Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, яке аз амалҳои неки инсонӣ мебошад.

Ба мақсади ҳамаҷониба амалӣ гардонидани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо муносибати 33 — юмин солагии истиқлолияти давлатӣ ба 31 нафар кормандони эҳтиёҷманд  кумаки моддӣ аз қабили орду равған, шакар ва дигар маводи ғизоӣ расонида, ҳамзамон баҳри таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза барои захира намудан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, барои кормандон, аз ҳисоби хоҷагиҳои таҷрибавии академия бо нархҳои аз 20 то 50% нисбати бозор арзон дар назди бинои Академия намоиши ярмака – фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуд.
Амали мазкур гувоҳи он аст, ки раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати кишвар бобати хидмат ба ниёзмандон, эҳтиёҷмандон ва маъюбон пайваста талош меварзад.

 

Scroll to Top