ҶАЛАСАИ ВАСЕИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
9 июли соли 2025 ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар 6 моҳи соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Баҳром, ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Мирзоализода Тоҳир, директорони муассисаҳои илмӣ, филиалҳо ва хоҷагиҳои истеҳсолӣ, академикҳо, аъзоёни вобастаи Академия ва олимону мутахассисон иштирок намуданд.

Аз руи масъалаи якум муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Толибзода Давлаталӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар 6 моҳи соли 2025 баромад намуда қайд намуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намудаанд, ки соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон – яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди он вобастагии калон дорад”.

Дар сохтори Академия 7 институти илмию таҳқиқотӣ, 4 маркази илмӣ фаъолият менамоянд. Муассисаҳои илмӣ дорои 24 филиал, стансия, пойгоҳ ва хоҷагиҳои таҷрибавӣ мебошад.
Дар ин муассисаҳо 1121 нафар корманд, аз ҷумла 527 ходими илм, аз онҳо 59 нафар доктори илм ва 161 номзади илм фаъолият мекунанд. Ҳамзамон, аз донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои ҷумҳурӣ 34 доктор ва 41 номзади илм ҳамчун ҳамкор ҷалб карда шудаанд. Ба ҳайати Академия 8 академик, 6 аъзои вобастаи АИКТ ва 2 нафар аъзои хориҷӣ шомиланд.
Мувофиқи дурнамои корҳои илмию тадқиқотии Академия тибқи 59 мавзуи фармоишӣ ва 7 барномаи байналмилалӣ олимони муассисаҳои илмии Академия дар давраи ҳисоботӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 5 нахустпатент, 12 шаҳодатномаи муаллифии дастоварди селексионӣ дар соҳаи растанипарварӣ, 2 хабарномаи мусбат гардида, 1 арзнома барои гирифтани патенту нахустпатент пешниҳод намуданд. Инчунин, аз ҷониби олимони Академия 1 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи тезрас ва 1 навъи дарахти мевадиҳанда ба Комиссияи давлатии озмоишии навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш супорида шуд.
Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар бахшҳои магистратура 60 нафар, докторантура PhD – 46, аспирантура 13 нафар ва унвонҷӯй 41 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии магистрантҳо, докторант PhD ва унвонҷӯён 43 нафар ё 37,3%-ро занҳо ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 4 рисолаи докторӣ, 6 рисолаи номзадӣ ва 19 рисолаи магистрӣ ҳимоя намуда, оид ба масъалаҳои рӯзмарраи рушди соҳаи кишоварзӣ 377 кори илмӣ, аз ҷумла 4 китоб, 6 монография, 3 маҷалла, 20 дастур, 13 тавсиянома, 8 буклет, 1 лавҳаи таблиғотӣ ва 322 мақолаи илмӣ аз чоп бароварда, 33 чорабинӣ, аз ҷумла 1 конференсияи илмию амалии байналмилалӣ, 1 семинари илмию амалии байналмилалӣ, 2 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 2 конференсияи илмию амалии минтақавӣ, 13 семинари илмию амалии минтақавӣ, 11 рӯзи саҳроӣ, 2 мизи мудаввар ва 1 рӯзи фермерӣ гузаронида шуд.
Ба мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ ва тавсияномаҳо оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ олимони Академия бо воситаи симо 379 маротиба ва тавассути садо 48 маротиба бо тавсияҳо баромад намуда, дар нашрияҳои расмӣ 11 мақолаи илмию оммавӣ нашр намуданд.
Муассисаҳои илмии Академия дар чорабиниҳои ҷумҳуриявии таҷлили ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон бо баргузории “Иди зардолу ва намоиши хушкмеваҳои Тоҷикистон” фаъолона иштирок намуданд.
Дар асоси амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП-709 ва № АП-710 аз 02 январи соли 2025 дар муассисаҳои илмии АИКТ озмунхои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур 58 нафар ширкат варзида, аз онҳо 21 нафар ғолибон ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифта, аз он 2 нафар дар «Илм-фурӯғи маърифат» сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии хориҷи кишвар ҳамкории зич дошта, 35 нафар олимони муассисаҳои илмии Академия дар 9 давлати хориҷи кишвар, аз ҷумла Катмандуи Непал, Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Штатҳои Мутаҳидаи Амрико, Италия, Ҷопон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар курсҳои бозомӯзӣ ва конференсияю семинарҳо ширкат варзиданд.
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмии АИКТ ва зерсохторҳои он корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Дар филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ кӯдакистони “Баҳор” бо тамоми шароитҳои замонавӣ барои 185 нафар кӯдак бо иштироки Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии кабудизоркунӣ то давраи соли 2040, дар муассисаҳои илмии Академия мунтазам шанбегиҳо гузаронида, зиёда аз 60 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, дарахтони ороишию сояафкан қаламчаи ток ва гулҳои мавсимӣ шинонда шуд. Инчунин, дар мавзеи вобасташудаи Академия воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе – Варзоб зиёда аз 900 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, аз ҷумла санавбар, туя, можжевелник, шулаш, дроки испанӣ, ниҳоли олуча ва себи ёбоӣ шинонида шуд.
Дар муҳокимаи масъалаи мазкур муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Баҳром, ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Мирзоализода Тоҳир, директорони муассисаҳои илмӣ баромад намуда, ба фаъолияти Академия баҳои мусбат доданд.
Дар ҷамъбасти масъала президенти АИКТ, аъзои вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло баромад намуда иброз намуданд, ки дар ҳошияи суханрониҳои Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо аҳли зиёи мамлакат рӯзи 30 майи соли 2024, мо бо мақсади баланд бардоштани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ дар мауссисаҳои АИКТ соли 2025 — ро “Соли рушди илми кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ” эълон намудем.
Вобаста ба иҷрои масъала ба ҳар як муассисаи илмии академия дастуру супоришҳои мушаххас дода, олимон барои ҳалли он муваззаф карда шудаанд. То ба имрӯз як қатор масъалаҳо иҷроиши худро ёфтаанд, аз ҷумла: ҷалби бештари хатмкунандагони болаёқат ба зинаҳои магистратура, докторантура, доктор аз рӯи ихтисос (доктор PhD); дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 6 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намуданд; ҷалби 58 нафар олимону кормандон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”; ба як қатор муассисаҳои илмии хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкории байналмилалӣ баста шуд; аз рӯи зиёд шудани нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷию ватанӣ мансуб ба РИНС, SCOPUS ва КОА-и Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзошавии ходимони илмӣ ба ELibrary ва баланд бардоштани индекси ХИРШ ба 156 нафар расидааст; дар майдони 15 гектар бо технологияи инноватсионии зериплёнкагии пахта бо усули обёрии муқаррарӣ дар Институти зироаткорӣ; омӯзиши ҳолати хокҳои минтақаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо истифодабарии технологияи СИҶ дар асоси аксҳои кайҳонӣ; оид ба коркард ва истеҳсоли дорувориҳои ветеринарии воридотивазкунандаи ватанӣ бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ва инвазионии чорвою паранда ва расонидани он то ба 1 млн воя; пешниҳоди типи “Ғузнӣ”-и гӯсфандони зоти ҳисорӣ; расонидани номгӯи навъу намунаҳои тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва ҳамавлодии ёбоии онҳо то ба 16 000 ва ғайра.