Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён ҳамаи шуморо ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, бароятон қабл аз ҳама хонаи обод, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва иқболи баландро орзу менамоем.
Боиси хурсандист, ки имсол мо ҷашни фархундаи 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тинҷию осудагӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамдилӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз кишвари озоду соҳибистиқлол бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо руҳияи баланди ватандорию ватанпарастӣ ҷашн гирифта истодаем.
Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт аст.
Дар ин маврид муҳтарам Пешвои миллат барҳак зикр намуданд: “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.” Мо дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш меравем.
Дар шароити муосири давлатдории миллиамон бешубҳа метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сўйи зиндагии орому осуда, эъмори давлати соҳибихтиёр роҳи васеъ кушояд. Дар иртибот бо ин яке аз беҳтарин дастовардҳое, ки дар заминаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ба даст омад, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки имсол 30 – солагии қабули онро ҷашн мегирем. Дар моддаи аввали ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуда, Тоҷикистон бо иродаи мардуми шарафмандамон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.
Аз ин лиҳоз, бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!
Бо ифтихору арҷгузорӣ аз истиқлолият – ҷавҳари ҳаёти имрӯзаамон таманнои онро дорам, ки осмони Ватанамон софу рӯзгорамон обод, саодату пирӯзӣ ва комёбиҳои беназири меҳнатӣ насибамон гардад.
Бигузор, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи халқамон нуфузи Ватани азизамон – Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад.
Рӯзи истиқлол муборак бод!