Рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ маҷлиси Раёсат Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид, дар ҷаласа роҳбарият, аъзоёни раёсат, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва зерсохторҳои он иштирок доштанд.
Дар ҷаласа се масъала аз ҷумла “Оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва шахсии ёрирасони шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ”, “Оид ба мониторинги хокҳои шӯршуда ва роҳҳои беҳдошти ҳолати мелиоративии онҳо дар шароити вилояти Хатлон” ва “Оид ба фаъолияти илмию истеҳсолӣ ва молиявии хоҷагии таҷрибавии “Сунбула”-и Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар солҳои 2022-2024 ва вазифаҳо барои соли 2025” матраҳ гардиданд.
Пас аз баррасии мавзӯҳо, Салимзода Амонулло Файзулло президенти АИКТ роҳбарони муассисаҳои илмиро вазифадор намуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳқиқот, беҳтар намудани татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот ва мунтазам пешниҳод намудани тавсияҳои илман асоснок оид ба технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба хоҷагидорон тавассути семинар, рӯзҳои саҳроӣ ва фермерӣ, чораҳои зарурӣ андешанд.
Президенти АИКТ ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон дар охири ҷаласа оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзоёни раёсат, роҳбарони муассисаҳои илмии АИКТ расонида шуд. Таъкид карда шуд, ки тайёрии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дида шавад. Дар охири сол ба масъалаи дастгирии ятимону шахсони камбизоат дар доираи имкониятҳо ёрӣ расонида шавад. Барои ҷамъбасти муваффақонаи сол тадбирҳо андешида шавад.