Дар таърихи 18 марти соли 2025 президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимия бо аспирантон ва доктор PHD-и курсҳои 2-3-юми муассисаҳои илмии АИКТ вохурӣ намуданд.
Зимни вохурӣ президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ Салимзода А.Ф. қайд карданд, ки қабули “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №264 тасдиқ шудааст саривақтӣ буда, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ бояд такони ҷиддӣ бахшад.
Бояд тазаккур дод, ки рафти иҷрои Барномаи мазкур санаи 26.11.2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 06.12.2024 дар назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд. Аз рафти таҳлилҳо муайян гардид, ки рафти иҷрои Барнома қонеъкунанда нест, алалхусус дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба қабул ва хатм ба магистратура, аспирантура, докторантураи фалсафа (PhD) — докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура ва ҳимояи онҳо.
Дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон соли 2015 зинаи магистратура ва соли 2019 докторонатураи РhD таъсис дода шудааст, ки тавассути онҳо барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ магистрону докторантон қабул карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон зери таваҷҷуҳи хосаи сиёсати илм ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамин аст, ки ташаббуси ҷавонон пайваста дастгирӣ меёбад. Боиси хушнудист, ки дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва муҳаққиқони ҷавон равона гардидааст. Ҳамасола стипендияи муҳақиқони ҷавон бо андозаи 20 % зиёд карда мешавад. Имрӯз ҷавобан ба ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як мову Шуморо зарур аст, ки донистани забонҳои хориҷӣ аз худ намуда корҳои илмии таҳқиқотиро дар сатҳи баланд иҷро намоед