Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Тавсияҳои олимон ва донишмандони институти хокшиносӣ ва агрохимия “Коркарди асосии хок”

Тавсияҳои олимон ва донишмандони институти хокшиносӣ ва агрохимия
“Коркарди асосии хок”
Қариб нисфи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ дар майдонҳое
ҷойгиранд, ки киштгардониҳо аз худ карда шудаанд. Дар чунин шароитҳо самарабахшии баланди ҳамаи усулҳои агротехникӣ, аз он ҷумла шудгор низ, ба даст оварда мешавад.
Тадқиқоти ҷиддӣ доир ба кор карда баромадани усулҳои шудгори рўйгардон дар киштгардониҳои пахтаю юнучқа нисбат ба шароитҳои водиҳои Вахшу Ҳисор аз ҷониби олимони АИКТ гузаронида шудаанд.
Муқаррар карда шудааст, ки дар мавриди шудгор карда таги хок намудани қабати алафҳои бисёрсола хок ба муддати дароз ҳосилхезии ташаккулёфта ва хосиятҳои мусбии обу физикиашро нигоҳ медорад. Ба ғайр аз ин, юнучқа месабзад ва дар давраи ротатсия киштгардонӣ алафҳои бегонаро пахш менамояд.
Бо назардошти ин натиҷаҳо дар шароити водии Вахш дар хокҳои хокистарранги ирригатсионӣ шудгор карда таги хок намудани бозмондаҳои юнучқаро бо плуги плантажӣ дар чуқурии 60 см ва дар дигар намудњои хокҳо (аз ҷумла санглох) новобаста аз минтақа — дар чуқурии 45-50 см гузаронидан лозим аст. Дар манзари шудгори чуқур ва таги хок намудани қабати алафҳои бисёрсола барои кишти пахтаи соли дуюми парвариш шудгорро дар чуқурии 23-25 см гузаронидан зарур аст. Он чи ба киштгардониҳои 1:4:1:4 ва 1:3:1:3 ва заминҳои пахтаи истифодаашон дурударози бетанаффус дахл дорад, муносибат ҳангоми шудгор бояд дигар хел бошад. Дар ин шароитҳо моҳияти муҳимро муҳлати шудгор соҳиб аст. Муқаррар карда шудааст, ки агар дар хокҳои тираи марғзории водии Ҳисор шудгор аз мавсими тирамоҳӣ ба баҳор гузаронида шавад, он гоҳ ҳосили пахта то ба 4,5с/га паст меравад. Аз ин сабаб, шудгор бояд дар моҳҳои октябр -ноябр ва на дертар аз нимаи аввали моҳи декабр гузаронида шавад. Моҳияти шудгор аз он иборат аст, ки вай ба таври қатьӣ хосияти физикии хок, қобилияти наминигохдорандагӣ ва фаъолияти биологии онро беҳтар мегардонад. Ба ғайр аз ин, дар мавриди сари вақт баланд бардоштани шудгор дар хок функсияҳои муфид бартарӣ пайдо намуда, нашъунамои фаъоли пахтаро таъмин мекунад.
Талаботи дигар ҳатман гузаронидани шудгор бо пешплугҳо мебошад, ки ковоккунии беҳтари хок, таги хок намудани нуриҳоро ба минтақаи фаъоли фаъолияти системаи решагии пахта, маҳв ёфтани узвҳои афзоишкунандаи алафҳои бегона, шакли зимистонгузаронандаи зараррасонҳо ва қатъӣ пахш намудани микрорганизмҳои касалиоварро таъмин менамояд.
Дар ҷумҳурӣ шудгорро ҳам бо усулҳои стандартӣ ва ҳам плугҳои дуқабата мегузаронанд. Дар майдонҳои аз алафҳои бегона касифгашта, бахусус бо алафҳои бегонаи бисёрсола, шудгорро мебояд танҳо бо плугҳои дуқабата, ки пурра чаппагардонкунии қабат ва чуқур таги хок намудани алафҳои бегонаро таъмин месозад ва дар як маврид барои сабзиши онҳо шароити номусоиди сабзишро ба миён меорад, гузаронидан зарур аст.
