Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Табрикоти президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бахшида ба ҷашни Сад

Ҳамдиёрони арҷманд!

    Ҳамаи шуморо ба муносибати таҷлили ҷашни Сада табрик гуфта, дар оғози фарорасии бедоршавии табиат ва истиқболи нуру гармӣ бароятон саломативу хушбахтӣ, барору муваффақият ва дастоварду пешравиҳои рӯзафзун орзумандам.
Ҷашни Сада, ки як замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории истиқлоли давлатӣ дубора эҳё ва шукӯҳу шаҳомати худро миёни мардум барқарор намуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки 6-уми декабри соли 2023 бо пешниҳоди ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг «ҷашни Сада» дар Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид, ки ифтихори ҳаряки мо ба шумор меравад.
Сада ҷашни қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-ум ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ, омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Деҳқонон дар ин айём тибқи анъана бояд ба шудгори замин, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, канал, таъмири пойгоҳи обкашӣ, мондани яхоб, обҳои захиравӣ ба хотири ҳосили босифату фаровон, пошидани нуриҳои органикӣ ба замин, омода намудани тухмӣ, тайёр намудани техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба мавсим, башаклдарории дарахтон, ниҳолшинонӣ, муҳофизати дарахтон, коркарди зимистона, зимистонгузаронии чорво тадбирҳои саривақтӣ андешад.
Ба ибораи дигар, Сада низ мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол, аз дидгоҳи ниёгони мо, ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.
Ҳамон гунае, ки ҷашни Наврӯз ва Меҳргон дар осори шоирону адибони тоҷик инъикос ёфтааст, оҳанги Сада низ дар осори файласуфон ва шоирони гузаштаи мо, аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Фирдавсиву Манучеҳрӣ, Анварӣ, Унсурӣ, Умари Хайём ва дигарон низ ривоҷи зиёде дорад, ки Хоқонии Шервонӣ дар ин маврид чунин гуфтааст:
Фархунда кард Хусрави Машриқ ба фарри ту,
Наврўзи фарруху Садаву Меҳргони хеш.
Ҳамчунин шоир ва файласуф Умари Хайём пайдоиши ҷашни Садаро ба замони Афредун нисбат дода, дар «Наврӯзнома» чунин зикр намудааст: «Афредун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигирифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон ки аз ҷабру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд»
Бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ метавон иброз намуд, ки мардуми шарифи мамлакат суннатҳои Садаро пос медоранд, дар баробари корҳои ободонӣ ва таъмизгардонии хонаву ҳавлӣ, ҳар сол барои ҷаншнгирии иди Сада дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил менамоянд, базм ороста, ба хотири бобаракату серҳосил омадани баҳор хурсандӣ мекунанд. Ҳамзамон намоиш — фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбутаҳоро ташкил намуда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват менамоянд. Бо шодию фараҳ якдигарро табрик намуда, таманно менамоянд, ки дастархонашон мудом пур аз нозу неъмат бошад, хонаашон пур аз гандум бошад, ранҷашон ба ганҷ мубаддал гардад.
Бори дигар мардуми сарбаланду заҳматкаши кишварамон, махсусан, тамоми кишоварзони мамлакатро ба ифтихори ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, тандурустӣ, бахту саодат ва файзу баракати рўзгорро орзу менамоям.
Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Сада сад роҳ кушояд сўйи Наврўз,
Ба рўйи мо намояд рўйи Наврўз.
Сано гўям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бўйи Наврўз.
Scroll to Top