Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон


Мулоқоти маҷозии (онлайн) президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо Муассисаи давлатии буҷавии илмӣ Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Сибири Академияи илмҳои Русия (СФНЦА РАН)
Санаи 18 марти соли равон мулоқоти маҷозии президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, аъзои вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло бо директори Муассисаи давлатии буҷавии илмӣ Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Сибири Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои биологӣ, профессори АИР, узви вобастаи АМР, Голохваст Кирилл Сергеевич баргузор гардид.
Дар мулоқот олимони соҳаи чорводорӣ, боғутокпарварӣ, тибби ветеринарӣ, ва зироаткории Муассисаи давлатии буҷавии илмӣ Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Сибири Академияи илмҳои Русия ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок намуданд
Зимни мулоқот ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ байни кишварҳои мо барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд ва ҳамсоягии нек байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.
Дар шароити тағйироти демографии ҷаҳонӣ ва норасоии маҳсулоти озуқаворӣ, рушди босуръати кишоварзӣ дар асоси технологияҳои мустақил ба самти афзалиятнок табдил меёбад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки иқтидори илмиро дар соҳаи комплекси агросаноатӣ рушд диҳем.
Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва муосиргардонии истеҳсолоти аграрӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос барои соҳаи агросаноатӣ, инчунин гузариш ба кишоварзии сермаҳсул ва аз ҷиҳати экологӣ тоза зарур мебошад.
Бо мақсади густариши ҳамкорӣ, Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Сибири Академияи илмҳои Русия (СФНЦА РАН) пешниҳод гардида, ки шарикии дарозмуддати илмӣ-техникӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад ва барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи агробиотехнология ҳамкорӣ сурат гирад.
Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Сибири Академияи илмҳои Русия омода ҳаст, ки масъалаи омӯзиши аспирантон аз муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистонро дар пойгоҳи Маркази худ баррасӣ намоянд. Ҳамзамон, пешниҳод намуданд, ки намояндагони мо дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои илмии Тоҷикистон баргузор мешаванд, иштирок намоянд ва дар оянда Созишномаи техникӣ оид ба ҳамкорӣ ба имзо расад.
Шўъбаи иттилооти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

24 февраля 2025 года президент ТАСХН Салимзода Амонулло Файзулло принял представителей ФАО в рамках программы партнерства ФАО-Турция, направленной на укрепление сотрудничества в области продовольствия и сельского хозяйства. В ходе встречи обсуждались важнейшие вопросы по укреплению регионального сотрудничества и национального потенциала в области борьбы с ржавчинными болезнями пшеницы, и селекции на устойчивость в Центральной-Азии и на Кавказе, которые представляют серьезную угрозу для сельскохозяйственных культур.

 

 

 

 

 

 

 

Особое внимание было уделено необходимости развития совместных научных исследований и обмену знаниями в области селекции на устойчивость к этим заболеваниям. Участники встречи отметили важность создания устойчивых сортов пшеницы, способных противостоять болезням и климатическим изменениям, а также необходимости увеличения сотрудничества между странами региона для совместного решения сельскохозяйственных проблем.

 

 

 

 

 

 

 

 

Кроме того, обсуждались перспективы дальнейшего развития программ обучения и повышения квалификации для агрономов и ученых, а также возможности для внедрения новых технологий и инноваций в сельское хозяйство, чтобы повысить продовольственную безопасность и устойчивость агросектора в этих странах.


Санаи 13-уми декабри соли ҷори президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо директори Кооперативи ғайритиҷоратии “ Сароб” Муминов Муҳаммадӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида зимни вохурӣ доир ба ҳамкориҳои минбаъда байни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Кооперативи ғайритиҷоратии “ Сароб” дар самтҳои гуногун доир ба навгониҳо ва пешбурди илми кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Мулоқоти президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO).

Санаи 14-ноябри соли равон вохурии президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо намояндагони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) Агаси Арутюнян ва Таня Сантиванез баргузор гардид.

 

 

 

 

 

 

Ҳадаф аз мулоқот ин муҳокима ва пешбурди масъалаҳои марбут ба татбиқи чорабиниҳои лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории соҳаи кишоварзӣ” буд.Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои АИКТ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) оид ба пешбурди соҳаҳои зироаткорӣ, растанипарварӣ, захираҳои генетикӣ ва чорводорӣ баррасӣ гардид.

