Субҳи рӯзи 18-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони пойтахт фаъолона иштирок намуданд.
Бо мақсади дастгирии ташаббусҳои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии зертобеи он низ дар ин чорабинии муҳими варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.