Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ ИЛМӢ

АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ ИЛМӢ
Санаи 11 декабри соли 2024 дар толори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон вохӯрии президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло бо хатмкардагони докторантураи PhD ва роҳбарони илмии онҳо баргузор карда шуд.
Қайд гардид, ки қабули “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №264 тасдиқ шудааст саривақтӣ буда, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ бояд такони ҷиддӣ бахшад.
Дар ин робита президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло таъкид намуд, ки масъалаи асосии мо дар раванди амалишавии барномаи мазкур ин танзими раванди таълим дар зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантураи PhD мебошад.
Зеро омодасозии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва кадрҳои баландихтисоси илмӣ яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин вазифаи пуршараф ва пурмасъулият водор месозад, ки дар таълиму тадриси ҷавонон ҷиддӣ, сахтгир ва серталаб бошем, то баҳри ояндаи дурахшони давлат кадрҳои арзанда омода шаванд.
Имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди бо суръати технологияи муосир рақобати кадрҳои баландихтисосро дар бозори ҷаҳонӣ талаб менамояд.
Бинобар ин, бори дигар ба тамоми роҳбарони муассисаҳои илмии Академия ва роҳбарони илмии докторантони PhD супориш дода шуд, ки оид ба омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро ин масъала аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30-юми майи соли 2024 таъкид гардида буд.
Ҳамзамон дар қарори ҷаласаи имрӯза муҳлати пешниҳоди рисолаҳои тайёр ва ҳимояи пешакӣ ва асосӣ мукаррар карда шуд. Таъкид шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 раванди иҷрои Барнома бори дигар баррасӣ мешавад, то ба натиҷаҳои хуб ноил шавем.
Scroll to Top