Масъалаи муҳим дар хок муҳайё намудани зичии мусоид, ки дар мавриди он фаъолияти системаи решагӣ фаъол мегардад, ба ҳисоб рафта, зичии муътадили хок ба 1,1-1,2 г/см2 мутобиқат мекунад.
Аз сабаби он ки ҳангоми парвариши пахта гузариши чандинкаратаи тракторҳо (то 20 маротиба) ногузир аст, зичии хок дар нимаи дуюми нашвӣ дар бештари мавридҳо метавонад зиёдтар аз ҳадди имконпазир (1,5г/см3) бошад.
Аз тарафи дигар, вақте ки хок дар муддати дуру дароз ба чуқурии якхела (30 см) шудгор карда мешавад, зичии қабати зершудгор, бар асари ташаккул ёфтани қабати тагплуг, ғайриқаноатбахш мегардад, ки омили манфӣ ба ҳисоб меравад.
Тадқиқотҳо нишон доданд, ки системаи решагии зироатҳои хӯшадор (гандум, ҷав, сулӣ) дар заминҳои обёришаванда қабати хокро ба миқдори 0-20 см ва зироатҳое аз қабили пахта, юнучқа ва ҷуворимакка ба чуқурии 50-60 см рахна мекунанд. Аз ин рӯ шудгорро дар чуқурии муқаррарӣ (30 см) мебояд бо шудгори тавсиямона (30 см бо чаппагардонкунии қабат ба миқдори + 15 см чуқурхокронӣ) иваз намуд. Шудгор бо чуқурхокронӣ нисбатан самарабахш мебошад ва имкони баланд бардоштани ҳосили пахтаро ба миқдори 2,4 с/га дар хокҳои гидроморфӣ (тираи маргзорӣ, марғзории хокистарӣ, хокистарию марғзорӣ ва ғайраҳо) таъмин менамояд.
Ковоккунии чуқури хок ҳамчунин дар майдонҳое, ки барои юнучқа
ҷудо карда шудаанд, самарабахш буда, ҳосилнокии онро хело ҳам баланд мебардорад.
Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар мавриди коркарди чуқури хок
обгузаронии он беҳтар гашта, фаъолиятмандии биологии қабат ба миқдори 30-60 см баланд рафта, системаи решагии пахта ва юнучқа ғафсии зиёди хокро мегузарад.
Чунин коркарди хокро ба назар гирифта ба кишоварзон тавсия медиҳем:
Дар минтақаҳои бо шамолҳои сахт ва намнокиашон паст, заминҳое, ки обёриҳои шусташавандаро талаб мекунад, бо шудгор гузаронидани молакашии баҳорӣ зарур аст. Бо ин усул нигохдории намӣ беҳтар ба роҳ монда мешавад, ки барои ҳосил намудани майсазании саросарӣ аҳамияти муҳимро соҳиб аст. Барои он ки майдонҳо сатҳи баробарро соҳиб гарданд, шудгорро ба тарзи ҷӯякдору марзадор мегузаронанд. Қитъаҳои гардиширо пас аз ба итмом расондани шудгори тамоми майдон аз нав шудгор мекунанд.
Камбудие, ки дар хоҷагиҳои фермерӣ ба назар мерасад, ин ба як самт шудгор намудани қитъаҳои гардишии трактор мебошад. Бар асари ин хок аз канори майдон мекӯчад ва пастиҳо ба вуҷуд меоянд, ки сипас дар масофаи 10-15м аз канораи майдон зарурияти сохтани ҷӯйборҳои иловагиро ба миён меорад. Самти шудгори қитъаҳои гардиширо бо чунин ҳисобе бояд интихоб намуд, ки дар ҳар майдон ҳамвор сохтани қитъаҳои гардишӣ муяссар гардад.
Мудири шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозия: Аминов Ш.Р.
Телефон: +992918 69 39 55
Scroll to Top