17 марти соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон вохурии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Раёсати академия ва муассисањои илмии он ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои соли 2025 оид ба амалисозии стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид.
Дар вохурӣ кормандони раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-августи соли 2021, № 222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва тарзу усулҳои амалисозии онро баррасӣ намуданд.