ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК”
Санаи 14 апрели соли 2025 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, роҳбарият, профессорону омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, раёсати АИКТ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва ходимони илмӣ иштирок доштанд.

Нахуст президенти АИКТ Салимзода Амонулло ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи илми тоҷик табрик гуфта, аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди илми тоҷик, вохӯрии Сарвари давлат бо аҳли маорифу илм (30 майи соли 2024), дастуруи супоришҳо аз натиҷаи сафари корӣ ба ноҳияи Б.Ғафуров ёдовар шуданд.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ оид ба дастовардҳои илмии академия дар семоҳаи аввали соли 2025, “Соли рушди илми кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ”, сардори шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмии АИКТ Ҷумаев Ш., оид ба муваффақиятҳои илми тибби ветеринарӣ дар истеҳсоли ваксинаю доруворӣ сарходими илмии Маркази захираҳои миллии микрорганизҳои касалиовари Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология, академик Сатторӣ И., оид ба “Нақши илми кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, сарходимии илмии шуъбаи зироатҳои равғандиҳандаи Интитути зироаткорӣ Нарзуллоев Т., дар мавзӯи “Хокҳои таназзулёфта ва самтҳои мубориза ба зидди он”, мудири шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозияи Институти хокшиносӣ ва агрохимия Аминов Ш., оид ба “Истифодабарии мошинолотҳои инноватсионӣ дар соҳаи растанипарварӣ котиби илмии Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияи инноватсионӣ Искандаров И. маърӯза карданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Академия барои саҳм гузоштан дар рушди илмҳои кишоварзӣ як қотор олимони соҳа бо мукофотҳои пулӣ ва бо ифтихорномаю сипоснома қардрдонӣ карда шуданд.