Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Илм ва инноватсия

РӮЗИ САҲРО ДАР МАВЗУИ «КОРКАРДИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ БАР ЗИДДӢ ҲАШАРОТҲОИ ЗАРАРРАСОН, КАСАЛИҲО ВА АЛАФҲОИ БЕГОНА»
Санаи 19 апрели соли 2024 дар шуъбаи ҳимояи растаниҳои Институти зироаткорӣ Рӯзи саҳро дар мавзуи «Коркарди зироатҳои кишоварзӣ бар зиддӣ ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва алафҳои бегона» баргузор гардид.Дар рӯзи саҳро намояндагони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва сохторҳои он, мутахассисону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ҳисор, мутахассисони хоҷагиҳои таҷрибавии «Зарни сор»,«Зироаткор», олимон, магистрон ва унвонҷӯён инчунин ВАО иштирок карданд.
Мақсади асосӣ баргузори Рӯзи саҳро ин амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.
Дар оғози кори Рӯзи саҳро директори Институти зироаткории АИКТ академик Асозода Н.М., мақсади асосии гузаронидани Рӯзи саҳро мухтасар маърӯза карданд. Қайд карда шуд, ки аз рӯи маълумотҳои мутахассисон ҳамасола аз таъсири манфии зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои бегона 25-30 % ҳосил талаф меёбад. Яке аз чорабиниҳои асосие, ки барои баланд бардоштани ҳосил ва сифатнок будани маҳсулоти зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад, ин ташкили мақсаднок ва оқилонаи мубориза бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳо мебошад.
Дар Рӯзи саҳро мудири шуъбаи ҳимояи растаниҳо Фозилҷонов А.Н., оид ба вазъияти кунунии ҳолати фитосанитарии зироатҳои кишоварзӣ ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва алафҳои бегона маълумот дод.
Аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмиву тадқиқотии шуъбаҳо ва маълумотҳои дигар хоҷагидорони ноҳияҳои кишвар маълум гашт, ки солҳои охир аз ҳашаротҳои зараррасон:шулук, ганданафасак, рандаҷаи танаи гандум ва махсусан гамбусаки лалмӣ ва аз алафҳо бегона бошад, мушунги ёбоӣ, бомуси ёбоӣ, лолаи даштӣ, талхак, рапс зарари ҷидди расонида боиси ташвиши хоҷагидорон шудааст.
Сабабҳои асосии зиёдшавии ҳашаротро дар он мебошад, ки солҳои 2020-2023 масъулини хоҷагидорон дар ғаллагиҳо, лӯбиёгиҳо, зироатҳои равғандиҳанда барзидди ҳашаротҳо чораҳои мушаххас надидаанд. Коркарди кимиёвӣ ба сифат гузаронида нашудааст,.киштгардон ва агротехникаи зироатҳоро пурра риоя накардаанд.
Оид ба касалиҳои асосии зироатҳои ғаллагиҳо ва лӯбиёгиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо н.и.б Уроқов Б.Э баромад намуд.
Инчунин аз ҷониби н.и.к.Давлатов Б оид ба навҳои серҳосили ба касалиҳо устувори зироати гандум маълумоти мухтасар дода шуд.
Ҷиҳат илман асоснок истифодабарии нуриҳои маъданӣ ва органикӣ дар парвариши зироатҳои ғаллагиҳо,лӯбиёгиҳо ва равғандиҳанда.ходими калони илмии шӯъбаи кимёи агрономӣ Мусоев А тавсияҳо муфид пешниҳод намуд.
Оид ба самаранок истифодабарии техникаҳои замонавӣ дар коркарди кимиёвии зироатҳои кишоварзӣ пешниҳоди директори Маркази илмии механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, н.и.т Сафаров М шунида шуд.
Инчунин дар рафти Рӯзи саҳро иштирокчиён оид ба проблемаҳои ҳалталаб дар ҳимояи растаниҳо; дастрас ва истифодаи заҳрхимикатҳо, назорати сифати он, безараргардонии зарфҳо ва заҳрхимикатҳои мӯҳлати истифодааш гузашта, таъсири он ба муҳити зист, ташкили ситодҳои бақайдгирии паҳншавии ҳашароту касалиҳо, тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳа суханрони намуданд.
Бо дар назардошти пешниҳодҳои иштирокчиёни Рӯзи саҳро қарор қабул карда шуд:
— Вусъат бахшидан, кори Ситодҳои (штабҳои) мубориза бар зидди зараррасонҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳо;
— Баҳисобгирии дараҷаи осеббинии зироатҳои кишоварзӣ: ғаллагиҳо, лӯбиёгиҳо, меваю сабзавот ва боғу токзорҳо,чарогоҳҳо дар вилояту ноҳияҳо;
— Пешгуи кардани (прогноз) паҳншавии ҳашарот ва касалиҳо;
— Ташкили чорабиниҳо бар зидди касалиҳо, зараррасонҳо ва амалӣ намудани он дар вилояту ноҳияҳо;
— Назорати давлатии заминистифодабарандагон оид ба иҷрои сифати корҳои (чорабиниҳои) бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо, алафҳои бегона ва ғайра;
— Назорати доимии қоидаҳои нигаҳдори, кашонидан ва истифодабарии заҳрхимикатҳо;
— Назорати доими ҳифзи муҳити зист;
— Дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илм;
— Омода кардани мутахассисони ҳимояи растаниҳо;
— Бозомузии мутахассисони соҳа;
— Ташкил кардани курсҳои кӯтоҳмуддат оид ба ҳифзи растаниҳо бо иштироки олимони соҳа барои ҳочагидорон(фермерҳо);
— Таъмини иҷрои Қарору супоришҳои Ҳукумат доир ба ҳифзи растаниҳо;
— Пешниҳоди Барномаҳои илман асоснок ҷиҳати беҳдошти ҳимояи растаниҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ;
Scroll to Top