Шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ҷузъи сохтории АИКТ буда, мақсади асосии он ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии дараҷаи олӣ мувофиқи талаботҳои амалкунанда мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:
— иҷрои тадбирҳои илмию созмондиҳӣ доир ба нақшагирӣ ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ;
— таҳияи мавод оид ба иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳо;
— назорати иҷрои нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар муассисаҳои илмӣ, саривақт ва сифатнок омода намудани ҳисоботҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои илмӣ;
— ташкили корҳои робитаҳои байналмилалӣ, бастани Созишномаҳо ва амалӣ намудани онҳо;
— таҳияи нақшаи қабул ва хатми докторантура аз рӯи ихтисос (РhD), аспирантура, унвонҷӯён, магистратура ва назорати иҷроиши онҳо;
— назорат оид ба масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар зерсохторҳои Академия;
— назорати иҷроиши нақшаҳои инфиродии докторантон аз рӯи ихтисос РhD, аспирантон ва унвонҷӯён;
— таҳияи нақшаҳои ҳарсола ва дурнамои қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос (РhD), аспирантура, унвонҷӯён, магистратура;
— ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои номзадии минимумӣ барои докторантон аз рӯи ихтисос (РhD), аспирантон ва унвонҷӯён;
— таъмини нигоҳ доштан ва ҳуҷҷатгузории парвандаҳои шахсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои докторантон аз рӯи ихтисос (РhD), аспирантон, унвонҷӯён ва магистрантон.