Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Шарҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 январи соли 2025 оид ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маҷлиси васеи Раёсати АИКТ бо иштироки роҳбарону кормандони муассисаҳои илмӣ, дастгоҳи марказии Академия ва ВАО баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи президенти АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло ҳусни оғоз бахшида қайд намуданд, ки соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ метавон гуфт, ки тамоми тадбирҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар Паём баён гардиданд, маҳз ба хотири ҳифзи сулҳу субот, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, амният, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлоли давлатӣ, беҳтар намудани сатҳи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани нуфӯз ва эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудааст.

 

 

Сипас, ноиби президенти АИКТ Амиршозода Файзулло оиди самти кишоварзӣ ва таваҷҷуҳи сарвари давлат нисбати соҳа, инчунин баланд бардоштани маош, Пиризода Ҷалил Сафар — директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ, сардори шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ Ҷумаев Шуҳрат оид ба самти илму маориф ва ҳуқуқшиноси Академия Холзода Умар вобаста ба самти сиёсӣ нуқтаҳои паёмро шарҳ доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Роҳбари Академия ҳозиринро вазифадор намуданд, ки фаъолияти илмию истеҳсолиашонро тибқи ҳидоятҳои дар Паёми Сарвари давлат ироашуда ба роҳ монда, нақша чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин намоянд. Барои баланд бардоштани натиҷаҳои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои илмӣ ва зерсохторҳои он соли 2025-ро “Соли рушди илми кишоварзӣ ва технологияи инноватсионӣ” эълон намуданд.

Scroll to Top