Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН.

Имрўз дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки президенти АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, аъзои вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло, кормандони Раёсат ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ ҷаласаи Раёсати академия баргузор гардид. Дар ҷаласа мавзуъҳои зерин: “Оид ба рақамикунонии фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи кишоварзӣ: ҳолати кунунӣ ва имкониятҳо”, “Оид ба ташхиси брутселлёзи чорвои кишоварзӣ бо усулҳои муосир” ва “Оид ба фаъолияти илмию истеҳсолии пойгоҳи Лахши Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар солҳои 2022-2023” мавриди баррасӣ қарор доштанд. Оид ба мавзуъҳои болозикр директори Институти иқтисодиёт ва таҳқики системавии рушди кишоварзии АИКТ академик Пиризода Ҷ.С., директори Институти тибби ветеринарии АИКТ номзади илмҳои ветеринарӣ Атовуллозода Р.А. ва директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ номзади илмҳои кишоварзӣ Толибов А.Қ. гузоришҳо пешниҳод намуданд. Баъди муҳокимаронӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарият ҷиҳати масъалаҳои баррсигардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 
Scroll to Top