МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 30 майи соли 2025 тибқи қарори Раёсати Академия аз 30 декабри соли 2024, №2 дар бораи «Нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, рӯзҳои саҳроӣ, феремерӣ ва мизи мудаввар бо ташаббуси муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои соли 2025» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзуи «Саҳми олимони ҷавон дар рушди илми кишоварзӣ ва татбиқи технологияи инноватсионӣ дар истеҳсолот» бахшида ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва дар Академия соли 2025 эълон шудани «Соли рушди илми кишоварзӣ ва технологияи инноватсионӣ» баргузор менамояд.
Ба конференсияи мазкур олимону мутахассисон, докторантони PhD, магистрон, унвонҷуёни донишгоҳҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавии ҷумҳурӣ метавонанд мақолаҳои илмии худро пешниҳод намоянд.
Дар конференсия масъалаҳои вобаста ба самтҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
зироаткорӣ;
селексия ва тухмипарварӣ;
боғпарварию сабзавоткорӣ;
агрохимия ва хокшиносӣ;
ҳифзи растанӣ аз касалию зараррасонҳо;
чорводорӣ ва чарогоҳ;
физиологияи растанӣ ва чорво;
тибби ветеринарӣ ва биотехнология;
иқтисодиёти кишоварзӣ;
механиконии кишоварзӣ.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.
Талабот оид ба тайёр намудани мавод: Мавод дар ҳаҷми то 5 саҳифаи чопи компютерӣ бо риояи талаботи зерин қабул карда мешаванд: андозаи варақ А4, ҳошия аз ҳама тарафҳо 2 см, андозаи ҳарфҳо 12, байни сатрҳо 1,15, сарсатр 1,25 см, ҳуруфчинӣ бо навъи Times New Roman Tj, барои матнҳои русӣ Times New Roman. Дар саҳифаи якум баъд аз як сатр номи мавод бо ҳарфҳои сарлавҳавӣ, поёнтар аз он фосилаи 1,5 см ному насаби муаллифон, нишони муассиса оварда мешавад. Маводро тариқи почтаи электронии taskhn@mail.ru ё ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21 а, ирсол намоед.
Муҳлати пешниҳоди мавод ва дархостҳо барои иштирок дар кори конференсия то — 10 майи соли 2025.
Нашри маводи конференсия. Маводи конференсия дар шакли маҷмуа то оғози кори конференсия ба нашр расонида мешавад. Муаллифон оид ба саҳҳеҳият ва эътимоднокии маълумоти фишурдаи мавод масъул мебошанд. Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқ дорад маводеро, ки ба мазмун ва мундариҷаи мавзӯъҳои конференсия ва талаботи пешниҳодгардида мувофиқ нестанд, рад намояд.
Суроға барои тамос:
734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21 а, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, E-mail: taskhn@mail.ru