НИҲОЛШИНОНИ МАРОМИ МОСТ! 14.03.2025 | Хабарҳо Дар заминаи амалигардии «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» субҳи санаи 1-марти соли ҷори кормандони АИКТ ва муассисаҳои илмии зертобеи он ҷиҳати иҷрои барномаи дар боло зикргардида бо ташаббуси президенти АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло дар мавзеи Варзоб дар маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок карданд. Кормандони АИКТ ва муассисаҳои илмии зертобеи он мунтазам дар чунин маъракаҳо фаъолона иштирок намуда, саҳми худро барои ободи ва кабудизоркунии ватани азизамон мегузоранд.