Санаи 25.08.2024 дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, «Иди тарбуз, харбуза ва каду » бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ҳамасола иди тарбуз, харбуза ва каду дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Имсол низ ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо шукӯҳ доир шуд.
Аз ҷумла Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он дар ин ид фаъолона ширкат карданду ба таври рамзӣ, инчунин хурокиҳои бомаззаи аз маҳсулоти каду таҳиягардидаи худро дар маърази тамошо гузоштанд.
Аз ин намоишгоҳ Сулаймон Зиёзода муовини сарвазири кишвар, Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзӣ, Амонулло Салимзода президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти Иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳри Душанбе ва дигар роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дидан намуданд.
Ҳамзамон олимони соҳаи кишоварзӣ, дастоварду тадқиқоти илмии анҷомдодаи худро дар бахши селексия, навъҳо ва тухмиҳои гуногуни маҳсулоти тарбуз, харбуза ва каду бо тавсияву дастурҳои судманд пешниҳоди иштирокчиён намуданд.