Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2025

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2025
8 апрели соли 2025 бо иштироки васеи роҳбарону кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии он ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид.
Нахуст президенти Академия Салимзода Амонулло ҷаласаро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки имсол дар ҳаёти Академия воқеаи бузурги таърихӣ ба амал омад. Зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо вилояти Суғд мо тавонистем дастовардҳои илмии Академияро ба Пешвои миллат муаррифӣ намоем.


Президенти мамлакат баъди шиносоӣ ва суҳбат бо робарону олимони муассисаҳои илмии Академия оид ба рушди соҳа ва дар заминаи институтҳои масоили амнияти биологӣ ва биотехнология ва тибби ветеринарӣ ба роҳ мондани хати истеҳсолии ваксинаҳои ватаниро баҳри пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот дастгирӣ намуда, соторҳои марбутро вазифадор карданд, ки дар ҳалли масъалаи мазкур мусодат намоянд. Барои дар сатҳи баланд ташкил намудани гушаи дастоварҳои илмии Академия Салимзода Амонулло ба роҳбарону олимон ва кормандони муассисаҳои илмӣ миннатдорӣ изҳор кард.
Сипас, оид ба натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар се моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм ноиби президенти АИКТ Амиршозода Файзулло ахборот дод.
Раёсат ва муассисаҳои илмии Академия фаъолияти илмиву созмондиҳӣ ва хоҷагидории худро дар соли 2025 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030”, Барномаи давлатии рушди АИКТ барои солҳои 2021-2025, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024), дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва нақшаи чорабиниҳои амалии “Соли рушди илми кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ” ба роҳ мондаанд.
Инчунин, амалисозии барномаҳои давлатии рушди бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ дар беҳтар намудани сифат ва самарабахшии таҳқиқоти илмӣ, тарбияи олимони ҷавон, беҳсозии пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои илмию хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва татбиқи васеи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот дар сархати кору фаъолияти Академия қарор доранд.
Дар муассисаҳои илмии Академия баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таҳқиқот тибқи 59 мавзуи фармоишӣ, 6 барномаи байналмилалӣ ва 3 лоиҳа тибқи Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ идома дошта, дар зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ қитъаҳои таҷрибавию намоишӣ ташкил гардида, дар онҳо омӯзиши усулҳои муосири селексияи зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, технологияи парвариши онҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бар зидди касалиҳою зараррасонҳои зироату чорво ва ғайра гузаронида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Аз ҷониби муассисаҳои илмии Академия 49 лоиҳаи фармоишӣ бо мақсади гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2026-2030 ба Шурои ҳамоҳангсозии КИТ пешниҳод карда шуд.


