Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон

Маҷлиси Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар 6 моҳи соли 2024.

Санаи 8 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Академия, маҷлиси Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар 6 моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самиев Алишер, намояндаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, роҳбарону кормандони муассисаҳои илмӣ ва зерташкилотҳои АИКТ, инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор ва ВАО иштирок доштанд.

 

 

 

 

 

 

Қабл аз оғози ҷаласа  меҳмонон аз намоши дастовардҳои муассисаҳои илмии Академия дар 6-моҳи соли ҷори ва гармхонаҳои навбунёди замонавӣ дидан намуданд.

 

Нахуст президенти АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба даргоҳи академияи илмҳои кишоварзӣ хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, ноиби президенти Академия  Амиршозода Файзулло аз натиҷаи фаъолияти муассисаҳои илмии Академия дар шаш моҳи соли 2024 ахбори муфассал пешиҳоди иштирокчиён гардонид.

Зикр намуданд, ки олимони муассисаҳои илмии Академия дар шаш моҳи соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 6 нахустпатент, 26 шаҳодатномаи муаллифии дастоварди селексионӣ дар соҳаи растанипарварию чорводорӣ ва 13 шаҳодатномаи ихтироъкорӣ, 2 хабарномаи мусбат ва 2 қарор барои додани нахустпатент гардида, 9 арзнома барои гирифтани патенту нахустпатент пешниҳод намуданд. Инчунин, аз ҷониби олимони Академия 1 навъи пахтаи миёнанах ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш супорида шуд.
Дар муҳокимаи масъалаҳо олимон ва аъзоёни академия фаъолияти 6-моҳаи АИКТ-ро мусби арзёбӣ намуда, барои беҳтар намудани корҳои илмӣ таҳқиқоти дар муассисаҳои илмӣ таклифу пешниҳодҳо намуданд.
Дар охир намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент , Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон  таъкид намуданд, ки олимони соҳа ҷиҳати баланд бардоштани сифату самарабахшии таҳқиқот, татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияи инноватсионӣ дар истеҳсолот, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорвои кишоварзӣ, самаранок истифода намудани ҳар як порча заминҳои дар ихтиёрдошта, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои дар саҳро буда ва кишти такрорӣ, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ барои рушди илми соҳавӣ, дастгирӣ намудани кадрҳои лаёқатманди ҷавон ва зиёд намудани истеҳсоли маводи ватании тибби ветеринарӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

 

 

 

 

 

 

 

Раёсат ва олимони муассисаҳои илмии Академия аз тамоми захираю имкониятҳо самаранок истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024) ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баён доштанд, инчунин барномаҳои давлатии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми босазои худро гузоранд.

Scroll to Top