Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

СОЛИ 2024 – “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

СОЛИ 2024 – “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.
Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” маълум аст, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 30. 12. 2023, № 668, ба имзо расид. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони зикршуда дар тамоми муассисаву корхонаҳои давлатӣ семинарҳо, мизи мудаввар ва конференсияҳо баргузор шуда истодааст.
Дар доираи ин 23 майи соли равон бо ташаббуси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону кормандони муассисаҳои илмии он бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “ Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҷамъомад баргузор гардид.
Нахуст ба кори ҷаласа ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амиршозода Файзулло Сафар ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бахшида ба 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсия эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» беҳуда нест, зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаъҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлол мебошад.
Дар идома намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳимматзода Назрӣ Давлатшо дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» ва дар бораи пешгирии омилҳои қонуншиканӣ дар соҳаи замин ва заминистифодабарӣ баромад намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Сипас сармутахассис оид ба ҳуқуқи АИКТ Холзода У.Н. дар мавзуи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ва роҳои амалигардонии он дар АИКТ ва муассисаҳои илмии он” суханронӣ намуд.
Инчунин, сармутахассис оид ба магистрантура, аспирантура ва докторантура Аъзамов У.О. дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун мавзуи асосии “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ҳақёров Д.М. сармуҳандиси АИКТ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб”. баромад намуданд .

Дар ҷараёни машварат оид ба мавзуъҳои матраҳгардида мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мақсад аз баргузории чунин ҷаласа ва ҷамомадҳо, ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани падидаҳои ҳуқуқии инсон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, адолатпарварӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Ҳамин тавр, бо эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ» баҳри баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои зиёде дар мамлакат амалӣ шуда, дар ин замина ҷиҳати демократикунонии ҷомеа, иҷтимоикунонӣ, ташаккулдиҳии шуури мардум, тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ қадамҳои усувор гузошта мешаванд.

 

Scroll to Top