Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ҳисоботи семоҳаи АИКТ 2024

ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СЕ МОҲАИ СОЛИ 2024
Рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ дар толори Институти зироаткорӣ маҷлиси Раёсат аз натиҷаи фаъолияти Академияи то кишоварзии Тоҷикистон дар семоҳи аввал ва вазифаҳо барои се моҳи дуюми соли 2024 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа кормандони Раёсат, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Ҷаласаро президенти Академия муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло ифтитоҳ намуда изҳор дошт, ки Раёсат ва муассисаҳои илмии Академия фаъолияти илмиву созмондиҳӣ ва хоҷагидории худро дар оғози се моҳи аввали соли ҷорӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар, дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ амалӣ намудааст. Инчунин ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва самарабахшии таҳқиқоти илмӣ, тарбияи олимони ҷавон, беҳсозии пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои илмию хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва татбиқи васеи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолотро, Академия дар сархати кор ва фаъолияти худ қарор додааст.
Дар ин ҷаласа се масъалаи асосӣ, аз ҷумла “Доир ба фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар се моҳи соли 2024”, “Натиҷаи иҷрои лоиҳаи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ “Коркарди технология ва ба роҳ мондани истењсоли маводи нави зиддипаразитӣ бар зидди протозоозҳои чорвои кишоварзӣ ва татбиқи он дар хоҷагиҳои чорводории ноҳияҳои тобеи марказ” ва “Фаъолияти илмии Филиали Институти чорводорӣ ва чарогоҳ дар вилояти Суғд дар солҳои 2022-2023” матраҳ гардид.
Ноиби президент Файзулло Амиршозода доир ба масъалаи якум аз дастовардҳои олимон дар ин муддат ёдовар шуда изҳор дошт, ки дар муассисаҳои илмии Академия ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон барои рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таҳқиқоти худро рӯи 59 мавзӯи фармоишӣ, 9 барномаи байналмилалӣ ва 4 лоиҳа дар доираи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ давом дода, дар муассисаҳои илмӣ ва зерташкилотҳои онҳо қитъаҳои таҷрибавию намоишӣ таъсис намуданд. Дар онҳо омӯзиши усулҳои муосири селексия ва тухмипарварии ибтидоӣ, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳои зироату чорво ва ғайра гузаронида шуд, ки дар ин самт корҳо идома доранд.
Файзулло Амиршозода ҳамчунин гуфт, ки олимони муассисаҳои илмии Академия дар се моҳи соли ҷорӣ соҳиби 4 нахустпатент, 12 Шањодатномаи муаллифии дастоварди селексионӣ дар соҳаи растанипарварию чорводорӣ ва 13 Шаҳодатномаи ихтироъкорӣ гардида, 5 арзнома барои гирифтани патенту нахустпатент пешниҳод намуданд.
Инчунин аз ҷониби олимони Академия 1 навъи пахтаи миёнанах ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои омӯзиш супорида шуд.
Доир ба масъалаи дуюми ҷаласа директори Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ Маҳмудов К.Б. оид ба натиҷаи иҷрои лоиҳаи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ “Коркарди технология ва ба роҳ мондани истеҳсоли маводи нави зиддипаразитӣ бар зидди протозоозҳои чорвои кишоварзӣ ва татбиқи он дар хољагиҳои чорводории ноҳияҳои тобеи марказ” ва доир ба масъалаи сеюм директори Филиали Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ дар Суғд Қосимов М.А. оид ба фаъолияти илмии Филиали Институти чорводорӣ ва чарогоҳ дар вилояти Суғд дар солҳои 2022-2023 гузориш доданд.
Дар поёни ҷаласа Салимзода Амонулло Файзулло Президенти АИКТ роҳбарони муассисаҳои илмии Академияро вазифадор кард, ки бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳқиқот, беҳтар намудани татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ, чораҳои зарурӣ андешанд. Президенти АИКТ ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуда, барои дар оянда фаъолияти беҳтару хубтар кардан, супоришҳои мушаххас доданд.
Раёсати АИКТ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдори зеринро қабул намуд:
1. Гузориши ноиби президенти АИКТ Амиршозода Ф.С. оид ба фаъолияти муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2024, ба маълумот гирифта шавад.
2. Роҳбарони муассисаҳои илмии Академия вазифадор карда шаванд, ки ба мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳқиқот, беҳтар намудани татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ, чораҳои зеринро андешанд: -амалӣ намудани вазифаҳо, дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023) ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рущци иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024” (24.01.2024) ва барномаҳои давлатии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ бармеоянд:
-беҳтар намудани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ аз рӯи мавзуъҳои фармоишӣ ва ба роҳ мондани таҳқиқот дар зерташкилотҳои муассисаҳои илмӣ;
-беҳсозии пойгоҳи модцию техникии муассисаҳои илмию хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва татбиқи васеи дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот;
-ҷалби бештари ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, магистратура, аспирантура, докторантура ва дифои рисолаҳои докторию номзадӣ оид ба ихтисос;
-таъмини баргузории конференсияю семинарҳо, рӯзҳои саҳроиву фермерӣ ва мизҳои мудаввар тибқи нақшаи тасдиқгардида, доир ба масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ;
-беҳтар кардани фаъолияти истеҳсолию молиявии хоҷагиҳои таҷрибавӣ, стансияю пойгоҳҳо ва самараноку мақсаднок истифода бурдани заминҳои дар тавозунашон қарордошта.
Scroll to Top