Имрӯз бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ бо ибтикори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар саҳни бинои АИКТ ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ барои кормандони АИКТ ва муассисаҳои зертобеи он ташкил карда шуд.
Ярмаркаи мазкур бо мақсади таъмини кормандон бо маҳсулоти ниёзи авалия дар фасли зимистон ва захираи он ташкил гардида, бо нарххои 15-20% аз бозор арзон ба кормандон пешкаш карда шуд.
30.12.2024