Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон

Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ”

Санаи 7-уми июни соли 2024 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ” баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, магистранту докторант PhD, донишҷӯён ва олимони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, дигар донишгоҳу донишкадаҳо ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Конференсия тибқи қарори Раёсати АИКТ аз 30 январи соли 2024, №4 “Дар бораи Нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ барои соли 2024”, бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиши илмӣ баррасии дастовардҳои олимони Академия, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ буд.

Олимону мутахассисони ҷавони соҳа, дар заминаи арзишҳои илмӣ дар конференсияи имрӯза гузоришҳо дода, иштирокчиён оид ба саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.

Scroll to Top