Дар ҷаласа собиқадори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, полковник Қодиров Шамсиддин ва собиқадори Вазорати мудофиа, майор Абдуллозода Ҳикматулло иштирок доштанд.
Нахуст президенти Академия Салимзода Амонулло Файзулло ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, аз ҷумла иброз намуд, ки 23 феврал ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 32 сол пур мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаи муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шудааст.
Артиши миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи мудофиавии ҳар миллату давлат маҳсуб шуда, ҳадафу мақсади аслии он таъмини амнияти халқу Ватан мебошад. Ҳамин тариқ, таъмину танзими сулҳу субот ва бехатарии шаҳрвандон ба дӯши сипари миллат мебошад. Он рамзи интизом, далерӣ ва шаҳомату ватандӯстӣ низ мебошад.
Абдуллозода Ҳикматулло зимни баромади худ ёддовар шуд, ҷумҳурии мо Қувваҳои мусаллаҳи худро дар як замоне таъсис дод, ки кишвари мо дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва хатари аз байн рафтани Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба миён омада буд.
Ҳар давлат фақат бо қудрат ва тавоноии артиши худ метавонад дар арсаи байналмилалӣ мақоми низомияшро муаррифӣ созад. Артиш ҷузъи муҳими давлатдорӣ буда, кафили асосӣ барои пойдории давлат ҳисобида мешавад.
Барои ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон таъсиси Артиши миллӣ осон набуд ва аз ҳама муҳимаш базаи моддиву техникӣ талаб менамуд. Дар фурсати кӯтоҳ ташкил намудани он кори саҳл набуд ва барои ин вақт зарур буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро таъсис доданд ва 23 феврал аввалин гузашти ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Имрӯз афсарони далеру ҷасурро зарур аст, ки бо руҳияи ватандӯстию садоқат ба Ватану савганди ҳарбӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ марзу буми Ватанро содиқона ҳимоя намоянд.
Кормандони ҷавони Академия Рӯзиматова Бибиоиша ва Холов Зеваршо дар васфи Ватан ва Артиши миллӣ шеърҳо қироат карда хотири иштирокдоронро болида гардониданд.