Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН САЛИМЗОДА АМОНУЛЛО ФАЙЗУЛЛО БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР»

ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН САЛИМЗОДА АМОНУЛЛО ФАЙЗУЛЛО БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР»
                                 Модарону хоҳарони азиз!
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад.
Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.
Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.
Мехоҳам дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо ифтихору сарфарозӣ хотирнишон намоям, ки иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд, ки “Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”.
Дар ҳақиқат Модар чунон дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо меҳрубониву бахшояндагии хоси худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад.
Муҳтарам Ҷаноби олӣ ҳамеша дар ситоиши модарон як нуқтаро тақид мекунанд, «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».
Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.
Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки мафҳумҳои муқаддаси “Модар” ва “Ватан” бо ҳам тавъам буда, фарзандони ватандӯстро маҳз модар ба дунё меорад ва муҳаббати Ватанро бо шири сафедаш дар вуҷуди фарзанди худ ҷой мекунад.
Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд.Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд. Саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.
Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун шуда истодааст.
Сарвари давлат тавре ки дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ишора намуданд, ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи сиҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 257 нафар занону бонувон, аз он ҷумла 23 нафар занони унвондор, аз ҷумла 1 доктор ва 22 номзадҳои илм, 23 магистр ва 9 нафар доктор PhD дар пешбурди илми кишоварзӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Моро зарур аст, ки дар самти ҷалби ҷавондухтарон ба бахшҳои аспирантура, магистрантура ва доктор PhD ҷиҳати тайёр намудани бонувони унвондор чораҳои бетаъхир андешида, сафи олимонро дар соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби бонувони болаёқат, ки айни замон ангуштшуморанд, зиёд намоем.
Тавре ки Аллома Иқбол мегӯяд: “Зан чароғи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.
Бонувони азиз,
Мо ба донишу истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии бонувони Академия ва муассисаҳои илмии он, ки дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат саҳм гузошта истодаанд, таҳсин хонда, боварӣ дорам, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти илми кишоварзӣ ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд.
Мо ҳар яки Шумо, модарону бонувони азизро дӯст медорем, бо занону духтарони ватандӯст ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки Шумо вазифаҳои бадӯшдоштаи худро минбаъд низ сарбаландона иҷро карда, дар рушду ободии кишвари азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоред.
Бори дигар ҳамаи шумо, модарони мӯнису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯстро ба муносибати «Рӯзи Модар» самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дарози бобаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоям.
Ҷашн муборак, модарону хоҳарони азиз!
Scroll to Top