 

 

 

 

 

 

 

___________________________________________________________________________________________________________________________________

Мулоқоти президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо Он Сунг Джонг — директори Маркази куриёгии «Kopia» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Нурматов Азам — директори Институти илмӣ-тадқиқотии чорводорӣ ва парандапарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

 

 

 

 

 

 

14 – ноябри соли 2024 Салимзода Амонулло Файзулло — президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Он Сунг Джонг — директори Маркази куриёгии «Kopia» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Нурматов Азам — директори Институти илмӣ-тадқиқотии чорводорӣ ва парандапарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон-ро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои АИКТ ва Маркази куриёгии «Kopia» оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои офаридани зотҳои чорвои гӯштӣ ва ширӣ, инчунин барои баланд бардоштани ҳосили зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, аз он ҷумла шолӣ ва табодули таҷрибаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин масъалаи кушодани Маркази куриёгии «Kopia» дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

 

Дар охир ба мувофиқа омаданд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин созишномаи ҳамкорӣ байни АИКТ ва Маркази куриёгии «Kopia» ба имзо расонида, ҳамкориҳои муштарак тавассути таҳияи лоиҳаҳои илмӣ тақвият бахшида шаванд.

_________________________________________________________________________________________________________________________________

Сегодня президент ТАСХН Салимзода Амонулло принимал представителей Продовольственной и сельскохозяйственной организации ООН (FAO) во исполнении Меморандума о двустороннем сотрудничестве.

В своем приветственном слове им были охвачены задачи и проблемы, стоящие перед учёными аграриями, которым необходимо уделять особое внимание с целью достижения продовольственной безопасности Таджикистана.
  При непосредственном участии директоров Научно-исследовательских институтов животноводства и пастбищ, ветеринарной медицины, почвоведения и агрохимии, садоводства, виноградарства и овощеводства, национального центра генетических ресурсов в ходе встречи обсуждались приоритетные направления их исследований и необходимость продвижения научных достижений путем проведения семинаров, тренингов, в том числе полевых школ фермеров, по широкому спектру вопросов касающихся:
-кормления, содержания, биобезопасности, профилактики и лечения животных с целью повышения их продуктивности и рентабельности производства;
-развития интенсивных технологий садоводства, инновационных методов выращивания семенного картофеля (аэропоника);
-улучшения управления ирригационными системами, обмениваясь знаниями и опытом среди фермеров, ассоциаций водопользователей для эффективного использования воды и
повышения урожайности возделываемых культур.
02 07 2024.
___________________________________

Санаи 29,05,2024 президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо намояндагони Институти байналмилалии илмӣ-таҳқиқоти сиёсати хурокворӣ ИФПРИ (IFPRI) дар доираи лоиҳаи “Фаъолияти баҳодиҳӣ ва таҳлилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохури гузаронида, оиди ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

                _______________________________________________________________________
Сегодня президет Таджикской академии сельскохозяйственных наук Салимзода Амонулло Файзулло и Олег Таджмаметович Гучгельдыев Главой Представительства сельскохозяйственной организации Объединенных наций (ФАО) в Республике Таджикистане за организацию встречи было подписана Меморандума о взаимопонимании между Таджикской академией сельскохозяйственных наук и ФАО, что послужит дальнейшему взаимовыгодному партнёрству, развитию отраслевой науки и улучшению обеспечения продовольственной безопасности.
Данная встреча будет содействовать дальнейшему развитию сельскохозяйственного производства.
Приоритетными направлениями исследований для улучшения продовольственной безопасности являются: селекция и семеноводство, племенное дело, развитие хлопководства, интенсивного садоводства, увеличение площади орошаемых земель, а также разработка отдельных программ развития отраслей сельского хозяйства с учетом изменения климата и ряда других проблем, связанных с продовольственным обеспечением республики.
26.04.2024.
    _____________________________
Қабули ҳайати кории Институти ғарбии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Хитой (АИКХ) дар бинои марказии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
            16 апрели соли 2024 президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Фаизулло муовини директори Институти ғарбии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Хитой, профессор Хэ Вентсин, мутахассиси Шуъбаи таҳқиқоти илмӣ ва ҳамкории байналмиллалии Институти ғарбии кишоварзии АИКХ Ванг Ян ва ходими калони илмии Шуъбаи селексия ва парвариши зироатҳои полизии Институти мевапарварии АИКХ Чжу Инчун-ро ба ҳузур пазируфтанд.
           Аз ҷониби ҳайати АИКТ директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ Толибов А.Қ., директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ Давлатов X., муовини директори Инстититути боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ Нурзода Н.Н. ва сармутахассис оид ба робитаҳои байналмиллалии АИКТ Баева Н.Х., ҳузур доштанд.
            Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои АИКТ ва АИКХ оид ба дидани қитъаи замине, ки дар он базаи таҷрибавии намоишӣ сохта мешавад, дар якҷоягӣ муҳокима намуда мазмуни шартномаи иловагӣ (сохтмони якҷояи базаи таҷрибавӣ), муайян намудани самтҳо ва мавқеъи таҷрибаҳо ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
               Ҳамзамон, дар рафти вохурӣ Созишномаи ҳамкорӣ байни Институти ғарбии кишоварзии АИКХ ва Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, Созишномаи ҳамкорӣ байни Институти ғарбии кишоварзии АИКХ ва Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, Созишномаи ҳамкорӣ байни Институти чорводорӣ ва ветеринарии АИКХ дар шаҳри Ланчжоу ва Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ ба имзо расонида шуд.

 

Scroll to Top