Олимони муассисаҳои илмии Академия дар се моҳи соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 1 нахустпатент, 3 шаҳодатномаи муаллифӣ, 2 қарору 1 хабарномаи мусбат гардида, 1 арзнома барои гирифтани патенту нахустпатент пешниҳод намудаанд. Инчунин, аз ҷониби олимони Академия 1 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи пешпаз ба Комиссияи давлатии озмоишии навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш супорида шудааст. Аз рӯи ин масъала ахбори директорони институтҳои масоили амнияти биологӣ ва биотехнология, тибби ветеринарӣ, иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ ва маркази миллии захираҳои генетикӣ шунида шуданд.
Оид ба иҷрои “Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар солҳои 2021-2024 ва семоҳи соли 2025 саркотиби илми АИКТ Ниъматов М. баромад кард. Ниъматов М. аз ҷумла қайд намуд, ки бо мақсади рушди минбаъдаи Академия беҳтар намудани сифату самаранокии таҳқиқот дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ва таъмини рақобатпазирии дастовардҳои илмӣ дар шароити муосир, васеъ намудани тарғибу татбиқи натиҷаҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, мусоидат намудан ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2021, №171 “Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тасдиқ гардидааст, ки иҷрои он идома дорад.
Барнома аз 7 боб, 50 банд ва 4 замима иборат мебошад. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи мазкура аз 7 банд иборат буда, дар солҳои 2021-2024 ва семоҳи соли 2025 дар муассисаҳои илмии Академия корҳои мақсаднок иҷро гардиданд.
Олимони муассисаҳои илмии Академия дар давраи амалигардии Барнома аз соли 2021-2024 то се моҳаи соли 2025 доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 23 патенту нахустпатент, 112 шаҳодатномаи муаллифии ихтироъкорӣ дар соҳаи растанипарварӣ ва ҳуқуқи селексионерӣ, 16 хабарномаи мусбат ва 11 қарор барои додани нахустпатент гардида, 15 арзнома барои гирифтани патенту нахустпатент пешниҳод намуданд.
Дар муассисаҳои илмии Академия баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таҳқиқот тибқи 59 мавзуи фармоишӣ, 6 барномаи байналмилалӣ ва 3 лоиҳа тибқи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ идома дошта, дар муассисаҳои илмӣ ва зерташкилотҳои онҳо қитъаҳои таҷрибавию намоишӣ ташкил гардида, дар онҳо омӯзиши усулҳои муосири селексия ва тухмиарварии ибтидоӣ, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои зироату чорво ва ғайра гузаронида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии таҳқиқоти илмӣ дар муассисаҳои илмии Академия сатҳи таъмини моддию техникии озмоишгоҳҳо беҳтар гардида, ба иҷрои таҳқиқоти илмӣ зиёда аз 287 доктору номзадҳои илм, 14 аъзои Академия, 134 докторант PhD, 196 магистр ва 96 нафар унвонҷуй сафарбар гардидаанд.
Барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони илмӣ дар давоми солҳои 2021-2024 ва се моҳи соли 2025 ҷиҳати иштирок дар курсҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, ҳимояи рисолаи докториву номзадӣ 56 нафар ходими илмӣ ба 22 мамлакати хориҷӣ сафарбар шуданд.
Бояд қайд намуд, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои дар “Барномаи давлатии рушди АИКТ барои солҳои 2021-2025” овардашуда, дар давраи солҳои 2021-2024 ва се моҳи соли 2025 дар муассисаҳои илмии Академия дар умум: гирифтани патентҳо – 68%, шаҳодатномаҳои ҳуқуқи селексионию беҳсозӣ – 190%, офаридани навъҳои зироатҳои кишоварзӣ – 292%, зоту типҳои чорво ва дурагаҳои пилла – 167%, коркарди намуди ваксинаю доруҳои ветеринарӣ – 94%, нашри китобу монография ва брошураҳо – 195% ва нашри тавсияю дастурҳо 85% иҷро гардидааст.
Иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар давоми солҳои 2021-2024 ва се моҳи соли 2025 дар умум 156%-ро ташкил медиҳад.
Раёсат ва муассисаҳои илмии Академия кушиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри ба пуррагӣ иҷро шудани нақшаи чорабиниҳои амалишавии “Барномаи давлатии рушди АИКТ барои солҳои 2021-2025” дар соли ҷамъбастӣ 2025 чораҳои заруриро андешанд.

Оид ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ ахбори сардори шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмии АИКТ Ҷумаев Ш.Н.ба сухан баромада, қайд кард, ки масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва кадрҳои баландихтисоси илмӣ яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Айни замон, Академия тибқи Иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ Т-ИФ №0004039 аз 23.08.2023, рақами бақайдгирӣ 482 дар зинаи магистратура аз рӯйи 18-ихтисос, доктор PhD-аз рӯйи ихтисос 33-ихтисос ва аспирантура аз рӯйи 20 ихтисос қабулро ба роҳ мондааст.
Тибқи нақша соли 2021 аз 166 нафар ба зинаи магистратура 36 нафар қабул гардид, ки – 21,7%, соли 2022 аз 109 нафар 27 нафар – 24,8%, соли 2023 аз 133 нафар 26 нафар – 19,5% ва соли 2024 аз 147 нафар 42 нафар – 38,6%-ро ташкил медиҳад.
Дар зинаи докторантураи PhD бошад соли 2021 тибқи нақша аз 192 нафар 23 нафар қабул гардид, ки – 11,9%, соли 2022 аз 169 нафар 18 нафар – 10,6%, соли 2023 аз 144 нафар 30 нафар – 20,8% ва соли 2024 аз 157 нафар 13 нафар – 8,3%-ро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар бахшҳои магистратура 65 нафар, докторантура PhD — 50 ва унвонҷӯй 30 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Яке аз сабабҳои иҷро нашудани нақшаи қабул дар зинаҳои магистратура ва докторантура ин нагузаронидани вохӯриҳо бо хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳо ва корҳои тарғибу таблиғотӣ ҷиҳати ҷалби онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар пеш давраи хатми донишҷӯён аст роҳбарони муассисаҳо бояд то давраи хатм бо хатмкунандагон вохӯриҳо гузаронида, ҷавонони лаёқатмандро ба корҳои илмӣ ҷалб намоянд.
Мо вазифадорем, ки ҷиҳати бартараф намудани норасогии кадрҳои илмӣ, рушду мактаби илмии олимон, баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотии муҳаққиқони ҷавон, интихоби мавзуи мубрами соҳа ва сари вақт ба ҳимоя пешниҳод намудани рисолаҳои илмӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешем.
Дар охир президенти Академия Салимзода Амонулло натиҷаи фаъолияти кормандони академия ва сохторҳои онро қаноатбахш баҳо дода, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор карданд.

Scroll to Top