҳо ва аденовирус муайян карда шуд. Ташхиси бемории стафилококк бо усули таҳлили иммуноферментӣ татбиқ шуд.

Бори аввал дар ҷумҳурӣ бемориҳои тоуни чорвои хурди шохдор, вараҷаи катарии гӯсфандон (блютанг) ошкор гардида, барангезандаи бемории мазкур дарёфт карда шуд, скрининг ва шиносномабандии молекулявию генетикии изолятҳои барангезандагони бемориҳои вабои сумдард, табларзаи назлавии гӯсфандон гузаронида шуд, коркард ва такмили ташхиси барангезандаи сӯхтанӣ бо силсилареаксияи полимеразӣ барои омӯхтани хосиятҳои молекулявӣ ва генетикӣ ба роҳ монда шуд.

 Ташхиси фаврии вабои сумдард ва бо усули таҳлили иммуноферментӣ бобати муайян намудани подтанҳо бар зидди сафедаҳои ғайрисохтории вируси вабои сумдарди ҳайвонот ба роҳ монда шуд.

Бори аввал дар ҷумҳурӣ барандаи вируси бемории ҳорӣ дар кӯршапаракҳо муайян карда шуд. Навъи нави калламуши хокистаранг дар ҷумҳурӣ ошкор гардида, собит карда шуд, ки манбаи бемориҳои зоонозӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вирусии ҳайвонот ва паранда таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шуда, бори аввал дар ҷумҳурӣ бо истифода аз усулҳои муосир таҳлили иммуноферментӣ ва силсилареаксияи полимеразӣ ташхиси бемориҳои зукоми паранда, Нюкасл ва ларенготрахеити сироятии мурғҳо ба роҳ монда шуд.

Инчунин, Маркази миллии микроорганизмҳои касалиовар таъсис ва дар доираи Лоиҳаи байналмилалии А5 «Таҷдид ва модернизатсияи озмоишгоҳи намудҳои референтӣ ҷиҳати амнияти биологӣ ва биобехатарӣ» бо дастгирӣ ва сармоягузории Иттиҳоди Аврупо тармим ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида мавриди истифода қарор дорад. Он ба талаботи сатҳи биобехатарии 2+ ҷавобгӯй аст.

Дар натиҷаи фаъолияти Марказ 16 штамми микрооргнизмҳо баъди омӯзиши хусусиятҳои хосашон, шаҳодатномабандӣ карда шуданд, ки ҳамчун штамми корӣ барои истеҳсоли маводи ташхисӣ ва биологӣ истифода бурда мешаванд.

Бо таҳлили филогенетикӣ муайян карда шуд, ки изоляти вируси вабои сумдарди А/Тоҷикистон/2015 ба гурӯҳи генетикии А/Эрон/05 тааллуқ дошта, аз хайлҳои А/Армения/2006, А/Туркия/2006 фарқ дорад. Изоляти вируси вабои сумдарди О/Тоҷикистон/2016 бошад, ба вируси вабои сумдарди О/ПанОсиё-2 мансуб буда, аз дигар хайлҳои вируси О, ки солҳои пешин дар Тоҷикистон ошкор карда шудаанд, фарқ дорад.

Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Институти миллии ветеринарии шаҳри Упсалаи Шветсия (SVA) дарахти филогенетикии изоляти вируси бемории Нюкасл мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Натиҷаи таҳқиқ нишон дод, ки вирус ба генотипи VIIi (ҳафт «i») тааллуқ дорад, ки одатан дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз қабили Шри Ланка ва Покистон ошкор карда шудаанд.

Барои истеҳсоли маводи биологиву кимиотерапевтӣ дар Институт Бахши истеҳсоли дорувории ветеринарӣ ташкил ва қисман бо хати истеҳсолӣ ҷиҳозонида шуд. Ин бахш аз тарафи мақомоти дахлдори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида барои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи ветеринарӣ расман Иҷозатнома ва Аттестатсия дода шуд.

Дар давраи Истиқлолият дар Институт 75000 воя ваксина бар зидди шукуфаи мӯйчин, 92000 воя ваксинаи зидди сӯхтанӣ, 871000 воя ваксинаи зидди пастереллёз, 328000 воя ваксинаи зидди паратифи ҷавонаҳо, 190000 воя ваксинаи зидди эктимаи гӯсфандон, 5000 воя ваксинаи зидди салмонелёзи барраҳо ва гӯсолаҳо, 478700 воя ваксинаи зидди сияҳрон, 92300 воя ваксинаи ассосатсияшудаи зидди пастереллёз ва салмонеллёз, 94200 воя ваксинаи бофтагии зидди плевропневмонияи сироятии бузҳо, 104000 воя ваксинаи бофтагии зидди сенурози гӯсфандон, 25500 воя ваксинаи зидди клостридиози гӯсфандон, 3500 воя ваксинаи зидди бемориҳои колибактериоз, салмонеллёз, клебсиеллёз ва протея, 5000 воя ваксинаи зидди некробактериоз ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони фабрикаи «Алтын-Тамыр»-и Ҷумҳурии Қирғизистон аз хайлҳои маҳаллӣ истифода бурда 600000 воя ваксинаи лапинизиршудаи зидди вабои сумдарди ҳайвонот ва бо фабрикаи биологии ш.Витебски Ҷумҳурии Белорус 534000 воя ваксинаи зидди бемории лептоспироз истеҳсол гардида, ба хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.

