Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Табрикоти Президенти академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, профессор Салимзода Амонулло Файзулло бахшида ба 27-солгарди Ваҳдати миллӣ

Табрикоти Президенти академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, профессор Салимзода Амонулло Файзулло бахшида ба 27-солгарди Ваҳдати миллӣ

Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоии Ватани азизамон аз номи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамаи шумо олимону мутахассисон ва кормандони тамоми муассисаҳои илмиро ба муносибати 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо оромиву осудагӣ, саломативу сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.
Маҳз ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷумҳурии азизамон бо шарофати ваҳдати миллӣ боз ҳам ободу зеботар гардид. Дар ин муддат сохтмони тарҳҳои азими аср, бунёди шоҳроҳу пулҳои азим ва неругоҳҳои пуриқтидор оғоз ёфта, иддае аз онҳо идома дошта ва аксарияти онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
Сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва тинҷиву оромии ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд. Имрӯз мардуми мо хуб дарк мекунанд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад.
Вазифаи бисёр муҳимми олимону зиёиён ва аҳли фарҳангу адаб, падару модарон, аз он ҷумла ходимони илмии академия ва тамоми ҷомеа дар ин самт тарбияи насли худогоҳу худшинос, содиқ ба миллату давлати худ ва ватандӯсту ватанпараст мебошад. Умедворам, ки олимону корманди Академия чун дигар шаҳрвандони кишвар дар таъмин намудани тараққиёти устувори кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияи муосир, таҳкими фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, татбиқи амалии дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот саҳми беандозаи худро мегузоранд.
Бигузор Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳар як ходиму корманди  академия ва шаҳрвандони ватани маҳбубамон, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидона оварад.

То ҷаҳон боқист, ваҳдат зинда бод,
Иттиҳоди тоҷикон поянда бод!

Scroll to Top