Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

ТАБРИКОТИ президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

ТАБРИКОТИ президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз
Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё,
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.
Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол соли нави аҷдодиамон — Наврӯзи хуҷастапай фаро расидааст, ҳамаи Шумо ҳамватанон ва кишоварзонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, самимона табрик мегӯям.
Наврӯзи мо — тоҷикони тоҷдор чун суннати фарҳангии умумибашарӣ дар кишварҳои фарҳангдӯсту таърихпосдори кураи замин ҳамчун иди байналмилалӣ ҳамасола бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷашни Наврӯз василаи муҳими ваҳдату ҳамбастагии қавму нажодҳои гуногуни сайёра буда, тамаддунофари кӯҳанбунёд будани мо тоҷиконро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба оламиён нишон медиҳад.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷашнҳои суннатии миллиамон — Наврӯзи хуҷастапай ба фарҳанги умумибашарӣ ворид гардиду ҷашни бузургу ҳафтҳазорсолаи Наврӯзи Аҷамро башарият дар сатҳи байналмилалӣ ботантана таҷлил менамояд.
Наврӯз воқеан ҳам ҳаётию табиӣ буда, айёме таҷлил мегардад, ки оламу одам дигаргун мегардад, мешукуфад, зиндатар мегардад.
Наврӯз пайки баҳор, арӯси сол, айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ, замину кайҳон аст. Наврӯз ќабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори деҳќон ва робитаи инсон бо табиат мебошад.
То фаро расидани иди Наврӯз дар мавзеъҳои хуршедии кишварамон маъракаи кишту кор оѓоз мегардад.
Мувофиқи анъанаҳои неки Наврӯз бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон айёми кишту кор ва дигар корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани наҳру ҷӯйҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оѓоз мегардад.
Имрӯз, ки табиат зинда гардидаву, айёми кишту кор низ фаро расидааст, бо боварӣ гуфта метавонем, ки мо кишоварзони мамлакат бо заҳмати содиқонаи худ ҷиҳати зиёд намудани майдони зироатҳои кишоварзӣ, боғҳо ва истеҳсоли маҳсулот ба хотири таъмини амнияти озуқавории мамлакат саъю талош менамоем.
Аз Наврӯзи соли гузашта то Наврӯзи имсола дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ дастовардҳои зиёде ба амал омаданд. Аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардида, содироти меваю сабзавот афзуд.
Олимони Академия дар фарорасии баҳори нозанин ба хоҷагидорон ҷиҳати саривақт гузарондани кишти зироатҳои кишоварзӣ ва риояи технологияи парвариши онҳо ёрии доимии машваратию амалӣ расонида, баҳри афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар таъмини амнияти озуқавории кишварамон ҳиссагузор мебошанд.
Орзуманди он ҳастем, ки баҳору Наврӯзи имсола ба сарзамини мо бо шодиву хуррамӣ ва файзу баракати худ қадам гузошта, барои сокинони мамлакат аз ҷумла кишоварзони ҷумҳурӣ барору комёбӣ ва файзу нусратҳои навро насиб мегардонад.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Scroll to Top