БАХШИДА БА 9 — МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА
Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Ба хотири арҷгузорӣ 7-уми майи соли ҷорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Президенти Академия Салимзода Амонулло Файзулло ҷаласаро оғоз бахшида, дар баромади хеш қайд карданд, ки дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз садҳо ҳазор фарзандони ватандӯсту шуҷои Тоҷикистон низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, даҳҳо ҳазор нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд. Як қатор фарзандони тоҷик бо унвони Қаҳрамони иттифоқи Шӯравӣ, ордену медалҳо сарфароз гардидаанд.
Хизмати шоёни он абармардоне, ки солҳои 1941 -1945 ватану миллатро ҳимоя намуданд, ҳаргиз аз хотири ин миллати тамаддунофар фаромӯш нахоҳад шуд.
Бо ҳамин нияти нек президенти АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло ҳозиринро бори дигар бо иди Ғалаба табрик намуда, тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу намуд.