БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ — ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАҲЗАРИ ИЛМИ КИШОВАРЗӢ” АИКТ.
18-уми июни соли ҷорӣ, дар толори Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба иҷрои банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ, Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, маҷлиси ҳисоботӣ — интихоботии ташкилоти ибтидоии “Маҳзари илми кишоварзӣ” баргузор гардид.
Дар кори маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Ғуломов Неъматулло, Сироҷов. С. , Набизода Ш. иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис, сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Маҳзари илми кишоварзӣ” – Салимзода Амонулло Файзулло оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд шунида шуд.
Дар қисмати музокираҳо аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Маҳзари илми кишоварзӣ” суханронӣ намуда, ҳисоботи раиси ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуданд
Дар рафти муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис – Президенти Академия илмҳои кишоварзи Тоҷикистон узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Махзари илми кишоварзӣ” интихоб гардида, доир ба он қарори дахлдор тасдиқ карда шуд.
Бо ҳамин тартиб, вобаста ба баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис Амиршозода Файзулло Сафар ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Махзари илми кишоварзӣ” интихоб гардид.
Дар ин радиф, ҷиҳати баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, номзадии раиси ташкилот – Салимзода А.Ф. ҳамчун вакил барои иштирок дар Конференсии 35-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул гардид.
Дар идома, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Ғуломов Неъматулло суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлатии миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.
Ҳамзамон, қайд намуданд ки дар бобати иҷрои босифати нақша – чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиёбии ҲХДТ, қабули сифатноки аъзо ба сафи ҲХДТ, танзими пурраи ҳаракаи аъзо ва дуруст ба роҳ мондани пардохти ҳаққи узвият ибрози назар гардид.