Инчунин, аз тарафи олимони Институт 550 воя зардоби хуни табобатии зидди саромоси хукҳо, 1140 воя зардоби хуни табобатии лептоспирози чорвои калони шохдор, 750 воя зардоби хуни табобатии паратифи гӯсолаҳо ва паратифи барраҳо, 8000 воя антибиотики левотетросулфин, 2000 воя антибиотики левоэритросиклин, 102000 воя маводи зиддигиҷҷавии Албендазол ММ дар шакли суспензия, 50000 воя маводи зиддигиҷҷавии Албкупрол дар шакли суспензия, 2200 воя маводи химиятерапевтии ДАТС – диминатсин атсетурат ва 1750 воя маҳлули спиртии Чемеритса истеҳсол гардид, ки дар истеҳсолот татбиқ гардиданд.

 Олимон дар ҷодаи ихтироъ, таҳия ва истифодабарии технологияҳои нав дар ташхис ва истеҳсоли маводи биологӣ аз Маркази миллии патенту иттилоот 47 адад патент оид ба ихтироъ гирифтанд.

Тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва бозомӯзии онҳо. Барои таҳкими неру ва иқтидори илмии Институт 4 доктор ва 18 номзади илмҳои ветеринарию биологӣ тайёр карда шуданд, ки аксарияти онҳо дар Шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Русия ҳимояи рисола намудаанд. Айни замон дар Институт 4 нафар аспиранту унвонҷӯй ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд. Инчунин, 14 ходими илмӣ дар Марказҳои илмии баландпояи мамлакатҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Шветсия, Туркия, Италия, Англия, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Ҷопон, Чин ва ғайра бозомӯзӣ намуданд.

 Фаъолияти нашрӣ. Олимони Институт дар даврони соҳибистиқлолӣ оид ба ташхис, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятиву инвазионии чорво 21 китоб, 1 монография, 116 дастуру тавсиянома, 21 ҳуҷҷати меъёриву техникӣ, 22 буклету варақаи иттилоотӣ ва 495 мақолаи илмиро нашр ва ба мутахассисон ва чорводорон пешниҳод намуданд.

 Иштирок дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ. Олимони Институт дар таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъмини амният ва эминии биологӣ», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсими дақиқи уҳдадориҳо ва вазифаҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ, барномаҳои зерини давлатӣ: «Барномаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди вабои сумдарди ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2010», «Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми паранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», Барномаи бунёди «Хазинаи ҷумҳуриявии штамми микроорганизмҳои иллатангез барои солҳои 2014-2018», «Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Барномаи давлатии хоҷагидории биологӣ ва истеҳсолот барои солҳои 2015-2020» ва ғайра саҳм гузоштанд.

Ҳамкориҳо. Робитаи Институт бо муассисаҳои хориҷи кишвар: Маркази ҳифзи сиҳатии ҳайвонот, Институти умумироссиягии илмию таҳқиқотии ветеринарии эксперименталии ба номи Я.Р. Коваленко, Донишгоҳи давлатии таҳқиқотии Урал ва Донишгоҳи аграрии ш.Екатеринбурги Федекратсияи Россия, Институти илмию таҳқиқотии масоили бехатарии биологии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, Институти илмию таҳқиқотии ветеринарии Қирғизистон ба номи А.Дуйшеев ва Донишгоҳи кишоварзӣ ва илми Шветсия дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ барои бозомӯзӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

Дастовардҳои олимони Институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо 15 Дипломи АИКТ қадрдонӣ гардид.

Ҳиссагузории олимон дар рушди илми соҳа. Олимони Институт - академик Сатторӣ И., профессор, д.и.в. Ёрбоев Н., д.и.в. Мурватуллоев С.А., д.и.в. Амирбеков М., д.и.б. Сатторов Н.Р., н.и.в. Вазиров Ш.С., н.и.б. Каримов Р.Я., н.и.б. Вискова Т.К., н.и.в. Муминов А.А., н.и.в Иматшоев И.Х., н.и.в. Бозоров А.А., н.и.в. Шодмонов И., н.и.в. Қурбонбекова З.Д., н.и.в Ашурова З.Ҷ., н.и.б. Ҷумаев Ш.Н., н.и.в. Бобоев Ғ.Ю., н.и.б. Қосумбеков М.И., н.и.б. Назарова О.Д., н.и.в. Шоназар Ҷ.М., н.и.в. Сайдарова М., н.и.в. Мамадотахонова Г.Н., н.и.б. Аҳмадов Н.А., н.и.в. Холов С.Х., н.и.б. Ваҳобов Д.С. ва дигарон дар рушди илми соҳа ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.

 



© 2013 - 2022 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru