ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ САДА
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии тоҷикони ҷаҳон аст, ки санаи 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО таияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.
28 январи соли 2025 дар толори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки васеи роҳбарону кормандони муассисаҳои илмии зертобеи АИКТ, олимон, кормандон, докторантону магистрон, ходимони илмии академия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷашни Сада ҳамоиши илмӣ баргузор карда шуд.
Чорабиниро ноиби президенти Академия Амиршозода Файзулло ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Сада дар таърихи тоҷикон ҳамчун ҷашни муттаҳидкунанда шинохта шуда, он на танҳо баёнгари эҳтиром ба табиат, балки аҳамияти муттаҳидии иҷтимоиро низ дорост.
Бо шарофати истиқлолияти бадастомада ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада аз нав эҳё гардида, ҳамасола дар ҷумхури таҷлил мегардад.
Сипас, Маҷид Салим, корманди Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ вобаста ба таърих ва пайдоиши ин иди ниёгон маъруза кард. У аз ҷумла қайд кард, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаест, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани шаби ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун рамзи гузаштани сардиҳо, одатан мужда аз наздик расидани баҳор меовард. Оид ба шарҳи истилоҳи ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Дар манобеи асотирӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанг нисбат медиҳанд, ки ин ҳодисаро Фирдавсии бузург дар “Шоҳнома”-и безаволаш тасвир кардааст. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт.
Академики АИКТ Комилзода Давлатҷон Қаюмӣ, корманди Институти зироаткорӣ Назруллоҳи Муҳаммадюсуф дар бораи ҷашни Сада баромад карда, иброз доштанд, ки ин ҷашни кишоварзон аст. Чунки Сада аз омадани Наврӯз мужда мерасонад ва деҳқононро водор месозад, ки ба кишту кори баҳорӣ ҳиммат банданд.
Дар фарҷоми чорабини кормандони АИКТ Бибиоиша Рузиматова, Соҳиба Тағоева, Зеваршо Холов ва Маҳмадшарифи Ғуломалӣ аз ашъори классикони тоҷик дар васфи Сада шеърхо қироат намуданд.