Рӯзи 20 майи соли 2025 Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, аъзои вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло ҳайати Маркази федералии илмии агробиотехнологии Сибири Академияи илмҳои Россияро бо роҳбарии директори Марказ, доктори илмҳои биологӣ, профессори АИР, узви вобастаи АМР Голохваст Кирилл Сергеевич ба ҳузур пазируфт.
Салимзода Амонулло Файзулло зикр намуданд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо аз замонҳои қадим оғоз ёфта, то имрӯз бо асоси санадҳои байнидавлатӣ ва созишномаҳои дуҷонибаи байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият идома доранд.
Дар мулоқот олимони соҳаи чорводорӣ, боғу токпарварӣ, тибби ветеринарӣ, зироаткорӣ ва иқтисодӣ аз Муассисаи давлатии буҷҷетии илмӣ Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Сибири Академияи илмҳои Россия ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Президенти Академия Салимзода А. Ф. зимни баромади худ иброз доштанд, ки Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманди муштарак бо муассисаҳои илмии Федератсияи Россия аҳамияти хоса медиҳад. Тули солҳои охир бо як қатор муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии Федератсияи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов (дар самти омодасозии магистрҳо ва докторантҳо), бо Институти хокшиносии ба номи В.В. Докучаев (оид ба таҳқиқоти илмии муштарак ва мубодилаи таҷриба), бо Донишгоҳи давлатии аграрии Россия ба номи К.А. Тимирязев (дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ ва мутахассисон), бо Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ба номи А.А. Ежевский (дар самти тайёр ва такмили ихтисоси мутахассисон), бо Донишгоҳи давлатии Ҷануби Урал (дар самти таҳсилот ва пажӯҳишҳои илмӣ), бо Маркази федералии ҳифзи ҳайвонот (дар самти ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятии ҳайвонот), бо Пажӯҳишгоҳи умумирусиягии илмӣ-таҷрибавии ветеринарӣ ба номи К.И. Скрябин (дар самти омодасозии кадрҳои илмии соҳаи ветеринарӣ) ва дигар муассисаҳо.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо институтҳои соҳавии Россия олимони Академия 7 зоти ҳайвоноти кишоварзиро офаридаанд ва ин зотҳо васеъ ба истеҳсолот ҷорӣ гардида, сол то сол шумораи онҳо меафзояд. Ҳамчунин, дар асоси таҳқиқоти муқоисавӣ зотҳои сермаҳсул ва кроссҳои мурғҳои тухмдиҳанда, гӯштӣ, бедона ва кабк муайян ва ба истеҳсолот ҷорӣ карда шуданд. Давоми солҳои охир як қатор доктору аспирантони Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои докторӣ ва номзадии худро дар муассисаҳои илмии Федератсияи Россия аз рӯйи самтҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва тибби ветеринарӣ дифоъ карданд.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар оянда ҳамкории худро бо Маркази федералии илмии агробиотехнологии Сибири Академияи илмҳои Россия дар самтҳои муҳими муҳандисии генетикӣ ва биотехнология, таҳияи якҷояи доруҳои ветеринарӣ, селексия ва генетикаи растаниҳо, меваҷот ва чорво, табодули тухмиҳо, омодасозии кадрҳои илмӣ ва мутахассисон, такмили ихтисоси онҳо, инчунин гузаронидани конфронсу семинарҳои муштарак ва нашри мақолаҳои илмӣ идома хоҳанд дод.
Дар ҷараёни мулоқот Созишномаи ҳамкории илмӣ — техникӣ ба имзо расид. Ин санад заминаи мустаҳками ҳамкориро дар соҳаҳои илм, таълим ва технология байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бахши илмҳои кишоварзӣ ва биотехнологӣ мегузорад. Бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи агробиотехнология бо Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Сибир ҳамкориҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар фарҷоми вохурӣ меҳмонон бо медали ҷашнии “30 — солагии АИКТ”, дипломи “Доктори фахрӣ” ва ифтихорномаҳои муассисаҳои илмии Академия қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, барои тақвияти ҳамкорӣ кормандони беҳтарини Академия аз ҷониби муассисаҳои илмии Федератсияи Россия бо дипломи фахрии Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Сибири Академияи илмҳои Русия ва медали ба номи Сенягина И. И. “Барои хизмати шоён дар тараққиёти илми аграрии Сибир” сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи иттилооти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон